Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Русия ба Тоҷикистон ҳавопаймо ва чархболҳои ҷангӣ медиҳад

Русия ба Тоҷикистон ҳавопаймо ва чархболҳои ҷангӣ медиҳад

2-12-2016, 14:24
Хабарро хонданд: 209 нафар
Назарҳо: 0
Русия ба Тоҷикистон ҳавопаймо ва чархболҳои ҷангӣ медиҳад

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу 30 ноябр баъд аз дидору гуфтугӯ бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо дар Маскав хабар дод, ки дар соли 2017 Русия ба Тоҷикистон миқдори зиёди ҳавопаймо ва чархболҳои низомӣ тақдим мекунад.

Ба эътимоди вазири дифои Русия, ин амр барои тақвияти суботу низом дар марзҳои ҷанубии Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ мусоидат хоҳад кард. Ба таъкиди Сергей Шойгу, интиқоли ҳавопаймоҳо ва чархболҳои низомӣ бо дарназардошти таҳдидҳои гуруҳҳои террористӣ ва ифротгаро аз Афғонистон, аз ҷумла баъд аз ҳузур пайдо кардани гуруҳҳои марбут ба созмони “Давлати исломӣ” дар қаламрави Афғонистон муҳим аст.

Шералӣ Мирзо дар мулоқот бо Шойгу рӯзи чоршанбе гуфт, “марзҳои ҷанубии созмон пайваста таҳти назорати нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қарор доранд”. Вазири мудофиаи Русия афзудааст, ки кишвараш ҳамзамон ба омӯзиши афсарҳо барои артиши Тоҷикистон машғул мебошад. Ба гуфтаи Сергей Шойгу, “ҳоло беш аз ҳазор афсарони тоҷик омӯзиш ёфта ва ин раванд идома дорад. Мо дарк мекунем, ки мубориза бо терроризми байналмиллалӣ кори дастҷамъона мебошад ва Русия дар ин кор ҳамеша дар канори Тоҷикистон аст”.

Коршиносони рус таъкид мекунанд, ки мувофиқаи қаблӣ барои ироаи ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба Тоҷикистон ҳанӯз соли 2012 миёни ду кишвар ҳосил шуда буд ва Русия уҳдадор шуд, ки барои тақвияти иқтидори низомии Тоҷикистону Қирғизистон – ду кишвари мизбони пойгоҳи низомиаш 70 миллиард доллар масраф кунад. Дар баробари ҳавопаймоҳои ҷангӣ, таъмини ин кишварҳо бо силоҳу муҳимоти дигари ҷангӣ ҳам ваъда шудааст.

Саидраҳмон Каримӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: