Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Амали хайр боиси таҳсин аст

Амали хайр боиси таҳсин аст

14-11-2016, 11:04
Хабарро хонданд: 334 нафар
Назарҳо: 0
Амали хайр боиси таҳсин аст
Фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таълиму тарбияи накў ва солими насли наврас дар муассисаҳои таълимӣ ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар диққату эътибор ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш низ дар мадди аввал гузошта шудааст. Дар пайравии ғамхориҳои хирадмандонаи Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз сафи шахсони саховатманду фаъол дар ноҳияи Деваштич низ афзуда, баҳри ободии маҳал кӯмаку дастгириҳои ҳудро дареғ намедоранд. Бахусус бо ташаббуси аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси кооперативи тиҷоратии «Кенагас» ва дар як вақт омӯзгори омодагии дифоӣ-ҳарбии МТМУ №26-и деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Муҷун – Абдусамад Маҷидов ва фаъолони деҳа сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимӣ оғоз гардида, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бинои иловагии мазкур иборат аз 10 синфхона барои 260 нафар толибилм ба маблағи қариб 1 миллион сомонӣ бунёд гардида, бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар вазъияти тантанавӣ дар оғози соли таҳсили 2015-2016 ба истифода супорида шуда буд.
Дар маросими ба истифода супоридани бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 26 ташаббускорону фаъолони деҳаи Меҳробод аз ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва эътибори махсуси Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, баҳри дастгирии сиёсати созанда тасмим гирифтанд, ки дар назди муассисаи таълимии хеш боз як бинои замонавиеро қомат афрозанд.
Ва инак, барои тақвияти варзиш, бо ташаббуси яке аз шахсони саховатпешаву ватандӯст Абдусамад Маҷидов ва дастгирии саҳмдорони кооперативи тиҷоратии «Кенагас» дар назди муассисаи таълимии мазкур сохтмони толори варзишӣ низ ба роҳ монда шуд. Бинои мазкур бо тарҳи замонавӣ бунёд хоҳад ёфт ва барои 200 нафар тамошобин ҷойи нишаст ташкил карда мешавад. Корҳои сохтмонии ин толор бо маром идома дошта, тибқи нақша бо таҷҳизотҳои замонавии варзишӣ таъмин карда мешавад. Имрӯз чунин шахсони саховатманд бо амалҳои неку ташаббускориашон барои ободию шукуфоии Ватани хеш саҳми арзандаи худро гузошта, шоистаи намунаи ибрат ҳастанд. Аз ин иқдоми неку хайрхоҳонаи чунин шахсони содиқ ба халқу давлат тамоми сокинони деҳаи Меҳробод ва толибилмон басо хушҳол буда, чунин амал дар руҳияи ободкориву созандагӣ тарбия намудани насли наврас дар оянда заминаи бузург хоҳад гузошт.
Лоиқ Тўйчиев – мутахассиси иттилооти КИ ҲХДТ дар н.Дев
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: