Вохӯрӣ11-01-2017, 09:25
Хабарро хонданд: 217 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд вохӯрии кормандон бо мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мукаррама Неъматова бо мақсади омӯзиши мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Зимни вохӯрӣ намояндаи ҳизб оид ба самтҳои асосии Паёми навбатии Сарвари давлат, дар бораи дастовардҳои соли сипаришуда, ки дар сафҳаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо воқеаҳои фараҳбахш - таҷлили сазовори ҷашнҳои умумимиллӣ, бунёди иншоотҳои азим, татбиқи лоиҳаҳои сарнавиштсоз мавқеи сазоворашро ишғол намуд, сухан кард. Ҳамзамон дар Паём дурнамо барои солҳои оянда, қабул ва эълон гардидани Даҳсолаи байналмиллалии амалиёти «Об барои рушди устувор» ва соли 2017 - Соли Ҷавонон, ки моро ба фаъолнокӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагиву бунёдкорӣ даъват менамояд, махсусан қайд гардид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.