Ҷашни Рӯзи дониш1-09-2015, 17:30
Хабарро хонданд: 442 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи дониш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи сулҳу дӯстӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзи бошукуҳро дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён»-и шаҳри Норак бо иштироки аъзоёни раёсати Кумитаи иҷроия, раиси шаҳри Норак Ҳурматзода Фатҳулло Зариф, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Гулмуродзода Қумриниссо ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ҷамоатҳо барои соли хониши 2015-2016 ҳамаи хонандагонро табрик намуданд.
Вакилони мардумӣ ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба мактабҳои дурдаст рафта, хонандагон ва падару модаронро аз дастовардҳои маориф ва дастгириҳои Президенти кишварро ба мардум расонида, ҳамзамон онҳоро ба Рӯзи дониш, рӯзи сулҳу осоиштагӣ табрик карданд ва баҳри тарбияи содиқонаю софдилонаи насли наврас ба омӯзгорону волидайн маслиҳатҳои муфид доданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.