Шиносоӣ бо дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳияи Восеъ ва расму оинҳои миллию ҳунарҳои мардумӣ4-10-2016, 15:11
Хабарро хонданд: 325 нафар
Назарҳо: 0
Дар ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳияи Восеъ ва расму оинҳои миллию ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби хоҷагидорон ва ҳунармандону кадбонуҳо дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буд, шинос шуданд. Бо тарзи омода кардани маводи ғизоӣ, аз ҷумла нонҳои пухтаи хушлаззати кадбонуҳо, таъомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ки анъанаву сунатҳои неку қадимаи миллати тоҷикро муаррифӣ мекарданд, Президенти мамлакат таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд ва ба маҳсули эҷоди ҳунармандон баҳои баланд доданд. Дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ занону бонувони ноҳияи Восеъ ғизоҳои гуногун, маҳсулоти қаннодӣ, ки бо тарзу усули хос омода карда шудааст, пешниҳоди кулли иштирокчиён намуданд. Ҳунарҳои қадимаи мардумӣ, ки бештар хоси ин минтақаи ҷумҳурӣ мебошад, ба намоишгоҳ шукуҳу ҷалоли хоса ва зебу зиннати нотакрор бахшиданд. Дар намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагидорон анвои гуногуни меваҳои шаҳдбор аз қабили себу нок, анор, ангур ва дигар меваҷоте, ки дар ноҳияи Восеъ истеҳсол карда мешаванд, пешниҳод гардида, дарак аз файзу баракат ва фаровонии дастурхони аҳли заҳмат медод. Аз кишти зироатҳои лубиёгӣ ба монанди наск, нахуд, мош, зағир ва дигар номгӯйи ғалладонагиҳо, ки имсол бо меҳнати шабонарӯзии аҳли заҳмат истеҳсол шудаанд, дар намоишгоҳ фаровон ба назар мерасиданд. Маҳсули меҳнати занбури асалпарварон дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда, имсол аҳли заҳмат аз оилаҳои занбури асал 35,6 тонна асал истеҳсол карданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Восеъ шумораи оилаҳои занбӯри асал сол то сол зиёд шуда, дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ содироти он ба хориҷи кишвар ба роҳ монда мешавад. Зимни шиносоӣ бо намоиши дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳияи Восеъ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳқонон барои истифодаи босамари замин ва интихоби тухмиҳои серҳосил дастуру маслиҳат дода, таъкид карданд, ки ҷиҳати дар оянда таъмин кардани рушди бахшҳои соҳаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ғаллакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ, занбӯри асалпарварӣ, чорводорӣ ва паррандапарварӣ аз шароиту имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд. Истеҳсоли картошка, пиёз, сабзавоти тару тозаи кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг, лаблабу, шалғам, полезиҳо тарбузу харбуза, каду ва дигар номгӯйи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Восеъ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ зиёд гардида, дар намоишгоҳ аҳли заҳмат дастовардҳои назарраси хешро ба маъраз гузоштанд. Дар ҳамин ҷо хатнасури 50 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд ба таври дастҷамъона гузаронида шуда, ба онҳо тӯҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид. Анъанаҳои мардумӣ дар «Бозори ҳунар» бо пешниҳоди чакандӯзиву қуроқдӯзӣ, намадбофӣ, тӯйи домодиву арусӣ ва дигар маросимҳое, ки мардуми соҳибтамаддуни тоҷик ва дорои таърихи бою пурғановат дар гузашта доир мекарданд, макони намоишгоҳро бошукуҳу диданӣ гардонид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару истеъдоди занону бонувон, санъаткорон, атласу адрасбофон ва дигар анъанаву сунатҳои қадимаи миллӣ шинос шуданд ва барои эҳёи бештари онҳо дастуру ҳидоятҳо доданд. Оилаи ҳунармандони ноҳия Мирзо Ҳоҷиматовҳо бо пешниҳоди суруду таронаҳои дилангез намошгоҳи ҳунарҳои мардумиро шукуҳи дигар бахшиданд. Дар маҷмуъ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва «Бозори ҳунар» дар сатҳи баланди ташкилӣ ба роҳ монда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.