Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷашни 22 солагии таъсисёбии ҲХДТ дар Ёвон

Ҷашни 22 солагии таъсисёбии ҲХДТ дар Ёвон

16-12-2016, 11:09
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
Ҷашни 22 солагии таъсисёбии ҲХДТ дар Ёвон
Бисту ду сол муқаддам Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» ба майдони сиёсат ворид гардида, дар муддати начандон дарозе садоқати худро ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои озодиву баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёниву демократия сарбаландона собит намуд ва имрӯз бо боварии комил ба ояндаи дурахшони Ватан ва бо умеди расидан ба ормонҳои миллӣ тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ сохта истодааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ нақш ва мавқеи хоса дорад ва бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ баҳри таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ободиву шукуфоии Ватани азиз пайваста талош меварзад. Ҳамин аст, ки пайванди миёни ҳизб ва мардум, ҳизб ва ҷомеа дар ин муддат на танҳо устувору побарҷост, балки сол то сол, давра ба давра дар ҳоли густариш ёфтан мебошад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, чун зодаи Истиқлолияти кишвар, тавонист дар ин марҳила дар майдони сиёсии Ватан мавқеи устувор ва ҷонибдорони зиёди худро дарёбад. Ҳизби мо бо муқаддастарину олитарин ормонҳои давлатдорӣ ва фаъолияти бунёдкоронаи хеш дар ҳама ҷанбаҳои ҷомеа ба як созмони ифодагари ниёзҳои мардум табдил ёфтааст.
Ҷашнгирии 22-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон моро водор менамояд, ки бори дигар ба гузаштаи ҳизби мардумӣ ва кумитаҳои иҷроияи он дар ноҳияи Ёвон дида дӯхта, сабақҳои бардоштаро натиҷагирӣ намоем ва дар партави ғояҳои он барои рушду нумӯи диёр кору зиндагӣ кунем.
Агар гузаштаи ҳизб дуруст омӯхта шавад, воқеиятро ҳақиқатнигорона тасвир карда, мо метавонем дар таҳқиқи таърихи кишвар саҳмгузор шавем. Воқеан, тақдири ҳама чиз ба як қароре нест, ки шоҳиди ягона дошта бошад: тадқиқи ҳақиқатнигоронаи таърих рисолати инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар шахси худогоҳ аст.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон 5 августи соли 1995 таъсис ёфта, дар аввал ҳамчун Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Тоҷикистон ва соли 1998 баъди тағйири ном намудани ҳизб ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дода шудааст.
Солҳои аввал ҳарчанд барои мустаҳкамкунии заминаҳои иҷтимоӣ ва ташкили низоми сохтори Кумитаи иҷроия гузашта бошад ҳам, тавсияву дастурҳои саривақтӣ ва аз лиҳози сиёсӣ дурусти кору фаъолият имконият фароҳам овардад, ки шумораи зиёди намояндагони қишрҳои гуногуни аҳолии ноҳия ба сафҳои ҳизб шомил гардида, дар амалигардонии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати созандаву фаъолона дошта бошанд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон аз рӯзи таъсисёбиаш ташаббускориро пеша намуда, дар давоми ин солҳо комиссияҳои кор бо занон ва ҷавонон, ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», гурӯҳи «Ҷавонони ташаббускор» ва мактаби «Лидерони ҷавон»-ро ташкил кардааст, ки ҳоло онҳо фаъолияти пурсамар доранд. Фаъолияти намунавии аъзои ҳизб пайваста бо ифтихорномаҳо ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия қадрдонӣ карда мешавад. Зикр намудан бамаврид аст, ки барои хонандагони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳунаромӯзони Коллеҷи тиббӣ ва литсейҳои касбии техникии ноҳия стипендияҳои ҳизбӣ таъсис дода шудаанд.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки бо гузашти солҳо ғояҳои мардумпарваронаи ҲХДТ бештар оммавӣ мегарданд ва теъдоди аъзову ҷонибдорони он бештар аз пештара тамоюли афзоиш дорад. Масалан, танҳо дар давоми даҳ моҳи соли 2016 зиёда аз 2401 нафар сокинони ноҳия ба узвияти ҳизб пазируфта шудаанд, ки ин рақам дар қиёс бо солҳои қаблӣ хеле зиёд аст. Бояд гуфт, ки аз ҷониби Раёсати Кумитаи иҷроия дар баробари таваҷҷуҳ ба сатҳи афзоиши теъдоди аъзо ба сифати кор ва фаъолияти аъзои ҳизб низ аҳаммияти ҷиддӣ дода мешавад.
Айни замон 11000 нафар аҳолии ноҳия, аз он ҷумла 3346 нафар кормандони соҳаҳои сохтмону саноат, 2136 нафар кормандони соҳаи маориф, 2124 нафар соҳибкорон, 1036 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, 1000 нафар кормандони соҳаи кишоварзӣ ва 713 нафар намояндагони касбу кори гуногун узви ҲХДТ мебошанд.
Аз шумораи умумии аъзоён 7074 нафар мардон, 3926 нафар занон, 2410 нафар дорои таҳсилоти олӣ ва 240 нафар олии нопурра, 4375 нафар дорои таҳсилоти миёнаи махсус, 3975 нафар дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 636 нафар донишҷӯ, 65 нафар нафақахӯр, 12 нафар маъюб, 6 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷанговарони байналмилал, 4779 нафар шаҳрвандони аз 18 то 30-сола, 4378 нафар аз 31 то 50-сола, 1716 нафар аз 51 то 64-сола ва 127 нафар аз 64-сола боло мебошанд. Дар асоси муқаррароти Оиннома донишҷӯён, нафақахӯрон, иштирокчиёни ҶБВ ва ҷанговарони байналмилал ва маъюбон аз пардохти аъзоҳаққӣ озоданд.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги сиёсии аҳолӣ, таъмини фазои орому суботи сиёсӣ, иштироки фаъолонаи ҷонибдорон ва аъзои ҳизб дар ҳаёти сиёсии кишвар, бедор намудани ҳисси меҳанпарастӣ ва дӯст доштани Ватан, дастгирии ҷавонони лаёқатманд, пешбарии кадрҳои ҷавони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва дарёфти чеҳраҳои нави ташаббускор ба таври мунтазам чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ, оммавию варзишӣ ва маданию маишӣ доир менамояд.
Чорабиниҳои фарҳангии тайи соли равон баргузоргардида, аз қабили аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои «Китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!», «Барои ояндаи боамну озодиву ободии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон ва осудагиву хушбахтии худ овоз медиҳем!», «Ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон ҳам мавриди таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд!», мизи мудаввар дар мавзӯи «Пешгирии таъзиб дар байни занон», озмуни иншои озод дар мавзӯи «Ҳамқадами Истиқлолем», марафони ҳизбӣ дар мавзӯи «25-соли Истиқлолият ва дастоварди варзишгари кишвар Дилшод Назаров», нишастҳои мубоҳисавнишасти мубоҳисавӣ дар мавзӯи «Таблиғот тавассути созандагию бунёдкорӣ», аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва барҷомондагон, расонидани кумакҳои моддию молиявӣ ба оилаҳои камбизоат ва бесаробон ва дигар тасмимгириҳои саривақтӣ ҳам барои тавсеаи фаъолияти ҳизб ва ҳам ҷиҳати вусъат ёфтани сатҳи ҷаҳонбинии насли наврас саҳми муносиб гузоштанд.
Ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон иборат аз 35 нафар, Раёсати Кумита иборат аз 7 нафар, Комиссияи тафтишотии Кумита иборат аз 5 нафар мебошад.
Дар асоси қарори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон аз ҳисоби аъзоёни фаъоли ҳизб Комиссияи кор бо занон ва оила, Комиссияи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан», Шӯрои собиқадорони ҳизб, Мактаби «Лидерони ҷавон», Гурӯҳи «Ҷавонони ташаббускор» таъсис дода шудааст.
Алҳол дар ҳудуди ноҳия 9 Кумитаи ибтидоии ҳизбӣ дар назди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва 61 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар назди ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо амал мекунанд, ки дар ҳайатҳои худ аз 5 то 2136 нафар аъзо доранд.

Имрӯз аз ҳисоби аъзои ҲХДТ дар ноҳия Азимзода Толибхон Ситамурод вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Амирбеки Темур, Ғуломов Акбар, Иззатуллоева Соҷида ва Каримова Сабоҳат вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 39 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон ва 186 нафар вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд.
Бахшида ба санаи муҳими таърихӣ, 22 солагии таъсисёбии ҲХДТ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ рӯзи 9 декабри соли равон ва дар маркази ноҳия рӯзи 10 декабри соли ҷорӣ бо иштироки аъзоёну ҷонибдорони фаъоли ҲХДТ баргузор гардид. Дар ҷамомади тантанавӣ Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Хонов Абдураҳмон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДт дар вилояти Хатлон Ализода Аҳмадҷон, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур, меҳмонон аз Федератсияи Россия – раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Иттиҳод” Мирзомиддинов Саидбек ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Иттиҳод” дар шаҳри Санкт Петербург Абдуразоқов Абдусамад даъват гардида, иштирок намуданд.
Чорабинӣ аз ду қисмат, қисмати тантанавӣ ва қисмати фарҳангӣ иборат гардида, фаъолони ҳизб бо сипоснома ва ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Ёвон қадрдонӣ гардиданд.
Барномаи ҷолиби консертии ҳунармандони Кохи фарҳанги ноҳия, ки бахшида ба ҷашни 22 солагии таъсисёбии ҲХДТ бахшида шуда буд, хотири меҳмонон ва ҳозиринро шод намуданд.
Воқеан, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз оғоз то ба имрӯз ва минбаъд меҳвари асосии ғояи ҳизбро омили пешрафти ҷомеа медонад. Некӯаҳволии халқ, рушди бемайлони ҷомеа, адолати иҷтимоӣ, таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани шукуҳу шаҳомати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз нахустин вазифаҳои ҳизб буд ва минбаъд низ боқӣ мемонад. Ҳамин ҳадаф ва мақсадҳои олӣ буд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон худро чун ҳизби пешбари ҷомеа муарифӣ намуд.
Ҳар яки мо ҳизбиёнро мебояд қудрати бунёдкорнаи худро барои пешрафти ҷомеа, татбиқи ормонҳои демократӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум собит намоем ва дар пешравии ин сарзамин амаламон асоснок, нигоҳамон рӯшан ва дар муваффақиятҳои бадастовардаи замони соҳибистиқлолии Ватан хушбин бошам.

Саёҳат Абдуллоева, муовини риси Кумитаи
иҷоияи ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: