Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » «Анабасис» ва дигар «шоҳкориҳо» устура ё ҳақиқат?

«Анабасис» ва дигар «шоҳкориҳо» устура ё ҳақиқат?

20-12-2016, 15:17
Хабарро хонданд: 417 нафар
Назарҳо: 0
«Анабасис» ва дигар «шоҳкориҳо» устура ё ҳақиқат?

Таърихи инсоният аз ҳодисот бисёр ғанист, ки бархе аз онҳо ҳатто баъд аз гузаштани ҳазорҳо сол ба мафкураи муосирон таъсир мерасонанд. Дар баъзе маврид онҳо то андозае хусусияти «сакралӣ», яъне «муқаддас» мегиранд ва дар тамаддуну фарҳанги гуногун нақшгузор ҳам ҳастанд. Ҳоло миёни сойири миллатҳо устураву ҳамосаҳо ва ҳаводиси зиёди таърихӣ вуҷуд доранд, ки дар ташаккули зеҳният ва давлатсозиву давлатдории онҳо сахт таъсиргузор ҳастанд. «Носталгия» оид ба «гузаштагони бузург» баъзан маврид ҷиноят ба ҳақиқатро мемонад. Масалан, ҳоло ҳам муғулони муосир аз исми Чингизхон-қотили миллатҳо тафохур доранд ва онро намунаи адолату матонат ва шукуҳи миллӣ медонанд, барои маҷориҳо Атилла-доҳии қабилаҳои кӯчиву ваҳшии гунн (ки дар Аврупои ҳамондавра ӯро «қамчини Худо» меномиданд) азизу муътабар аст ва мисолҳои монанд ба ин. Ин ҷо мо мехоҳем оид ба ҳаводисе нақл кунем, ки то андозае мафкураи ғарбиро ташаккул додаанду раванди тамаддунии онро муайян сохтанд. Юнони Қадим гаҳвораи тамаддуни Аврупо ва умуман Ғарб маҳсуб меёбад ва илму фарҳангу меъморӣ афсонаву устураву ҳаводиси таърихии он «сардафтар»-и ҳамаи «корнамоӣ»-ҳои ин қитъа маҳсуб меёбанд. Чун дар ин асотир ҷадди бузурги ориёии мо ва Ҷаҳони Бузурги Эронӣ манфӣ ба қалами тасвир кашида шудаанд, мо наметавонем лаб аз ифшои он фурӯ бубандем.

Инак, устураи аввалин. «Анабасис»-и машҳур. Юриши кироягони юнонӣ ба Осиёи Сағирро, ки дар асари Ксенофонт бо ин ном ба тасвир кашида шудааст, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон аз ҳодисаи бузурги таърихие номид, ки ба тақдири мардумони Дунёи Қадим таъсири ҳалкунанда расонидааст. Аммо барои юнониён он ҳамеша аз ҳамосаи мардонагӣ маҳсуб меёфт.

Фишурдаи қисса чунин аст: сарбозони кирояи юнонӣ, ки шумораашон тақрибан 13000 буд, ба артиши калоне, ки соли 401 то милод шаҳзода Куруши Хурдӣ бо мақсади сарнагун кардани бародари калониаш-Ҳашиёршоҳ (Артаксеркс)-и 2 ҷамъ оварда буд, ҳамроҳ шуданд. Дар набарди ҳалкунанда назди мавзеи Кунакс Куруш ҳалок мегардад. Стратег (фармондеҳ) ва қумондони саворагони Ҳашиёршоҳ-Тиссаферн бо макру фиреб сардорони артиши юнониро ба қатл мерасонад. Аммо кироягон матонат нишон медиҳанд ва силоҳ намесупоранд… Баъд аз хатарҳои марговар, оворагардиҳо ва маҳрумияти зиёд ба эллинҳо муяссар мегардад ба Ватанашон бозгарданд.
Маҳз нуктаи охирин, ҳамчунин аҷибии худи ҳодиса ва ҳолатҳои номаълуми ба он алоқаманд ба зеҳнияти ҳама он афроде, ки ба таърихи Дунёи Қадим шавқ доранд, сахт таъсир гузоштааст.


Яке аз нишондиҳандаи шавқи зиёде, ки муосирон ба юриши кироягони Куруш зоҳир мекарданд, далели рӯйи кор омадани як қатор адабиётест, ки ба ин мавзӯъ бахшида шудаанд. Аз ҳамаи онҳо ба дасти мо танҳо «Анабасис»-и Ксенофонт-таърихнигор ва файласуф, шогирди Суқрот расидааст. Аммо ба шарофати иқтибос ва бознақлҳо, ки аз дигар муаллифони баъдина ба дасти мо расидааст, мо оид ба дигар осор, ки ба ин мавзӯъ бахшида шудаанд, тасаввурот дорем. Масалан, таърихнигор ва табиби юнонӣ Ктесий, ки 17 сол (414 то 398 )то милод дар дарбори Форс мезист ва Ҳашиёршоҳро аз ҷароҳате, ки дар Кунакс бардошта буд, муолиҷа кардааст, ҳикояти саргузашти артиши юнониро ба осори бузургҳаҷми худ оид ба таърихи Шарқ ворид намудааст. Тасвири юриш ҳамчунин аз ҷониби яке аз иштирокчиёни он-стратег Софенет аз Стимфала дода шудааст ва чуноне ки мунаққидони муосир мегӯянд, ҳикояте, ки дар «Библиотека»-и таърихнигори юнонии қарни 1 то милод-Диодор маҳфуз мондааст, аз навиштаи Софенет манша мегирад.

Бознақли Диодор ва иқтибосҳо аз Ктесий хеле арзишманданд, аммо мақоми аввал аз ҳамаи он сарчашмаҳое,ки аз он метавон маълумот оиди саргузашти кироягони Куруш ба даст овард, бешубҳа, ба «Анабасис»-и Ксенофонт тааллуқ дорад. Бояд гуфт, ки «Анабасис» ва ё «Фатҳ»-и ӯ аз қадимтарин намунаи жанри ёддоштҳои таърихист, ки ба дасти мо расидааст ва он миёни юнониёну римиҳо баланд қадрдонӣ мешуд ва он ҳоло яке аз асарҳои машҳури адабиёти қадимаи юнонист.

Аммо ба тартиб оғоз мекунем.

Инак, Куруши Хурдӣ-писари шоҳаншоҳ Дориюши 2, сатрап (ҳоким)-и Лидия, Фригияи Бузург ва Каппадокия, яке аз даъвогарони эҳтимолӣ ба тахти Ҳахоманишиён, соли 401 то милод алайҳи бародари калонии худ-Ҳашиёршоҳ (форсии қадим-Артахшасса)-и 2, шоҳи Форс бо мақсади сарнагун сохтани ӯ пайи ҷустуҷӯи тадбир шуд.

Куруш ба Осиёи Сағир бо вазифаи махсус-барқарор кардани равобити бевосита бо миссияи спартанӣ дар Осиё, ки онро Лисандр раҳбарӣ мекард, фиристода шуд. Тиссаферн ва Фарнабоз-сатрапҳои форсии Осиёи Хурд бо сабаби рақобати пайваста доштан миёни худ бояд аз гуфтушунидҳои форсӣ-спартанӣ барканор мешуданд. Куруши Хурдӣ, ҳамчун намояндаи падари худ, дар ин гуфтушунидҳо бисёр мувофиқ буд. Бо бисёр сабабҳо Куруш барои барқарор намудани равобити мустаҳкам бо Спарта манфиатдор буд. Дар Осиёи Хурд ӯ аз як тараф ҳамчун гумоштаи форсӣ, аз ҷониби дигар такя ба нақшаҳои дарозмуҳлаташ мехост амал кунад. Фикри тасарруфи тахт ва барои ин ҷамъ овардани сипоҳи кироя Куруши ҷавонро ором намегузошт. Аҷиб нест, ки Лисандр, ки ҷамъиятҳои махуфи спартаниро алайҳи Афина созмон медод, тавонист Курушро ба тарафи Спарта дар муқовимати ӯ бо Афина моил созад.

Дар лаҳзаи муайяншуда Куруш ба қарор омад, ки сари роҳандозӣ намудани ниятҳои хеш амал кунад. Бо ёрии Спарта ӯ тавонист ба артиши 100 ҳазора (тибқи дигар маълумот ӯ 300 ҳазор сарбоз доштааст)-и хеш боз 10 ҳазор кироягони юнониро бо сарварии стратег (фармондеҳ)- и спартанӣ Клеарх ҳамроҳ кунад. Баъд аз ин ӯ алайҳи сипоҳи 400-ҳазораи бародараш Ҳашиёршоҳи 2 қиём намуд (оид ба шумораи зиёди лашкариёни он давра, ки таърихнигорон, бахусус, таърихнигорони юнонӣ меоранд, кас мутаҳаййир мегардад. 300, 400, 500 ҳазор, ҳатто миллион (!!!) сарбоз. Кӣ онҳоро ҳисоб кардааст, ба мо маълум нест. Агар ба назар бигирем, ки аҳолии кураи Замин он замон дар муқоиса бо замони муосир даҳҳо маротиб камтар буд, ба муъҷизакориҳои шоҳони пешин сано бояд хонд, ки чунин лашкар ҷамъ мекарданд. Оре, чун «сипоҳиёни зиёд» аз форсҳо буданд, шумораи юнониҳои ками «қаҳрамон» бар алайҳи онҳо истодагарӣ мекарданд ва ҳамеша ғолиб буданд!!! Осори таърихнигорони Юнони Қадим анқариб саропо аз жанри фантастика иборат буд (саргузашти худоён ва қаҳрамононашонро низ хонед, чунин аст) ва ин бесабаб нест-дар рақобат бо чунин ҳарифи тавонову мутамаддин, ба мисоли Дунёи Эронӣ, ҳама воситаҳо хуб ҳастанд. Таҳрифи таърих аз замонҳои қадим манша гирифтаву ҷанги иттилоотиро таърихаш хеле куҳан аст).

Спартаниҳо Куруши Хурдиро дастгирӣ намуданд, чун ӯ метавонист барои заифгардонии рақиби Спарта-Афина кӯмак расонад.

Ксенофонт оид ба шоҳзодаи ҷавон менигорад, ки ӯ як шахсияти фавқуллода буд. Ӯ чунин сифатҳои инсон ва доҳиро дар Куруш қайд кардааст: саховатмандӣ, донишмандӣ ва мардонагӣ. Албатта, он форсе, ки ба манфиатҳои юнониён ҷавобгӯ буд, аз назари онҳо ҳамеша дорои хислатҳои наҷиби инсонӣ аст…

Ҳарифон соли 401 то милод дар мавзеи Кунакс, шимолтари шаҳри овозадори Бобул дар набарди ҳалкунанда рӯ ба рӯи ҳам қарор гирифтанд. Ксенофонт ифшо мекунад, ки артиши Ҳашиёршоҳи 2 900 ҳазор (!!!) ҷанговар ва 150 аробаи ҷангиро ташкил медод. Ин боз дар ҳоле, ки артиши яке аз зердастонаш Аброком бо 50 ароба ва сарбозони зиёдаш ба ҷабҳа нарасида буд…

Ҳоло аз овардани шарҳи васеи ин набард, ки Ксенофонт онро ба қалам додааст, истиҳола мекунем, чун сабри шумо, хонандагони азизро раҳм хоҳем кард. Инак, набард оғоз гардид, ва артиши Курушу кироягонаш баъд аз чанде ташаббуси онро ба даст гирифтанд ва ҷанговарони Ҳашиёршоҳро танг намуданд. Куруш гурӯҳи муҳофизон иборат аз 600 савораи яккачин дошт ва ба гвардияи Ҳашиёршоҳ, ки 6000 савораро ташкил мекард, ҳамла оварду онро торумор кард. Дар навбати худ Тиссаферн, фармондеҳи саворагони шоҳаншоҳ юнониёнро ба танг меовард. Аммо юнониён мардонагӣ нишон медоданд ва сафҳояшон пароканда намешуд (боз чӣ ҳам мешуд, охир инҳо юнониҳои ҷасур ҳастанд…). Ҳамин вақт хабар расид-Куруш дар набарди тан ба тан кушта шудааст! Инро шунида, сарбозони ӯ, ки онҳоро дар Осиёи Сағир ҷамъ оварда буд, гурехтанд ва бисёре аз онҳо ҷониби душман гузаштанд. Наздикони Куруш-ҳамсафон ва дӯстони ӯ, дар набард барои ҷасади мақтул ҷони худро бохтанд. Ахиран ҷасад дасти ҳарифон афтид ва онҳо сар ва дасти рости Курушро буриданд. Танҳо ба яке аз наздикони шоҳзодаи кушташуда-Арией, ки дар қаноти чапи артиш саворагонро фармондехӣ мекард,муяссар гардид, ки бо ҷанговаронаш фирор кунад.

Ҳаводиси баъдӣ боз ҳам фоҷианоктар буданд-Тиссаферн фармондеҳони юнониро бо фиреб ба гуфтушунид даъват кард ва форсҳо онҳоро сар буриданд. Артиши кироя бе роҳбар монд. Аммо ин зиёд давом накард-онҳо сарвари нав интихоб намуданд. Он Ксенофонт буд. Акнун назди ӯ вазифаи қариб иҷронашаванда истода буд-мебоист ҷанговарони юнониро аз минтақаи хатарнок берун меовард. Аз даступохӯрии форсҳо истифода бурда, юнониҳои мағлубнашуда ба ҷониби мавзеи наздиктарини юнонишин-Трапезунд, ки аз макони набард қариб 1000 километр дур буд, роҳ пеш гирифтанд.

Таърихи гузаштаи Эллада (Юнон)-ро мисол оварда, Ксенофонт барои бардоштани руҳияи сарбозони зиндамонда мегуфт, ки «форсҳои муосир ворисони ҳамон форсҳое ҳастанд, ки на як бору ду бор аз эллинҳо шатта хӯрдаанд». Яке аз асоситарин хусусияти фарқкунанда миёни эллинҳо ва форсҳо барои муаллифи «Анабасис» ва Ҳеродот ин аст, ки аввалиҳо озодӣ доранду ахириҳо аз он бенасибанд.
Ксенофонт хеле васеъ дар асараш тафсилот овардааст, ки ӯ чи гуна кӯҳҳҳову рӯдҳо, сардиву бадбахтиҳоро паси сар карда, сарбозонашро ҷониби Ватан мебурд. Муносибати аҳолии нисбати онҳо душманона буд-албатта, чун Куруш аз назари он хоине маҳсуб мегардид, ки баҳри мақсадҳои ғаразноки худ юнониҳои душманро ба Империяи Форс овардааст.


Табиист, ки тӯли моҳҳои зиёд моҳона нагирифта, кироягон ба ғорат даст мезаданд. Ба маконҳои аҳолинишин ҳамла оварда, онҳо на танҳо ғизову чорво, балки сокинонро низ ба асорат мебурданд ва онҳоро ҳамчун ғулом дар шаҳрҳои юнонӣ мефурӯхтанд. Маблағи ба даст овардашуда ҳам барои дастмузди онҳо, ҳам барои қурбонӣ ба «худоёни ҳомӣ»-и онҳо сарф мешуд. Албатта, кироягон медонистанд, ки дар сурати мағлуб шуданашон аз дасти душмани сершумор тақдири бардагӣ онҳоро низ насиб хоҳад шуд. Аммо, чуноне шоир гуфтааст, «ҳар чӣ бо ман кард, он ошно кард»…Дар шаҳри юнонии Византий (Истамбули ҳозира) барои саркашӣ намуданашон 400 нафар кироягони Куруш дар бозори ғуломфурӯшӣ пешкаши харидорон шуданд (бубинед, ки юнониён чи гуна озодиро «қадр» мекунанд. Куҷо шуд он суханони Ксенофонт? Магар ӯ фаромӯш кардааст, ки дар қисми ғолиби шаҳр-давлатҳои юнонӣ (ба истиснои Афина ва дигар макон дар давраҳои муайян) тирания ҳукмфармо буд? Ё ин ки муносибати спартаниҳоро бо «илот»-ҳо чи гуна метавон маънидод намуд, ки онҳоро ҳатто одам ҳисоб намекарданд?)

Ахиран, баъд аз 5 моҳи оворагардиҳову сахтиҳо ва набардҳои хунин наздики 6 ҳазор кирояи боқимонда ба соҳилҳои Понти Эвксинӣ («Баҳри Меҳмоннавоз»-баҳри Сиёҳ) расиданд ва нидоҳои «Таласса! Таласса!» («Баҳр! Баҳр!») танинандоз гардид. Баъд онҳо тавассути баҳр ба ҷониби шаҳри Халкедон дар соҳили Босфор (ҳудуди имрӯзаи Туркия) бо мақсади ба Ғарб- Византий, Фракия ва Пергам рафтан роҳ пеш гирифтанд. Дар Пергам Ксенофонт сарбозони зиндамонда-наздики 5 ҳазорро ба ихтиёри фармондеҳи спартанӣ Фиброн супурд, ки барои мубориза бурдан бо сатрапи форс-Фарнабоз артиш ҷамъ меовард.

Ба спартаниҳо хидмат намудан баҳонае шуд, ки Ксенофонтро аз Ватанаш бадарға кунанд, ки ин тақдири минбаъдаи ӯро муайян кард. Дар Осиёи Сағир ӯ бо шоҳи спартанӣ Агесилай наздикӣ пайдо намуд ва бо ин шоҳ ба Юнон рафта, дар набардҳо бо душманони Спарта, аз ҷумла Афина иштирок намуд (боз ҳамин юнониҳо ҷадди моро тамасхур мекарданд, ки «озод» нестанд-таърихи онҳоро хонед, пур аз ҷангҳои байниҳамдигарист ва эллинҳо якдигарро бо иштиёқи том мекуштанду ба ғулом табдил медоданд). Баъдан ӯ аз корҳои ҷамъиятӣ дур шуд ва дар мавзеи Скиллунт, наздики Олимпия, ки спартаниҳо барояш дода буданд, ба корҳои деҳқониву шикор ва адабӣ машғул гардид. Нигоштани «Анабасис» низ ба ҳамин давра рост меояд.

«Оштӣ»-и Ксенофонт бо зодгоҳаш дар охири умри ӯ сурат гирифт. Вақте миёни Спарта ва Фива ҷанг оғоз гардид, Афина бо Спарта дар як иттифоқ қарор гирифтанд ва Ксенофонт авф карда шуд. Аммо оид ба бозгашти ӯ ба зодгоҳ ва санаи маргаш ягон маълумоте нест.

Оид ба «юриши қаҳрамонона»-и кироягони юнонӣ, ки гӯё дар набарди хунин алайҳи артиши бузурги форсӣ ҷон ба саломат бурдаву қариб бе ягон талафоти калон аз ҳудуди паҳновари Империяи Форс «сарбаландона гузаштааст», танҳо аз забони таърихнигорони эллинӣ маълумот расида, ки дар ҳамон давра низ он зери танқид кашида мешуд. Бубинед, артише, ки сипоҳи 300 ҳазор (агар ба муаррихони юнонӣ бовар кунем)-аи Куруши Хурдиро мағлуб кардааст, магар наметавонист 10 ҳазор кирояро ба нестӣ бубарад? Мантиқан ин дуруст аст? Агар чунин буд, ҳатман оид ба ин ҳодиса аз сарчашмаҳои шарқӣ (шарт нест, ки форсӣ) ягон чизе ба дасти мо мерасид ё дар фолклори маҳаллӣ таҷассуми худро меёфт. Александр, писари Филиппро бубинед-ӯ тавонист дар зеҳнияти мардумони шарқӣ ҷо бигирад, ҳатто дар Қуръони Азимушшаън қаҳрамоне ҳаст бо номи «Искандари Зулқарнайн» (аммо рабти ин қаҳрамон бо Александр аз Мақдуния мавзӯи хеле баҳсист).

Чуноне, ки қайд карда будем, Ксенофонт шогирди Суқрот буд. Пас навиштаи ӯро метавон ҳамчун тахайюл ва ё мулоҳизаҳои файласуф оид ба ояндаи Эллада номид.

Юнон аз ҷангҳои байниқавмӣ ба танг омада буд. Дар ин ҷангҳо юнониҳо бо ёрии «тиллои форсӣ» юнониҳои дигарро бераҳмона нест мекарданд. Маълум шуд, ки «идеал»-и тарафҳои муқобил танҳо баҳонаест барои ба даст овардани ҳокимият, сарват ва ғоратгарии бемаҳдуд. Афинагиҳо, ки замоне Элладаро озод намуда буданд, акнун шаҳрҳои озодро ғулом мекарданд. Спартаниҳои ҷасур ба аррандагону ғоратгарон табдил ёфта буданд. Дар тамоми Юнон танҳо як зумра «ашхоси бовиҷдон» монда буданд, ки сари ояндаи Ватан фикр мекарданд. Миёни онҳо файласуфи бузург Суқрот ва яке аз шогирдони ӯ-Ксенофонт буданд. Пас, як чизе лозим буд, ки мардумро ба ҳам оварад, чизеро тавлид бояд кард, ки руҳияи онро баланд бардорад. Ҳатто бо воситаи таҳрифи таърих ва ҷиноят алайҳи ҳақиқат. Ҳарифи мутамаддину тавонои худро зайифу бераҳму бефарҳангу бесуннат («варвар»-барбарӣ) нишон додан, ҳарчанд, ки наздик чунин набуд. Чуноне мебинем, технологияҳои иттилоотӣ ҳанӯз аз қадим фаъол буданд ва дар ихтиёри ҷониби манфиатҷӯ қарор доштанд. Дар матолиби пешинаи хеш мо нисбати таҳрифоти таърихӣ зиёд гуфта будем ва мисолҳо низ оварда будем. Ҳамаи он чизе, ки мо аз «таърихи расмӣ» мехонем, вазифадор нестем, ки ба он бовар кунем. «Таърихро ғолибон менависанд». Вазифаи мо-торумор кардани устураҳое ҳастанд, ки гӯё ба «ҳақиқат» табдил ёфтаанд ва дар зеҳнияти инсоният (махсусан ғарбиён) мустаҳкам ҷо гирифтаанд ва як хосияти «сакралӣ» (муқаддас) ҳам ба худ касб карда, ҷаҳонбинӣ ва «ҳувияти таърихӣ»-и аврупоиёнро ташаккул додаанд.

Ин технологияҳои иттилоотӣ бо мурури гузаштани ҳазорҳо сол аз миён нарафта, бо ба даст омадани дастовардҳои нав ба нави илму техника рушди тоза дарёфтанд ва таҳрифоти таърихиву дурӯғпардозиҳо бо геополитика ва таҳоҷуми маънавию зеҳнӣ бо ба кор омадани зуҳуроти novus ordo mundi (тартиботи нави ҷаҳонӣ) рушди тоза пайдо карданд. Таърихи сохташуда барои ба аҳдофи гурӯҳҳои манфиатҷӯ хидматгори беминнат аст ва яке аз асбобест, ки барои расидан ба онҳо тамоми воситаҳо хуб ҳастанд. Барои офаридани симои «душман» тамоми камарҳо маҳкам баста шудаанд. Ҳолливуди овозадор низ дар ин радиф истисно нест. Сухан оид ба достони қадимаи «300 спартанӣ» ва филми бахшида ба он хоҳад рафт, ки дар Эрон намоиши онро манъ карданду он аз ҷониби мунаққидон манфӣ арзёбӣ гардид.

«Қаҳрамонон»-и бофташуда ба манфиати кистанд?

«Эй марди сафар, бирав ва ба шаҳрандони мо дар Лакедемон бигӯ, ки васияти онҳоро иҷро намуда, мо ҳама ин ҷо ҳалок гаштем»-Симониди Кеосӣ.

Мавзеи Фермопил-дараест, ки миёни музофоти Фессалия ва Локридаи Юнон ҷойгир шудааст. Номи «Фермопил» аз юнонӣ маънои «дарвозаҳои гарм»-ро дорад ва ин мавзеъ аз қадим бо сарчашмаҳои обҳои гарми шифобахш машҳур буд. Дар ин ҷо, агар ба Диодору Ҳеродот ва дигар таърихнигорони Юнони Қадим бовар кунем, соли 480 то милод гӯё 300 спартанӣ бо сарварии шоҳ Леонид ба сипоҳи бузург (то ҳадде гуфтаҳо сари ин мавзӯъ ба сатҳи ифрот расида, ки ин шумораи сарбозони форсро ҳатто то 1 миллион ҳадс задаанд!!!)-и Ҳашиёршоҳ (Ксеркс) сар нафароварданд.

Ба «Таърих»-и Ҳеродот, китоби 7 («Полигимния»)-ягона сарчашмаи «боэътимод» оид ба ин муҳорибаи машҳур рӯ меорем ва дар бобҳои 202 ва 203 чунин мехонем: «қувваҳои эллинӣ, ки дар ин макон шоҳи форсро интизор буданд, аз 300 спартании гоплит (сарбози пиёдаи вазнинмусаллаҳ), 1000 тегеиҳо ва мантинеиҳо (500 нафарӣ аз ҳар ду ҷониб); баъдан 120 сарбоз аз Орхоменаи Аркадия ва 1000-аз дигар ҷойҳои Аркадия иборат буданд. Сипас, аз Коринф 400, аз Флиунт 200 ва 80 сарбоз аз Микена даррасиданд. Ин нафарон аз Пелопоннес омаданд. Аз Беотия 700 феспӣ ва 400 фивагӣ буданд. Ғайр аз ин, эллинҳо ба кӯмак локрҳои опунтиро бо дастёрони 1000-нафараи фокиягяшон хостанд».

Инак, тавассути ҳисоби математикии на он қадар мураккаб шумораи 5200 ба даст меояд. Акнун мо на 300, балки зиёда аз 5 ҳазор сарбозро «рӯйи даст» дорем. Диодори Ситсилиягӣ нисбати 7200 сарбози юнонӣ иттилоъ додаст. Ин ҷо диққатро ба он равона бояд сохт, ки Ҳеродот танҳо нисбати «ҷанговарон» иттилоъ додаст- яъне, танҳо гоплитҳо ва таърихнигор шумораи «илот»-ҳо- ғулом ва ё ба истилоҳ «крепостной»-ҳои давлатии Спартаро, ки онҳоро ҳамчун ҷанговарони пиёдаи сабук мусаллаҳшуда ва хидматгор истифода мебурданд, наовардааст. Натиҷа-танҳо спартаниҳо дар ин муҳориба наздики 2 ҳазор буданд. Аз рӯйи ҳисоби як қатор мутахассисон, дар набарди Фермопил зиёда аз 12 ҳазор спартанӣ ва иттифоқчиёни онҳо аз дигар полис (шаҳр)-ҳои юнонӣ ширкат доштанд, ки розӣ шавед, ин акнун 300 «ҷасур»-он нестанд. Устураи аввалин ифшо гардид.

Барои чӣ «устура»? Барои он ки агар шумораи спартаниҳои ҷангида он рӯзҳо 300 нафар буд, ки онҳо гӯё пеши роҳи артиши бузургро доштанд, талафоти юнониҳоро, ки аз 4 ҳазор сарбоз зиёд буд ва қариби 400 эллини ба асорат афтодаро чӣ гуна метавон маънидод намуд?

Инак, достони юнонӣ, ки ба зеҳнияти таърихии Ғарб таъсири бузург гузоштааст, менигорад, ки Ҳашиёршоҳ, шоҳаншоҳи Форс, ҳокими бузургтарин империяи давр, шоҳи ориёӣ қасди фатҳи Юнони «озодихоҳ»-ро намуд. Адӯи бузурги «барбариҳои осиёӣ» сари эллинҳои ватандӯст фурӯ рехтанд…

Набард дар мавзеи Фермопил, дараи кӯҳие, ки онро спартаниҳои ҷасур муҳофизат мекарданд, сурат гирифт ва онҳо бо сарварии Леонид «даромадгоҳи Юнон»-ро аз сипоҳи бешумори зулмот қаҳрамонона мудофиа мекарданд. Аммо хоин аз дохил пайдо шуд-Эфиалти баднамуд тӯъмаи ҳирси тиллои форсӣ гардид ва ба сипоҳиёни Ҳашиёршоҳ роҳи убури дараро нишон дод ва форсҳо онро гузашта, аз қафо спартаниҳоро нест карданд…

Эфиалт-писари Эвридем, тибқи ривоят қисме аз лашкари форсиро тавассути Каллидром ба ақибгоҳи спартаниҳо бурд ва дар натиҷаи ин хиёнат Леонид ва спартаниҳову феспиҳои ҳамроҳи ӯ будааш ҳалок гардиданд. Аз ҷониби амфиктиониҳо (Амфиктиония, ё Иттиҳоди Делфӣ-номи иттиҳоди қабилаҳои юнонӣ, ки дар васати муқаддасгоҳи умумиюнонии Делф мезистанд ва онро ҳифзу нигаҳдорӣ мекарданд) ба марг маҳкум шуд ва баъдан дар Антикира аз ҷониби сокини Трахин бо исми Афенад кушта гардид. Новобаста аз он, ки куштор бо дигар сабаб содир гардид ва ба хиёнат рабте надошт, аммо Афенад қадрдонӣ шуд. Ктесий ва Ҳеродот менигоранд, ки хиёнатро метавонистанд дигар одамон низ содир кунанд.

Ба «шараф»-и хоин юнониҳо «дев»-еро номгузорӣ намуданд, ки «даҳшатҳои шабонаро идора мекунад». Таҳти номи «Эфиалт» (Ephialtes) дар илми зоология як намуди ҳашарот тасвир гардидааст. Лақаби «Эфиалт» ба қаҳрамони ҳикояи нависандаи маъруфи рус А.П.Чехов «Ғафс ва борик» (Порфирии «борик») мансуб буд, ки «хабаркаширо дӯст медошт».

Ин достон ҳанӯз аз замони қадим машҳур аст ва аз замони забткориҳои Наполеон умри дубора гирифт. Як набарди хурде, ки ҳеҷ чиро дар умумият ҳал намекард, ғарқи тавзеҳоти афсонавӣ гардид ва он то ҳадди «муқобалаи абадии Шарқу Ғарб» ва ҳатто муқобалаи «демократияи ғарбӣ алайҳи мустабидияти шарқӣ» расид.

Соли 1793, ҳангоме, ки мавҷи секуляризатсия (мубориза алайҳи калисои католикӣ) Фаронсаро фаро гирифт, яке аз шаҳракҳо дар доманаи кӯҳҳои Алп, Сен-Марселлен ба «Фермопил» тағйири ном кард. Оғози қарни 19 рассоми машҳури фаронсавӣ Жан-Луи Давид мусавварае эҷод намуд, ки дар он шоҳи спартанӣ Леонид тасвир шуда буд. Шоири бузурги олмонӣ Фридрих Шиллер, шоири романтик, ки ҷони худро баҳри озод намудани Юнон аз дасти туркон бохта буд-лорд Байрони англис ва дигар намояндагони элитаи зиёии Аврупо дар асорати ин устура қарор доштанд ва асарҳо эҷод мекарданд. Санохонии режими худкомаи дории Спарта ба таърихнигорони олмонӣ ҳанӯз пеш аз омадани Ҳитлер сари қудрат хос буд. Ҳангоми муҳорибаи Сталинград тарғибгарони Йоахим Геббелс-«вазири тарғиботи Рейх» ва шахсан Герман Геринг аз сарбозони артиши 6-уми Паулюс даъват мекарданд, ки «ҳамчун Леонид бо спартаниҳои худ биҷанганд». Анҷом маълум аст-«спартаниҳои олмонӣ» бешарафона дар ҷабҳаи Шарқӣ ҷон бохтанд…Ҳоло ҳам дар муносиботи байналмилалӣ ва бозиҳои геосиёсӣ нақши устураҳои «таърихӣ» зиёд аст ва барои ба мақсадҳо расидан ба як асбобе табдил шудааст. На, иштибоҳ кардам-«табдил нашуда», балки сараввал чунин буд.

Тасвири «қаҳрамониҳои 300 спартанӣ» дар сарчашмаҳои форсӣ умуман ёд нашудааст. Аз ин рӯ, ба хонандагони ҳар давру замон аз ҷониби таърихнигорони юнонӣ форсҳо ҳамчун истилогарони бераҳме ҷилва дода мешуданд, ки онҳо «Юнонро аз озодӣ ва демократия» маҳрум карданӣ буданд. Чуноне дар боло қайд кардем, дар ин муқобалаи абадии «демократияи ғарбӣ ва барбарияти шарқӣ» дида мешуд. Аз дигар тараф, агар ҷадди мо ба набарди калони Марафон, ки ба нақшаҳои ояндаи онҳо ягон таъсир гузошта натавонист, аҳамияти ҷиддӣ надода буданд, пас чӣ ҳоҷат мемонад ба тасвири муҳорибачаи хурде дар Фермопил? Аммо барои Эллада ин ҳодисот ягонаи даврон буд-чаро не, чун устура оид ба «мағлубнопазирии форсҳо» шикаста шуд. Дар ин асно, сари он андеша намеравад, ки форсҳо нияти забти пурраи Юнон-ин кишвари кӯҳии орӣ аз гиёҳро дар сар он қадар «гарм» намепарвариданд ва пас аз набарди Марафон (ки ахиран Афина ба дасти онҳо афтид ва тибқи сарчашмаҳо, ба оташ кашида шуд) онҳоро бештар нооромиҳои дохили империя ва бозиҳои дарбории Форс ба худ ҷалб мекарданд. Яъне, форсҳо ҳеҷ гоҳ ба тамоми қувва ба Юнон ҳамла оварда набуданд. Ба ин зарурат набуд, чун сохтори давлатии шаҳр-давлатҳои юнонӣ аз ҳамдигар тафовут доштанд (аз тирания-ҳукмронии мустабиди мутлақ то демократия) ва якдигарро он қадар хуш надоштанд, аз ин рӯ, намояндагони Империя дар ин полисҳо гумоштаи худро доштанд ва сиёсати худро пеш мебурданд. Бо ёрии худи юнониҳо ва «тиллои форсӣ».

Ҳашиёршоҳ ба Леонид пешниҳод кард, ки таслим шавад. Леонид посух дод: «Биёву бигир!». Набард оғоз гардид ва 300 спартанӣ ақибнишинии лашкари юнониро таъмин карданд. Ҳама спартаниҳо ва шоҳ Леонид, ҳамчунин бародарони Ҳашиёршоҳ ҳалок гардиданд. Умуман, дар Фермопил зиёда аз 20 ҳазор форс ва 4 ҳазор юнонӣ фавтиданд. Ҳашиёршоҳ шахсан майдони набардро дидан намуд ва ҷасади Леонидро дарёфта, фармон дод, ки сари ӯро аз тан ҷудо кунанд ва сари чӯб нишонанд… Кӣ аз муосирон он ҷо буд? Кӣ ин набардро дидааст? Кӣ шаҳодат дода метавонад, ки ҳаводис инчунин сурат гирифта буд? Кӣ акнун метавонад пеши роҳи ҳарзагӯиҳои «фалсификатор»-ҳои қадимиро бигирад? Суолҳо зиёданд.

Ҳолливуд дар ин асно вазъи муосири сиёсиро бо устураҳои таърихӣ меомезад, ки ин ба манфиати доираҳои муайян аст. Масалан, филми машҳури «300 спартанӣ» аз рӯи асари Фрэнк Миллер аз ҷониби коргардон Зак Снайдер соли 2007 рӯйи кор омад ва дучори вокуниши сахт гардид. Мунаққидон ёвагӯиҳои офарандагони онро фош карданд. Ҳашиёршоҳ, ки нақши онро ҳунарманд Родриго Санторо бозидааст, ҳамчун бузургҷуссае нишон дода шудааст, ки омехтаи нажоди муғуливу африқоист!!! Бадани шоҳаншоҳ пур аз «татуировка» (нақшу нигори бадан) ва «пирсинг» (ҳалқаҳое, ки ба бадан насб мешаванд) аст ва ӯ як махлуқи бадҳайбатест, ки комилан бераҳм аст ва ба дараҷаи Худоӣ бардошта шудааст. Дар филми монанди «300 спартанӣ», ки соли 1962 гирифта шуда буд, Ҳашиёршоҳ ақаллан «симои инсонӣ» дошт.

Чуноне дар боло зикр кардем, юнониҳои «олиҷаноб» он қадар «моҳи беайб» набуданд ва миёни худ доимо дар ҳолати ҷангу ҷидолу хархаша қарор доштанд. Ҳатто дар пешорӯи ҳуҷуми душман танҳо бархе полис (шаҳр-давлат)-ҳои Эллада тавонистанд «қаҳру ноз»-ҳои худро фаромӯш карда, муттаҳид гарданд (аммо баъд аз мубориза бо форсҳо зиддиятҳо аз нав аланга гирифтанд). Мо намегузорем ҳақиқати таърихӣ зери по бигардад-дар ҳайати Империяи Ҳахоманишиён қисми зиёди шаҳру музофоти юнонинишин дохил буданд, ки эллинҳо дар он ҳамчун шаҳрвандони комилҳуқуқ ба сар мебурданд. Дар омади сухан, бисёре аз юнониҳо ё ихтиёрӣ, ё ҳамчун кироя аз тарафи форсҳо меҷангиданд-ин аст нишонаи «ватандӯстиву озодипарастӣ»-и фарзандони Эллада…

Маҳз бо сабаби вуҷуд доштани як нуқтаи назар ба муқобалаи форсҳову юнониҳо дар ихтиёри мо ҳамчун ҳаводиси ба ном «таърихи инсоният» як қатор латифаҳое қарор гирифтаанд, ки даъвои «ҳақиқати таърихӣ»-ро доранд. Дар онҳо «барбарӣ»-ҳо ва шоҳони «мустабид»-и онҳо манфӣ ба қалам дода шудаанд. Фарқ нест, он Ҳашиёршоҳ бошад, ё пешгузаштаи ӯ Дориюши Бузург ва ё дигарон. Масалан, яке аз ин устура-латифаҳо менигорад:ҳангоме бо фармони Ҳашиёршоҳ аз гулӯгоҳи Геллеспонт (Босфори имрӯза) барои убури он пулҳо сохтанд, тӯфон онҳоро хароб намуд. Он гоҳ шоҳи форс фармон дод, ки «баҳри саркаш»-ро қамчинкорӣ кунанд (!!!). Ин достони хеле машҳур аст. Мутахассисони саршинос ин устураро ҳамчун шӯхии бебарори муаллифони юнонӣ ба қалам медиҳанд:, яъне, «албатта, Ҳашиёршоҳ душмани эллинҳо буд, аммо ӯ ба ин ҳадд аҳмақ набуд».

Филми «300 спартанӣ»-и Зак Снайдер ҳадафи муосири худро дорад. Яъне, бархе аз «сиёсатмадорони ганда» пешниҳод мекунанд, ки қисмҳои ҳарбӣ аз кишварҳои Ховари Наздик бароварда шаванд. Аммо вазъро қисмҳои махсуси яккачин наҷот медиҳанд-онҳо барои ҳифзи «муқаддасоти ғарбӣ» омодаанд ҷони худро нисор кунанд. Ин «Инҷил»-и Пентагон аст. Ин шоҳасари техникӣ-филми «300 спартанӣ» барои роҳандозӣ намудани нақшаҳои таҷовузкоронаи доираҳои муайяни Ғарб дастёри хеле хубест.

Моро бояд дуруст фаҳмид ва дарк намуд. Ин ҷо мо миллати тамаддунофари юнониро, ки мисли мо қавми ҳиндуаврупоии ориёист ва аз лиҳози нажодӣ ба мо наздик аст, батамом таҳқир карданӣ нестем. Саҳми Юнони Қадим дар махзани дастовардҳои инсоният хеле бузург аст ва онро наметавон нодида гирифт. Фарзандони бузурги Эллада дурдонаҳои тамаддуни ҷаҳонӣ ҳастанд. Таърихи инсониятро бе Арастуву Суқрот, Афлотуну Ҳомер, Архимеду Ҳиппократ, Фалесу Фидий, Евклид ва дигар нобиғаҳо, ки шумораашон зиёд аст, тасаввур кардан номумкин аст. Таъсири тамаддунсози «эллинизм» дар олами Шарқ низ бузург буд ва ҷадди мо таҳти он ба сар бурдаанду аз он баҳра гирифтаанд. Ҷаҳони эллинӣ дар соҳилҳои баҳрҳои Миёназамин, Адриатика, Эгей, Тиррен, Сиёҳ, дар Балкану Аппенин, Қриму Кавказ, Осиёи Сағиру Марказӣ то Ҳинди «афсонавӣ» дурдонаҳои меъмориву зеҳнии зиёд тавлид сохта, ки дар тамаддуну фарҳанги мардумони маҳаллӣ нақши назаррас гузоштааст. Ҳатто дар рӯйи кор омадани фалсафаи исломӣ низ мероси бузургони юнонӣ хеле бузург аст ва ҳамин мероси гаронмояи ин фарзандони бузурги Элладаро маҳз мусалмонон аз нестӣ наҷот доданд (чун руҳониёни насронии мутаассиб онро мехостанд нобуд созанд) ва ба забони арабӣ баргардониданд, ки ба дасти аврупоиён расид. Ислом, ҳамчун дигар адёни ҷаҳонӣ, дар идеология ва ҷаҳонбинии хеш бо фалсафа рабти бевосита дорад ва таъсири фалсафаи юнонӣ, дар қатори мероси бузургони Эрону Ҳинд, ба он чашмрас аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки тавҳину танқид ва ёвагӯӣ нисбати ҳарифи тавоно, ки то андозае ба эллинҳо ҳаққи устодӣ дорад, сурат бигирад. Ба ин зинҳор роҳ додан даркор нест, ҳақиқати таърихиро поймол намудан на аз он корҳоест, ки бахшиданист.

Ҷаҳони Эронӣ бо таърихи бениҳоят ғаниву дурахшон, тамаддуну маданияту фарҳанги волотарин, дастовардҳои илмӣ ва фарзандони нобиғааш нодиртарин дурдонаи махзани таърихи инсоният аст. Беназир будани мафҳуми «ҷаҳони ориёии эронӣ»-ро касе дар тахайюли худ набофтааст, танҳо шахси комилан аз қувваи босираву ақли солим маҳрум буда метавонад онро инкор кунад. Шоҳони пешини ориёии мо нишонаи матонату мардонагӣ, таҳаммулпазириву инсондӯстӣ буданд ва инро таърихи ҳақиқӣ ва хотироти мардумӣ дар худ ҳифз кардааст. Таҳаммулпазирӣ, арҷ ва эҳтиром гузоштан ба ақоид ва анъаноти мардумони ғайр нахуст аз ҷониби гузаштагони мо рӯйи кор омада ва ҳамин ҳифзи ҳуқуқҳои инсонӣ ва сохти иҷтимоии давлатдориву дигар дастовардҳои инсониро асосгузораш ҷадди бузурги мо буданд! Сари ин мавзӯъ мо дар навиштаҳои пешини хеш бисёр ҳарф задаем. Мо соҳиби аввалин Китоби Беназир-Авастои Бузург ҳастем, аввалин шаҳрҳоро бунёд сохтем, аввалин Паёмбари таҳаммулгароро доштем, ки мардумро ҷониби Яздони Пок-Худои Ягона мехонд ва молики тамаддуни нодиртарин ҳастем!!! «Рафтори нек, пиндори нек, гуфтори нек» шиорамон буд ва ҳеҷ гоҳ нахоҳем гузошт, ки ин ба ном таърихнигорони «саршинос» ва манфиатҷӯ аз ҳисси рашку бадбинӣ такя ба аҳдофи хеш гузаштагони бузурги моро манфӣ тасвир бикунанд.

Чист таърих? Фанни гуманитарӣ, ки ба омӯзиши инсон, фаъолият, ҷаҳонбинӣ, вазъи ӯ, алоқаҳои иҷтимоӣ машғул аст? Ё фаннест, ки сарчашмаҳои гуногунро оид ба гузашта барои муайянкунии ҳаводис ва саҳеҳияти далелҳову равандҳо меомӯзад, то ин ки нисбати онҳо хулосаи зарурӣ барорад? Бархе аз коршиносону мутахассисон таърихро ҳамчун илм намепазиранд. Чун бисёр ба умқи «таърихи инсоният» аз нигоҳи ғарбиён фурӯ равем, метавон дарёфт, ки он чизе нест бидуни ҷамъи устураҳо. Ба ҳар ҳол, аз он огоҳ будан ҳатмист…

Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: