Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТОҶИКИСТОН: РОҲ БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

ТОҶИКИСТОН: РОҲ БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

4-11-2016, 09:30
Хабарро хонданд: 292 нафар
Назарҳо: 0
ТОҶИКИСТОН: РОҲ БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ин давлати абарқудрат маҳсуб меёфт, мисли «бародарони калон»-ии худ соҳиби мероси бойу ғанӣ нагардид. Ба ғайр аз он ки кишвари мо ба бӯҳрони амиқи иқтисодӣ ғӯтавор шуд, ҳамзамон ҷанги таҳмилӣ иқтисодиёти моро боз ҳам фалаҷтар намуд. Канда шудани риштаҳои иқтисодӣ бар он оварда расонд, ки баъзе аз минтақаҳои кишвар моҳҳо дар бунбасти иқтисодӣ монданд. Ва нафаре ки аз минбари баланд дар ин маврид садо баланд кард, ин Эмомалӣ Раҳмони 40- сола Раиси вақти вилояти Кӯлоб буд, ки дар сессияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри таърихии Арбоб ин масъаларо ба миён гузошт. Ва ахиран ба минтақаи ҷануби кишвар пайки нуру сафо расид. Бо талош ва заҳматҳои ин марди фидоӣ ба орзуҳои «хуфта»-и сокинон умеду боварӣ қавитар шуд.

Ин мисраъҳо баҳри он гуфта шуд, ки мо дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ чи қудрату тавоноӣ доштем. Оддитарин мисол он аст, ки мо дар замони шӯравӣ бо вуҷуди доштани захираҳои кофии об побанди нерӯи барқи беруна будем ва дар ҳалқаи ягонаи таъминоти барқи Осиёи миёна қарор доштем. Чун ҳар як давлат мустақилияти худро эътироф кард, мусаллам аст, ки танҳо манфиати худро дар мадди аввал мегузорад. Ҳамин нукта асос шуд, ки моро маҷбуран аз ҳалқаи ягонаи таъмини барқ берун карданд. Ва давлати воқеан ҳам заифи мо дучори бӯҳрони нерӯи барқ гардид. Роҳбари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди мушкилиҳои пешомада тавонистанд бо нерӯи хиради худ дар дохили кишвар ҳалқаи ягонаи таъминоти барқро ҷорӣ кунанд. Сохтмони хатти баланшиддати Ҷануб- Шимол, азнавсозии нерӯгоҳи «Помир», мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» ва бунёди даҳҳо нерӯгоҳҳои хурд таъминоти кишварро бо нерӯи барқ беҳтар намуд. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар барои рушди энергетика 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст.

Дар мавсими гармо Тоҷикистон метавонад, ҳудуди то 2-4 миллион киловатт соат барқро ба ҳамсоякишварҳо интиқол диҳад. Аммо мушкилии таъминоти барқ дар мавсими сармо то ҳоло вуҷуд дорад. Зеро ҷараёни ҷоришавии об дар руди Вахш коҳиш меёбад ва захираи оби баҳри Норак барои бештар аз 6 моҳ басандагӣ намекунад. Бар замми ин, сол то сол нуфузи аҳолӣ бештар шуда, фарҳанги истифодабарии барқ дар кишвар ба пуррагӣ риоя карда намешавад. Ба ин хотир давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи раҳоӣ аз мушкилии норасогии нерӯи барқро танҳо дар бунёди нерӯгоҳи азими «Роғун» медонанд. Аммо то замони оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти аср кишвари мо ба чи гуна муқобилиятҳои сахту сангин дучор гардид. Роҳбари давлатро зарур омад, то аз минбарҳои баланд аз кишвари худу сокинонаш дифоъ намояд. Гузашта аз ин тақдири аҳли сайёра дар мавриди истифодабарии оби ошомиданӣ барояш бефарқ набуд. Даҳҳо коршиносони байналмилалӣ барои таҳқиқи ин нерӯгоҳ сафарбар шуданд. Ҳукумати кишвар барои одилона ва мӯйшикофона таҳқиқу баррасӣ кардани вазъ тамоми шароитҳоро барои онҳо муҳайё намуд. Тавре яке аз муҳаққиқони варзидаи соҳа Дэвид Симпсон, зилзилашиноси амрикоӣ, директори фахрии консорсиуми «Incorporated Research Institutions for Seismology» – IRIS дар хулосаи худ баён доштааст:

«Фикр мекунам, зимни тарҳрезии садди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» тамоми ин ҷанба ба назар гирифта шудаанд ва ман муътақидам, ки обанбори «Роғун» чун «Норак» бехатартарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Таҷриба нишон додааст, ки обанборҳои сангу хокӣ аз устувортаринҳоянд. Садди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба тамоми зилзилаҳо тобовар хоҳад буд».

Гузашта аз ин олимони соҳа исбот карданд, ки бунёди ин нерӯгоҳ барои обёрии заминҳои ташналабии доманфарохи Ӯзбекистону Қазоқистон дар солҳои минбаъда мусоидати амиқ хоҳад кард. Ҳамзамон кишвари мо омода аст, ки дар сурати пурра мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳ минтақаро бо нерӯи барқи арзон таъмин созад.

Ниҳоят ақли солим ғалаба кард. Рӯзи саодати кишвари мо даррасид. Дирӯз мо тариқи телевизион маросими оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро тамошо кардем. Шахсан барои халқи азизи кишвар ин рӯйдод аз он ҷиҳат муассиру хотирмон буд, ки фотеҳаи корҳои соҳилмустаҳкамкуниву сарбанди ин дарёи шӯху бебокро маҳз роҳнамои миллат дода, худ бо ғайрату матонат ҳудуди якунимсоат бо техникаи азими сангу хоктеладеҳ меҳнат намуданд. Ин иқдоми Раиси ҷумҳурро ҳазорон ҳазор сокинони кишвар, ҳатто рақибони сиёсӣ низ тавсиф намуданд. Дар суханронии хеш Президенти мамлакат бори дигар аз муҳимияти ин сохтмон ҳарф зада, баён доштанд, ки ҳамасола дар кишвар коргоҳҳои саноатӣ зиёд мавриди истифода қарор гирифта истодаанд, ҳамзамон мардуми кишвар дар фасли тирамоҳу зимистон аз норасогии нерӯи барқ азият мекашанд. Ва давлату ҳукумат ба хотири беҳ намудани вазъи иқтисодӣ, таъмини сокинон бо нерӯи барқ вазифадор буд, ки ин нерӯгоҳро созад.

Сарвари давлат ҳамон тавре ки дар боло ишора кардем дар суханронии хеш қайд карданд, ки давлатҳои ҳамсояро беоб нахоҳанд гузошт, балки барои беҳдошти обёрии минтақа минбаъд ин нерӯгоҳ хизмати таърихӣ хоҳад кард.

Тоҷикистон воқеан ҳам кишвари обҳои мусаффост ва метавонад дар таъминоти барқи дохилии худӣ ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ нақши калидӣ дошта бошад. То ҷое иттилоъ дорем Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи 8-ум ва аз рӯи ҳаҷми қиёсии захираҳо (ба ҳар сари аҳолӣ) мутаносибан ҷойҳои аввалу дуюмро ишғол мекунад. Захираи умумии энергияи барқи обӣ дар ҷумҳурӣ қариб 527 миллиард кВт-соатро ташкил медиҳад ва феълан танҳо 3 - 4 фоизи он истифода мешавад.

Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар сурати бунёд бо иқтидори 3600 мегаватт ва садди 335 — метра бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ мегардад ва Тоҷикистонро ба кишвари содиркунандаи нерӯи барқ табдил хоҳад дод.

Мо, сокинони ваҳдатшиори кишвар ин рӯйдоди таърихиро оғози таҳаввулотҳои ҷадид дар кишварамон ҳисобида, мутмаинем,ки дар ояндаи наздик ҷумҳурии мо ба давлати пурқудрат табдил хоҳад ёфт.


Ӯғулой Умаралиева, номзади илмҳои филологӣ, устоди
ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: