Имрӯз ҳавои ҷумҳурӣ софу беғубор мешавад10-01-2017, 11:28
Хабарро хонданд: 291 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 10.01.2017/АМИТ «Ховар»/. 10 январ дар пойтахти кишвар ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 3 то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 12 то 14 дараҷа гарм мешавад. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи асосан бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 17 то 22 дараҷа ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 23 то 28 дараҷа ва рӯзона аз 12 то 17 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар вилояти Xатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, фаромадани туман пешгӯйӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 5 то 10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш бо назардошти фаромадани туман ба қайд гирифта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 16 то 21 дараҷа ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 13 то 18 дарача ва рӯзона то 5 дараҷа сард мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.