ҲАВОИ МУНОСИБ, ҲОСИЛИ ФАРОВОН8-11-2016, 16:35
Хабарро хонданд: 503 нафар
Назарҳо: 0
АГАР картошкапарва-риро шуғли асосии ин мардум гӯем, хато нахоҳем кард. Зеро дар ҳар як қитъаи муносиб чӣ дар пастӣ ва ё ҳамвориҳои баланд ин навъи зироатро кишт намуда, аз масофаҳои дур ҷӯйҳо канда об овардаанд. Табиати кӯҳистонро аслан бе оби чашмасорон тасаввур наметавон кард. Дар хоҷагии деҳқонии ҷамоавии "Сомониён", ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сартало воқеъ гардидаст, 82 нафар саҳмгузорон якдилона заҳмат мекашанд. Хоҷагӣ дар ихтиёри хеш 64 гектар замини обӣ ва 239 гектар замини лалмӣ дорад. Имсол дар 64 гектар картошка ва дар қитъаҳои боқимондаи обӣ дигар полезиҳоро кишт кардаанд. Аз заминҳои лалмӣ бошад, гандуму ҷав мерӯёнанд. - Имсол ният дорем, ки аз ҳар гектар 400 сентнерӣ картошка ҷамъоварӣ намоем,-мегӯяд сарвари хоҷагӣ Абдуллоҷон Бойматов.- Барои ин имконият дорем, хоҷагӣ бо техника пурра таъмин аст. Хоҷагӣ инчунин дар ихтиёри хеш 5700 гектар чарогоҳ ва ҳудуди 1700 сар моли майда дорад. Мошин оҳиста-оҳиста теппаҳоро давр зада, боло мебарояд. Дар ҳамвории ҳар як хамгашт ҳавз бунёд шуда, атрофаш дарахтзор аст. -Ин гуна ҳавзҳо дар ин ҷамоат панҷтоанд, ки бо мақсади обёрии киштзорҳо бунёд шуда, ҳамчун ҷои истироҳати мардум ҳам истифода мешаванд,- мегӯяд муовини Раиси ноҳия Баргигул Аббосова, ки моро ҳамроҳӣ мекунад. Мо чанд хамгашти дигарро давр зада, ба ҳамвории баланд мебароем ва дар соҳили яке аз ҳавзҳо таваққуф мекунем. Ба гуфтаи роҳбалади мо дар баландии дигар низ чунин ҳавз мавҷуд аст. Дар сояи дарахтони сояафкани атрофи ҳавз катҳои чӯбин гузошта шудаанд. Дар оби мусаффои он моҳиҳоро баръало дидан мумкин аст. Рӯйи об мурғобиҳо шино доранд. Чор тараф сабзпӯш. Хуллас, ҳавои нарму форами кӯҳистон хастагиро рафъ месозаду табъро болида мегардонад ва ҳам ба ҳосили фаровон мусоидат мекунад… ТАНДИКУЛ- МУЪҶИЗАИ ТАБИАТ МИНТАҚАИ истироҳатию табобатии Тандикул аз маркази шаҳраки Ваҳдат дар масофаи 22 километр дар қисмати шимолии ноҳия дар домани кӯҳҳо воқеъ гардидааст. "Жигули-06" ин масофаи душворгузарро дар зарфи бештар аз якуним соат тай кард. Вақте ки аз маҳалҳои аҳолинишин берун шуда, ба баландӣ мебароем, дар доманакӯҳ ҳар ҷо-ҳар ҷо хонаҳои паст ва хаймаю юртаҳо ба назар мерасанд. -Ин ҷоро айлоқ мегӯянд, - моро дар тааҷҷуб дида лаб мекушояд ронанда…-Ҳар хонавода айлоқи худро дорад, ки минтақаи муайянро фаро мегирад. Дар ин ҷо тавре ки мебинед, об фаровон аст. Ҳавои нарму форам барои парвариши хуби картошка мусоидат мекунад. Аз ин заминҳо ҳосили баланд мегиранд. Бубинед, киштаҳо ғарқи гуланд. Соҳибонашон аллакай чанд маротиба қитъаҳоро об додаанд. Ба ғайр аз ин ҳар кадоме аз ин мардум ба қадри имкон моли майдаву калон парвариш мекунанд, ки дар чарогоҳҳои дар ихтиёрашон буда ба чаро бурдаанд. Ҳавои кӯҳистон барои парвариши занбӯри асал низ мувофиқ аст. Бубинед, сари ҳар ҳота қуттиҳои занбӯрро гузоштаанд. Суҳбати ронанда дар ҳавои тоза, ки ба машом бӯйи гулу гиёҳҳои кӯҳиро мерасонад, ҳаловатбахшанд. Мошин аз пул гузашта, пайроҳаи морпечи кӯҳистонро ба зӯр хазида ба баландӣ мебарояд ва баъди тай кардани масофаи муайян дубора поён нишеб мешавад. Аз баландӣ дар соҳили дарё хонаҳои чӯбинро мебинем. Ронанда бо ишораи чашм мегӯяд, ки чашмаи Тандикул дар ҳамон ҷост. Мо акнун дубора ба ҳамворӣ, ба соҳили дарё расидаем. Ба назар чунин навишта бармехӯрад, ки аз дур намоён аст: "Мавзеи истироҳатию обдармонии Тандикул". Нахуст таваҷҷуҳи моро чашмаи гарм, ки аз қаъри замин берун мешавад, ҷалб мекунад. Ба оби он даст расонида намешавад. Дар поёни чашма ҳавз сохта шудааст, ки оби гарм ба он мерезад ва аз он ҷо тавассути қубурҳо ба ҳавзҳои махсус, ки дар дохили хонаҳои чӯбин сохта шудаанд, ҷорӣ мешавад. Кас ин муъҷизаи табиатро дида, ба ҳайрат меафтад. Аз паҳлӯи чашма рӯди азим-Оби Кабуд мегузарад, ки дар поён ба Сурхоб як ҷо мешавад. Агар дастро ба оби дарё гузоред, хунук мехӯрад, аммо баръакс ба оби чашма даст расонида намешавад. Мегӯянд, ки ҳарорати об ба 96 дараҷа баробар аст ва дар зимистон то 102 дараҷа боло меравад. Барои таҷриба тухмро ба об мегузорем ва баъди 8 дақиқа мегирем, ки он пухтааст. -Дар ҳамин мавзеъ боз 7 нуқтаи дигари оби гарм аст, ки геологҳои рус соли 1968 онҳоро пайдо карда, даҳонашонро бастаанд,-мегӯяд сарвари ин мавзеи истироҳатию табобатӣ Сайнеъмон Абдусаломов. ОБИ ГАРМИ ЗЕРИ ДАРЁ АВГУСТИ соли 2015 буд, - ба ёд меорад С. Абдусаломов.- Бо сабаби аз меъёр зиёд обшавии тарма сатҳи об баланд шуд ва аз кӯҳи дар паҳлӯи осоишгоҳ буда, теппа лағжида пеши обро банд кард. Дар натиҷа дарё маҷрояшро тағйир дода, мавзеи табобатиро зер намуд. Бо булдозер пеши обро кушода, дубора дарёро ба маҷрои асосиаш равона сохтем. Аммо осоишгоҳ зарар дид, чанд котеҷро об бурда, саҳни онро аз сангу шағал пур кард. Вақте дар поёни ин минтақаи истироҳатӣ дарёро аз маҷрои асосиаш 15-20 метр дур бурдем, чашмаи гарм баромад, ки ҳарорати оби он низ ба 96 дараҷа баробар аст. Тасаввур кунед, солҳо ин чашма зери дарё ниҳон будааст, аммо оби гармаш сард нашудааст,-илова мекунад сарвари мавзеи обдармонӣ. -Бе тавсия ва танҳо даромадан ба оби шифобахш манъ аст, - риштаи суҳбатро ба даст мегирад сардухтури осоишгоҳ Раҳматулло Сатторов.-Меъёри нӯшидани оби он дар як шабонарӯз 200 грамм ва барои дар дохили об будан 8-10 дақиқа тавсия дода мешавад. Бемор метавонад, дар як шабонарӯз як ё ду бор-пагоҳӣ ва бегоҳӣ ба ҳавз дарояд. Сардухтур дар идома афзуд, ки оби гарм ба бемориҳои фишорбаландӣ, безурётӣ, узвҳои такягоҳӣ ва ҳаракат, бемориҳои переферии системаи асаб, бемориҳои пӯст (хоришак, шукуфа, тосшавии сар), барои узвҳои ҳозима, бемориҳои мубодилаи моддаҳо (подагра, терзотосикоз), узвҳои нафас (бронхитҳои бардавом) фоида дорад. Аммо ба бемориҳои ишимияи дил, гурда, омосҳои бадфарҷом, сил ва бемориҳои сироятӣ таъсири манфӣ мерасонад. Фаъолияти Маркази табобати обдармонӣ мавсимӣ буда, аз моҳи май то сентябр мизоҷонро қабул мекунад. Ба ин ҷо аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд ва Ҷумҳурии Қирғизистон беморон меоянд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.