Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Интихоботи президентии Ӯзбекистон бо раъйдиҳии пешазмуҳлат оғоз шуд

Интихоботи президентии Ӯзбекистон бо раъйдиҳии пешазмуҳлат оғоз шуд

29-11-2016, 11:24
Хабарро хонданд: 340 нафар
Назарҳо: 0
Интихоботи президентии Ӯзбекистон бо раъйдиҳии пешазмуҳлат оғоз шуд

Раъйдиҳии пешазмуҳлат дар интихоботи президентии Ӯзбекистон, ки қарор аст, 4 декабри соли равон баргузор шавад, шуруъ шуд.

Довталаби асосии курсии раҳбари Ӯзбекистон сарвазир Шавкат Мирзиёв буда, Ҳотамҷон Кетмонов аз Ҳизби халқии демократӣ, Сарвар Отамуродов аз Ҳизби "Миллий Тикланиш", Наримон Умаров аз Ҳизби "Адолат" низ номзадии худро ба мақоми президентӣ пешниҳод кардаанд.

Президенти ояндаи Ӯзбекистон барои 5 сол интихоб мешавад. Бар пояи қонунгузории ин кишвар, раъйдиҳии пешазмуҳлат 10 рӯз пеш шуруъ шуда, то як рӯз мондан ба интихобот идома хоҳад ёфт.

21 миллиону 435 ҳазор раъйдиҳанда ба қайд гирифта шудааст.Дар саросари Ӯзбекистон 9378 қитъаи овоздиҳӣ таъсис ёфта, 44 нуқтаи дигар дар намояндагиҳои ин кишвар дар 28 давлати дунё боз хоҳад шуд.

Ин интихобот баъди марги Ислом Каримов эълон карда шуд, ки ҷасадашро 3 сентябри соли равон дар Самарқанд ба хок супориданд.

Саидраҳмон Каримӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: