Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Қаҳва барои пешгирии заъфи ақл дар пиронсолӣ кумак мекунад

Қаҳва барои пешгирии заъфи ақл дар пиронсолӣ кумак мекунад

7-10-2016, 09:35
Хабарро хонданд: 357 нафар
Назарҳо: 0
 Қаҳва барои пешгирии заъфи ақл дар пиронсолӣ кумак мекунад

Олимони Донишгоҳи Висконсин-Милуокии Амрико таҳқиқ карданд, ки истеъмоли қаҳва ба кам кардани эҳтимолияти бемории заъфи ақл дар пиронсолӣ кумак хоҳад кард. Дар ин бора рӯзномаи «Известия» иттилоъ медиҳад.
Мутахассисон муддати 10 сол саломатӣ ва одатҳои хӯрокхӯрии 6,5 ҳазор занони аз 65- сола болоро омӯхтанд. Инчунин дар давоми озмоиш, коршиносон кори мағзи иштирокчиёни ихтиёрии озмоишро назорат намуданд.
Маълум шуд, нафақахӯроне, ки мунтазам қаҳваи кофеиндорро менӯшиданд, камтар гирифтори бемории деменсия мешуданд. Бино ба иттилои «Свободная пресса» шахсе, ки дар як рўз ду пиёла об менӯшид, эҳтимолияти бемориаш то ба 36% паст гардид.
Ба гуфтаи олимон, таъсири мусбати қаҳва дар он аст, ки кофеин метавонад ретсепторҳои кимиёвии махсусро, ки дар синни камолот нодуруст фаъолият намуда, ба фаъолияти минтақаҳои мағзи сар (чун барои хотира ва омӯзиш ҷавобгӯянд) таъсири манфӣ мерасонанд, муҳосира намояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: