Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ ҷахонро падруд гуфт.

Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ ҷахонро падруд гуфт.

7-12-2016, 12:27
Хабарро хонданд: 561 нафар
Назарҳо: 0
Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ ҷахонро падруд гуфт.
Баъди бемории начандон тӯлонӣ 6-уми декабри соли ҷорӣ Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ дар синни 75 солагӣ аз олам даргузашт.

Мирзо Файзалӣ 9-уми майи соли 1942 дар қишлоқи Чиртаки ноҳияи Ваҳдат чашм ба олами ҳастӣ кушодаст.
Соли 1966 баъди адои хизмати ҳарбӣ, дар рӯзномаи “Коммуна” (ҳозира “Шаҳриёр”) ба фаъолияти рӯзноманигорӣ пардохтааст. Соли 1973 шӯъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, чанд муддат котиби масъули рӯзномаи “Меҳнати коммунистӣ” (ҳозира “Набзи Файзобод”) ва беш аз даҳ сол мудири шуъбаи маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” буд.
Солҳои 1993-2010 сармуҳарририи рӯзномаи “Шаҳриёр”-и шаҳри Ваҳдатро бар уҳда дошт.
Давоми беш аз 40 соли машғул будан ба кори эҷодӣ маҷмӯаҳои назмию насрии ӯ монанди “Шери тағош” (1984), “Кӯршапарак” (1989), “Бозёфти ҳайратовари доктор Сомонӣ” (1991), “Кайф аз Самак то бар Само” (1996), “Қотили қотилон” (1998), “Сангари номус” (2001), “Бо додҳо, фарёдҳо” (2002), “Чамани ёдҳо” (2004), “Ману Ватан” (2006), “Ба шумо дурӯғу ба Худо рост” (2005), “Шов-шови мардум” (2007), “Гӯри гумшуда” (2008), “Гулхори чида-чида” (2011), “Адлу дод асли ҷавонмардии ӯст” (2014) аз чоп баромадаанд.
Аз соли 1991-ум аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Дар эҷодиёти Мирзо Файзалӣ мавзуҳои тараннуми Ватан, ростақавлию поквиҷдонӣ, ифтихори миллӣ, ишқу муҳаббати поки инсонӣ, дӯстӣ, садоқату рафоқат ифода ёфтаанд.

Мирзо Файзалӣ унвони Шоири халқии Тоҷикистонро дошта, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошад


ДАР ЛАВҲИ ГӮРИ ШОИР

Эй чавонон , ки гули давронед,
Давр лоиқ ба ҷавонӣ ронед.

Ишқ, варзед, ки дунё гузарост,
Дил ситонед, ки навбат ба шумост.

Гар сари турбати ман меоед,
Лаҳзае ёд зи ман бинмоед.

Шоирам , лек кунун хуфта ба хоқ,
Бо дили сӯхтаи пораю ҷок.

Як замон ном ба номи ман буд,
Шарбати ишқ ба коми ман буд.

Гулрухон шефта бар ҳар суханам,
Бӯсахоҳ аз лабу рӯю даҳанам.

Умр, афсӯс, шитобон бигузашт.
То хабардор шудем, он бигузашт.

Ҳар гаҳ аз шоири худ ёд кунед,
Ишқ варзеду варо шод кунед.

Мирзо Файзалӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: