«Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ»27-10-2016, 09:48
Хабарро хонданд: 701 нафар
Назарҳо: 0
Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаву худогоҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон, ба насли имрӯзи Ватан муяссар гадид, ки бо зиндагиву осори ниёгони хирадманду шуҳратманди худ, аз ҷумла Мавлоно Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ, аз наздик ва ба таври густурда ошноӣ пайдо кунад. Бо ташаббусу ширкати бевоситаи Сарвари давлату миллати тоҷикон чӣ дар шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия ва чӣ дар Ватани худамон-Тоҷикистон чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ бахшида ба ин нобиғаи илмиву ирфонӣ, баргузор шуданд. Аз ҷумла соли 2007-ро бо қарори Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид-ЮНЕСКО дар саросари олам ҳамчун соли бузургдошти Мавлонои Балхӣ-Румӣ бо тантанаву шукуҳ таҷлил намуданд. Яке аз бузургтарин фарзандони хирадманду бофазилати инсоният-Мавлоно Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ(Румӣ) рӯзи шашуми рабеъулаввали соли 604 ҳиҷрӣ-қамарӣ мутобиқ ба сиюми сентябри соли 1207 мелодӣ ба дунё омадааст. Нисбати зодгоҳи Мавлоно донишмандон ду ақидаро изҳор кардаанд. Ақидаи якӯм ин аст, ки Мавлоно дар Балх, ки дар гузашта онро «Модари шаҳрҳои Хуросон» меномиданд, ба дунё омадааст. Вале тибқи ақидаи дуввум Мавлоно зодаи вахшонзамин мебошанд. Ақидаи дар вахшонзамин таваллуд ёфтани Мавлоноро дар асари арзишманди худашон «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси далелҳои аз ҷониби олимону муҳаққиқони маъруфи рус В.А.Гордлевский ва Р.Г. Фиш, олимаи афғонӣ Маҳбуб Сироҷ, мавлавишиносони маъруфи эронӣ Бадеъуззамони Фурӯзонфар ва Абдулҳусайни Зарринкӯб, адабиётшиносони муосири амрикоӣ Франклин Люис ва Колман Баркс, инчунин донишмандони фаронсавию инглисӣ ва муҳаққиқони тоҷик гирд овардашуда, бо ифтихору сарфарозии тоҷикона исбот кардаанд. Устоди аслӣ ва аввалини Мавлоно қиблагоҳи бузургаш, шахсияти илмиву ирфонии замон Баҳоуддин Валад ҳисоб меёфт. Баҳоуддин Валад-падари Мавлоно,бо шарофати илму ирфони ба даст овардааш, аз ҷониби фозилону ҳокимони давр ба унвони «Султони Илм» сазовор гашта буд. Агарчӣ Ҷалолиддин дар хурдсолиаш бо адибу шайхи хирадманди нишопурӣ Фарадуддини Аттор ҳамагӣ якчанд лаҳза вохӯрда бошад ҳам, вай аз ин дидорбинии кӯтоҳ як дунё манфиати маънавӣ мегирад. Шайх Аттор ҳангоми суҳбат бо падари Мавлоно ҷониби Ҷалолиддини наврас нигоҳ карда мегӯяд, ки: «Каме вақт мегузараду дар қалби вай дили дунё ҷойгир шуда ба ҷӯш меояду оташ мегирад ва аз шарорааш дар ҷонҳое, ки ташнаи Ҳаққ мебошанд, аланга меафрӯзад». Шайх Аттор аз устодони аввалини Мавлоно буданд. Дар синни бистучорсолагӣ Мавлоно донандаи ҳамаи донишҳое мегардад, ки беҳтарин мутафаккирони замонаш доро буданд. Ӯ аз ҳамаи ахбору навигариҳое, ки диндорони бузуг, шариатшиносон ва суфиёни давр дар даст доштанд, огаҳӣ дошт. Малоно масъалаҳои мураккабтарини гносеологӣ(илм дар бораи худогоҳиву худшиносӣ), онтологӣ(илм дар бораи ҳастӣ), мантиқ ва худошиносиро бо уламои шинохтаву маъруфи замонаш муҳокимаву баррасӣ намуда, дарк менамояд, ки дигар барои ақлу мафкураи вай ягон чизи норавшане аз илму ахбори замона боқӣ намондааст. Шайху уламо ва муддарисони бузурги Димишқ ва Ҳалаб аз рушаниву умқи ақли Мавлонои ҷавон ба ҳайрат омада, бидуни анъанаи давр, баъди якчанд моҳ ба вай Иҷозатнома медиҳанд. Ин Иҷозатнома тасдиқкунандаи воқеияте буд, ки олимону фақеҳону муддарисони давр ба ин олими худогоҳу худоогоҳу бузурги ҷавон-Ҷалолиддин фарзанди Баҳоуддин Валади Балхӣ, ки бо тахаллуси Султони Илм машҳур аст, дигар чизе нав омӯхта наметавонистанд. Ин воқеа соли 1231 мелодӣ ба вуқуъ пайвастааст. Аз ҳамин вақт эътирофи расмии Мавлоно ва сазовор гардидани ӯ ба унвони «Султони дин» оғоз мегардад. Мавлоно дар роҳи Худо ба унвони «ОРИФ»-и замон муяссар гардидааст ва дар ин ҷода устодаш Шайх Сайид Бурҳониддини Сиррдон ҳисоб меёфт. Тибқи маълумотномаҳои илмии ба мо расида роҳи расидан ба унвони орифӣ аз се қисмат: 1.Шариат. 2. Тариқат. 3. Ҳақиқат иборат аст. Қисмати Тариқат аз 7 сатҳ ё дараҷа ва ё истгоҳ иборат аст: 1) Тавба. 2) Вора(эҳтиёткорӣ). 3) Зуҳд. 4) Фақр. 5) Сабр. 6) Таваккул. 7) Ризо. Мавлоно беҳтарин ва арзандатарин муриди Шайх Сайид Бурҳониддини Сиррдон ба ҳисоб мерафт. Шайх Сайид Бурҳониддини Сиррдон савол медоданд, ки: «Кӣ метавонад худро ба Аллоҳ пайванд ҳисобад?» ва худ дар ҷавоб мегуфтанд, ки: «Он кас, ки ҳар як нафаси аз бинӣ баровардааш «Аллоҳ» бигӯяд». Дар ҷодаи сазовор гардидани Мавлоно ба унвони «Султони дин» мавлоношиносони олам Шайх Шамсиддини Табрезиро устод ё пири руҳонии Мавлоно меҳисобанд. Худи Шайх Шамсиддини Табрезӣ дар роҳи расидан ба ҳақиқати худовандӣ ба саволҳояш аз устодону донишмандони замони худ Шайх Абубакр, соҳибдевону донишманд Ибн-ал-Арабӣ, Шайх Авҳададдини Кирмонӣ ҷавоби муносибе намеёфт. Ҳатто рӯзе ҳангоми вохӯрӣ бо Шайх Авҳададдини Кирмонӣ аз ӯ мепурсад, ки: «Чӣ офарида истодаӣ?» Шайх ҷавоб медиҳад, ки: «Дар тағораи об моҳро дидан мехоҳам». Шайх Кирмонӣ мехост бигӯяд, ки дар ҳар як қатраи об воқеияти олии Ҳаққро диданӣ аст. Шамсиддини Табрезӣ дарҳол ба Шайх Кирмонӣ муроҷиат карда мегӯяд: «Ба осмон нигоҳ кун, барои чӣ дар он ҷо моҳро намебинӣ?». Ба ҳар ҳол Шайх Шамсиддини Табрезӣ умед дошт, ки дар рӯи олам албатта фарде вуҷуд дорад, ки ӯро бифаҳмад ва оинаи рӯҳи вай бигардад. Ин фард Мавлонои Балхӣ буд. Вохӯрии аввалини Шайх Шамсиддини Табрезӣ бо Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ 26 ноябри соли 1244 дар Қуния, дар ҷое, ки имрӯз меҳмонхонаи «Салҷуқ-палас» ҷойгир аст, рӯ ба рӯи бинои Вазорати маорифи Туркия рух додаст, ки онро мардум «Марҷа-ал-баҳрайн»-«Вохӯрии ду баҳр» мегӯянд. Шояд дар назари аввал ин рӯз аз дигар рӯзҳо фарқ накунад, вале бо гузашти зиёда аз 770 сол ғайриоддӣ бузург будани ин рӯз дар ҳаёти ин ду шахсияти ирфонӣ, баръало намоён мешавад. Баъзан ин вохӯриро бо вохӯрдани Суқрот бо Афлотун ва Шиллер бо Ҳёте ҳамшабеҳ медонанд, ки ин фикр барои гурухе аз донишмандон то дараҷае қобили қабул нест. Ҳамин тавр дар ин аввалин дидорбинӣ Шайх Шамсиддини Табрезӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ муроҷиат карда мепурсад, ки: «Эй тағйирдиҳандаи фикру маъниҳои дунё, бигуй, кӣ бузургтар аст: паёмбар Муҳаммад(с) ва ё «Султон-ул-орифин» Абӯязиди Бастомӣ?». Дар ҷавоб Мавлоно бе истиҳола гуфт: «Ин чӣ саволест? Албатта, Муҳаммад(с) бузург аст!». Шайх Шамсиддини Табрезӣ бе шубҳа чунин ҷавобро интизор буд. Вале сирр бой надода ба Мавлоно саволи дуюмро медиҳад: «Пас барои чӣ Муҳаммад(с) мегӯяд, ки: «Дили ман пур аз занг мегардад, ва ман рӯзе ҳафтод бор дар пеши Худованд тавба мекунам», вале Боязид тасдиқ менамояд, ки: «Ман аз ҳамаи сифатҳои номукаммалии худ покиза шудаам ва дар ҷисми ман ба ғайри Худо чизе нест!»? Ин лаҳзаҳоро ба ёд оварда баъдтар Шайх Шамсиддини Табрезӣ гуфтааст, ки: « Мавлоно Ҷалолиддин дарҳол пуррагӣ ва баркамолии суханони маро дарк кард, ва ман ба поёнрасии гапам фурсат наёфта, эҳсос намудам, ки аз пурсафоии дили вай махмур гаштам». Инак ҷавоби Мавлоно чунин буд: «Муҳаммад(с) рӯзе ҳафтод сатҳ-истгоҳро мегузашт. Ва ҳар бор, ки истгоҳи навро фатҳ мекард, аз нокомилии худогоҳии дар истгоҳи пештара ошкоршудааш пеши Худованд тавба мекард. Абӯязид бошад аз ҷалолату ҳашамоти дар ягона истгоҳ ба даст овардааш аз худ бирафт ва дар ҳолати бехудӣ ин суханонро бигуфт…». Ин ҷавобро шунида Шайх Шамсиддини Табрезӣ аз ҳуш рафта меафтад. Шайх Шамсиддини Табрезӣ аввалин шуда дар зоҳиру ботини Мавлонои Балхӣ инсони комил ва неруи бузургеро эҳсос кард. Ин неруи тавоно аз илми фақеҳони маъруфи замону аз ҷониби қиблагоҳашон-Султони Илм ба даст омада, аз хирадмандии китобии бо санад(диплом)-и шайхҳои димишқиву ҳалабӣ тасдиқ гардида, аз худпокизасозии суфиёнаи зери устодии Саид Бурҳониддин гузашта, сарчашма гирифта, он қадар пурқувват буд, ки кам намегардид, баръакс, ҷамъ шуда тавоноии таркандаеро, мисли буғи зери фишорбуда ва дар деги дар оташдон ҷӯшидаистодаро ба хотир меовард. Ва гӯйё, ки Шайх Шамсиддини Табрезӣ сарпӯшаи ҳамин дегро каме кушод ва овози найи Мавлоно дар фазои олам танинандоз гардид. Мавлонои Балхӣ аз диди Шайх Шамсиддини Табрезӣ инсони комилест, ки дар вуҷудаш дили дунё дар тапиш мебошад. Дар асл Мавлонои бузург хислати фавқулоддаи «ифодакунии ифоданашаванда»-ро доро буд, ки чунин истеъдодро ҳатто худи Шайх Шамсиддини Табрезӣ ҳам надошт. Ин хислати Мавлоно дар ҷавоби ба саволи худ гирифтаи Шамси Табрезӣ хеле хуб зоҳир гаштааст. Панҷшанбе, 5 декабри соли 1247 Шайх Шамсиддини Табрезӣ аз ҷониби ифротгароёни хурофотӣ дар Қуния ваҳшиёна ба ҳалокат расонида мешавад ва бадбахтона дар ин амали даҳшатбор писари дуюми Мавлоно-Алоуддин низ даст доштааст. Баъди он, ки Мавлоно ҳақиқатро оиди дар ин куштор ширкат доштани писари дуюми худ мефаҳмад, дигар боре ҳам рӯи вайро намебинад, ҳатто ба ҷанозааш намеравад. Ҳамин тавр насли Алоуддин бенишон гум мегардад. Баъди гузашти панҷоҳ сол писари Алоуддин ба назди писари Валад омада мегӯяд, ки: « Мо ҳам насли Мавлоноем, мо набераҳои Мавлоноем. Писарон барои амалҳои падарон ҷавобгӯ нестанд!». Дар ҷавоб писари Султон Валад мегӯяд: « Шумо кайҳо шохаҳои буридаед!». То нимаи дуюми асри бистум манзили охирати Шайх Шамсиддини Табрезӣ маълум набуд. Ба хотираи Шамсиддини Табрезӣ, Мавлонои Балхӣ китоби мукаммали ғазалиёташ «Девони Кабир»-ро ҳамчун «Девони Шамс» ва ё «Ғазалиёти Шамс» номгузорӣ намуда, номи Шамсро дар ҳар як ғазалаш зикр ва абадӣ месозад. Баъзан аз бехабарӣ ғазалҳои Мавлоноро моли Шамси Табрезӣ гуфта муаррифӣ мекунанд. Мавлонои Балхии орифу тавонои мо буд, ки бе андешаи дигаре, девони мукаммали ғазалиёти худро ба устодаш бубахшид, ки шояд дар таҷрибаи таърихи илму адаби ҷаҳонӣ ягонаву нотакрор аст. Аз ҳамин хотир бошад, ки Шайх Камолиддини Хуҷандӣ дар ҷавоб ба навҳаи шахсе, ки гирякунон мегуфт, ки: « Сад дареғо, ки Шамси авлиё, аҳли дилҳо аз дунё рафту шаҳри ишқ холӣ монд!», чунин посух додаанд: Касе к-аз талъати хуршед ҷуз гармӣ намебинад, Дило маъзур медораш, ки дорад чашми нобино. Ту гуфтӣ аҳли дил рафтанду шаҳри ишқ шуд холӣ, Ҷаҳон пур Шамси Табрез аст, марде ку чу Мавлоно! Аз Мавлонои Балхӣ мероси бузурги адабиву ирфонӣ ба инсоният боқӣ мондааст, ки аз ҷумлаи онҳо «Маснавии маънавӣ», «Девони кабир», «Фиҳӣ мо фиҳӣ», инчунин китоби рубоиёти Мавлоно дар ҳаҷми зиёда аз чор ҳазор мисра, мебошанд. Дар «Маснавии маънавӣ» зиёда аз 51 ҳазор мисра иншо шудааст. «Девони Кабир» бошад наздики 44 ҳазор мисра ва 2073 ғазалро дар бар мегирад. «Маснавии маънавӣ» китобест, ки назирашро адабиёти ҷаҳонӣ ёд надорад ва ё намедонисту намедонад. Мегӯянд, ки ин китоб аз ҷониби Мавлонои Балхӣ навишта не, балки гуфта, такаллум шудааст, мисли оне, ки ояҳои Қуръони маҷид аз ҷониби паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад(с) қироат мешуданд, вале онро дигарон ба рӯи варақ- саҳифаҳо овардаанд. «Маснавӣ»-ро ҳам дӯсту шогирди беҳтарин Мавлоно Ҳисомуддин аз забони ин хирадманду орифи беназир китобат мекард. Оре, «Маснавӣ» назмест барои бо овоз такаллуму талафуз кардан, на барои хомӯшона ва дар танҳоӣ хондан. «Маснавӣ» бидуни тарҳрезии қаблӣ ва баъзе қоидаҳои мавҷудаи назмӣ эҷод гардидаст. Қонуни асосие, ки онро муҳаррик аст, ин озодӣ мебошад. Озодии андеша, руҳ, озодии гуфтор… Шаш қисмати китоби «Маснавӣ», бо бисту панҷ ҳазору шашсаду ҳаждаҳ думисраӣ(байтҳо) дар давоми понздаҳ сол эҷод шуда бошанд ҳам, вале як китоб аст, ягона аст аз рӯи тартиб ва нигоҳ ба олами ҳастӣ. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба эҳтироми ин нобиғаи миллат ва «Маснавии маънавӣ»-и вай фармуда буданд: Он Фаридуни ҷаҳони маънавӣ, Бас бувад бурҳони зоташ «Маснавӣ». Ман чӣ гӯям васфи он олиҷаноб, Нест пайғамбар, вале дорад китоб. «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ, Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ. Имрӯз донишмандон «Маснавӣ»-ро «Энсиклопедия-қобусномаи сӯфия» ва «Энсиклопедия-қобусномаи фолклории замони Мавлоно» ном мебаранд. Вале метавон гуфт, ки ин китоб маҷмӯи донишҳо, кодекси қоидаҳои одобу ахлоқ ва роҳнамое барои таҳлили равонии инсон мебошад. Бо қаноатмандӣ гуфта метавонам, ки Мавлонои бузург чунин як намояндаи баландфитрату ирфонии собиқи масеҳӣ, олиму шоири тавонои олмонӣ Йоҳан Волфҳанг Ҳётеро мафтуни ашъори волову баландпояи худ гардонида будааст. Дар асари хеле машҳури Ҳёте «Девони ғарбиву шарқӣ» нисбати шахсият ва осори маънавии Мавлонои Балхӣ чунин суханонро метавон хонд, ки: «Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ (Румӣ) аз зумраи он шоиронест, ки сароидаҳояш ҳамеша дар ситоиш ва ҳамду саност ва барояш мазаммату шиквагӯӣ бегона мебошад. Дар ин роҳ Мавлоно танҳо як арши ситоиш ва ҳамду саноро, ки аз ҳамаи зебоиву бузургиҳо, хирадмандиву покиҳо, қудрату тавоноиҳо зеботару бузургтару хирадманду поку пурқудрату тавоно ва абадиву бениёз мебошад, яъне Худованди таборак ва таъолоро мебинад. Ҳамин тавр ҳар як тору пуди мисраҳои Мавлонои Балхӣ саршору печидаи танҳо як чизанд, ки онро ҳамди Худованд ва санои ишқи поки Худованд мегӯянд». Шояд аз ҳамин ҷост, ки Мавлоно дар «Маснавии маънавӣ»-и худ фармудаанд: Ҳарчӣ ҷуз ишки Худои аҳсан аст, Гар шакархӯрдан бувад, ҷонкандан аст! Мавлоно одамонро ба некӯкорию некбинӣ даъват намуда, таъкид месозад, ки ҳеҷ вақт аз меҳрубониву бахшандагии Худованд ноумед набошанд: Боз о, боз о, ҳар он чӣ ҳастӣ, боз о, Гар кофару габру бутпарастӣ, боз о. Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест, Сад бор агар тавба шикастӣ, боз о. Фармонфармоёну ҳокимони даврро Мавлоно ҳушдор месохт, ки «онҳо низ рӯзе лаззати маргро мечашанд, онҳо низ дар майдони даъвои Ҳаққ, дар назди Паймонакаши ҳаққ ва дар назди насли оянда ҷавобгаранд». Ӯ медонист, ки ҳатто ҳокимони аз одамият дур ҳам наметавонанд аз одамият озоду бениёз бошанд. Аз ҳамин хотир Мавлоно на ба одамияти ҳукмфармоёни замона, балки ба заифии умумиинсонии онҳо, ки хоҳиши дар назди насли оянда абадӣ гардонидан ва сафед кардани худашон мебошад, муроҷиат мекард. Ба саволи: «Дунё дар куҷост?», Мавлоно ҷавоб медод, ки: «Дар дили шумост!». Мавлоно таъкид мекард, ки «ҷисм» ва «руҳ»-и инсон мисли аспу савора аз якдигар ҷудо буда наметавонанд. Вале хӯроки аспро савора наметавонад тановул кунад. Ҳар кадоми онҳо ғизои худро доранд. Ҳамин тавр, агар савора аспро ба иродаи худ тобеъ накунад, пас асп ӯро ба манзили мақсуд не, балки ба саисхона-аспхона меоварад. Мавлоно забонҳои арабӣ, туркӣ ва юнонӣ(грекӣ)-ро хуб медонист ва ҳатто ба забони юнонӣ шеър ҳам гуфтааст. Тахаллуси аввалини шоирии Мавлоно «Хомӯш» будааст. Бегоҳии рӯзи якшанбе, 17 декабри соли 1273, пеш аз ғуруби офтоб фарзанди Султони Илм, бузургтарин фард аз табааи султонҳои салҷуқӣ, устоди суфиёни олам, ҳаммиллату ифтихори тоҷикон-Султони дин Мавлоно Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ ин дунёро падруд гуфт. Ҷанозаи Мавлоно рӯзи душанбе баргузор гардид. Шунидаам, ки тибқи таълимоти илми ситорашиносӣ, пас аз асри ҳар рӯз, рӯзи нав сар мешавад. Яъне бегоҳии рӯзи якшанбе, 17 декабри соли 1273 низ ба рӯзи душанбе рост меояд. Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад(с) ҳам дар ҳамин рӯз, яъне рӯзи душанбе реҳлат доштаанд. Дар ҷанозаи Мавлоно турку тоҷик(хуросонӣ), юнониву арманӣ, мусулмону насрониву яҳудӣ-ҳама ба поси хотири ин хирадманд ширкат ва ҳар кадоме бо роҳу одати худ бо вай видоъ мекарданд. Ҳофизон Қуръон тиловат менамуданд, раввинҳо бошанд Инҷилу Талмуд, муллоҳои православӣ псалмаҳо месуруданд, ошиқон рубоб менавохтанд, нақора мезаданд, рақси самоъ мекарданду дар ҳолати мастона мисраҳои ишқӣ тараннум менамуданд. Ин лаҳзаи видоъро фарзанди донишманди Мавлоно-Султон Валад чунин ба қалам дода буданд: Мардуми шаҳр аз сағиру кабир, Ҳама андар фиғону оҳу нафир. Деҳиён ҳам зи румию атрок, Карда аз дарди ӯ гиребон чок. Ба ҷаноза-ш шуда ҳама ҳозир, Аз сари меҳру ишқ, на аз паи бир. Аҳли ҳар мазҳабе бар ӯ содиқ, Қавми ҳар миллате бар ӯ ошиқ. Карда ӯро масеҳиён маъбуд, Дида ӯро ҷуҳуд хуб чу Ҳуд. Исавӣ гуфта ӯст Исии мо! Мӯсавӣ гуфта ӯст Мӯсии мо! Муъминаш хонда сирру нури расул, Гуфта ҳаст ӯ азим баҳри нағул Издиҳоми бузурги одамон аз паси ҷанозаи Мавлоно бо душворӣ раҳпамоӣ мекарданд ва ҳар яке мехост, ки ба тобути вай дастрасӣ дошта бошад. Дар чунин ҳолат бенизомиҳо низ рух медоданд. Ба болои ин, яке аз фақеҳони дарбори подшоҳи салтанати салҷуқиён Муиниддин Парвона ба вай наздик шуда хитоб мекунад, ки насрониву яҳудиёнро аз ҷанозаи Мавлоно дур созанд. Ин таклифро Муиниддин Парвона қабул менамояд, вале дар ҳамин лаҳза аз миёни мардум овози коҳини калисои православӣ, падари руҳонӣ Стефаний баланд мешавад, ки мегуфт: «Эй подшоҳи одил! Чуноне, ки офтоб бо нури худ дунёро рушан месозад, Мавлоно низ бо Нури Ҳаққ роҳи инсониятро рушан кардааст. Офтоб бошад ба ҳама таалуқ дорад. Магар худи Мавлоно нагуфта буд, ки: « Аз ман сирри ҳафтоду ду халқро мефаҳманд. Ман ҳамон найе ҳастам, ки дар ҳар як лаҳзаи сози ман садҳо садоҳо хуфтаанд. Агар мо ба диндорони худ фармон ҳам диҳем, онҳо итоат намекунанд». Ин даъвати падари руҳонӣ Стефанийро сарвари ҷамоати яҳудиён раввин Хайаффа дастгирӣ намуда мегӯяд: « Мавлоно чун нон ҳастанд ва нон бошад ба ҳама зарур аст. Шумо дар куҷо дидед эй амир, ки гурусна аз нон гурехта бошад?». Аз бисёрии одамон ва фишори издиҳом масофаи то ҷанозагоҳ-масҷиди шаҳр расидани ҷаноза, тобути Мавлоно чор маротиба аз дастҳои барандагон афтода мешикаст ва ҳар дафъа ҳунармандону косибони Қуния онро таъмир карда ба тартиб меоварданд. Танҳо бегоҳӣ тобутро ба ҷанозагоҳ ҳозир карданд. Манзили охирати Мавлоно-Султони дин дар қатори турбати қиблагоҳашон Баҳоуддин-Султони Илм хеле хоксорона буд. Танҳо баъди дуюним аср аз рӯзи вафоташон дар болои хоки турбати Мавлоно марқад ва гумбазе бо номи «Қуббо-и-хазра»-«Гумбази сабз» бунёд мегардад. Дар олам кайҳо боз султонҳову вазирони салтанати салҷуқии даврони Мавлоно нестанд ва касе ҳам аз фармону дархостҳои онҳо ёд надорад ва онҳоро бо ному насабашон намедонад… Вале, агарчӣ зиёда аз ҳафтсад сол гузашта бошад ҳам, одамон ба зиёрати марқади Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба шаҳри Қунияи Туркия меоянд. То бист, сӣ ҳазор дар як рӯз… Имрӯз воқеан Мавлонои Балхӣ бо фазилату мероси бузурги илмиву адабии худ мояи ифтихору сарфарозии тоҷику тоҷикистониён аст. Вале талаботи давр ин аст, ки ҳар як фарди боору номӯс, ба хусус ҷавонон, дар арсаи омӯзиши илму технологияи замони муосир кӯшиш ба харҷ дода, ба ҷумлаи ворисони ҳақиқии ин нобиғаи бузургу хирадманд ворид шуда, дар таъмини пойдории соҳибистиқлолӣ ва рушду нумӯи Ватани азизамон-Тоҷикистон саҳми арзандае гузорад. Барҳақ дар китоби худашон «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Таманнои онро дорам, ки ҳар як шаҳрванди кишвари мо чун муршиди маънавии худ Мавлоно ҳамеша васлгари дилҳо, тараннумсози ваҳдат, тарғибгари сулҳу оромӣ ва дар ин поя мояи ифтихори миллату Ватани азизи худ бошад ва ин хислатҳои волотарини инсониро умрбод арҷгузорӣ кунад». Аҳмадҷон Ализода, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.