Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Машварат оид ба масъалаҳои ҳамкории молиявӣ ва техникӣ

Машварат оид ба масъалаҳои ҳамкории молиявӣ ва техникӣ

13-10-2015, 16:00
Хабарро хонданд: 426 нафар
Назарҳо: 0
Машварат оид ба масъалаҳои ҳамкории молиявӣ ва техникӣБо мақсади рушди муносибатҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон 13-14 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе байни намояндагони ду кишвар оид ба масъалаҳои ҳамкории молиявӣ ва техникӣ машварати байниҳукуматӣ доир мегардад.
Ҳайати Ҷумҳурии Федеролии Олмонро хонум Марион Эдел, Муовини сардори шуъбаи «Хитой, Осиёи Марказӣ, Осиёи Шарқӣ, Лаос ва Камбоҷа»-и Вазорати федеролии ҳамкориии иқтисодӣ ва рушд (BMZ) ва ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назризода роҳбарӣ намуданд.
Роҳбарони ҳайатҳо бо сухани муқаддимавӣ машваратро ифтитоҳ карда, ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодиро байни Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд. Машварат дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ бо мақсади баррасии муштараки ҳамкории ҷорӣ ва омодакунии гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ барои солҳои 2016-2017, ки гузаронидани он дар соли 2016 пешбинӣ мегардад, сурат гирифт. Ҳайатҳои ҳарду кишвар масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориро муҳокима намуда, изҳор доштанд, ки самти асосии ҳамкории онҳо дар оянда низ соҳаҳои «Рушди устувори иқтисодиёт» ва «Тандурустӣ»-ро фаро хоҳад гирифт.
Дар ҷараёни машварат масъалаҳои вобаста ба лоиҳаҳои татбиқшаванда, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон маблағгузорӣ мешаванд, баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки дар доираи Нақшаи дар соли 2013 қабулшудаи такмили муассисаҳои тиббии вилояти Хатлон таҷдиди чор беморхонаи марказии ноҳиявӣ анҷом дода шуд.
Тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати идома додани татбиқи Нақшаи такмил дар ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон баён намуданд. Ҳамчунин, тарафҳо бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки татбиқи лоиҳаи таҷдиди НБО-и хурд дар ноҳияи Мурғоб бомуваффақият шуруъ гардидааст.
Дар охир, аз рӯи натиҷаҳои машварат санади дахлдор ба имзо мерасад.
©medt.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: