Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Ақли зан

20-09-2016, 10:03
Хабарро хонданд: 540 нафар
Назарҳо: 0
Ақли зан


Дар ҳоле, ки мақоли «мӯйдарози ақлкӯтоҳ» ҳоло ҳам «зеб»-и суханҳои мард дар нисбати зан аст, ба мавзӯе рӯ меорем, ки доимо мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеа аст.
Хиради зан, яъне чӣ?
Чӣ тафриқае ҳаст миёни ақли зан ва хиради умумиинсонӣ? Кай зан хирадманд мегардад ва оё ӯ аз ин сифати хеш дар зиндагӣ истифода карда метавонад? Оё заковаташ ба ӯ имкони дар гирудору печутобҳои ҳаёт зинда мондан медиҳад ё баръакс мушкилоташро меафзояд?
Шояд ҳар кадоме аз шумо борҳо перомуни ин масоил андеша кардаед, аз таҷриба сабақ омӯхта, тарҳи нави зиндагӣ кашидаед? Таҷрибаи зиндагӣ бо гузашти умр шакл мегирад ва шояд баъдан шахс идрок кунад, ки сифати муҳимтарини зани боақл? ин эҳсоси сазовор буданаш, ё донистани эътибор, шаън, қадру қимати худи ӯст. Дарки шахсияти худ ва донистани қадри хеш дар зиндагӣ, имкон медиҳад, ки умри гузаштаро аз ҳамин мавқеъ идрок бисозӣ.
Қадри зан чист? Ба андешаи ман ин маҷмӯи меъёрҳоест, ки зан дар муносибат бо атрофиён, бо мард ва ҳатто ба худ онҳоро ба роҳбарӣ мегирад. Зани оқила мефаҳмад, ки кай ӯро дӯст медоранд ва кай вайро истифода мекунанд. Чунин зан зиндагии хешро сарфи майзадагон, булҳавасон ва онҳое, ки аз ҳисоби ӯ зиндагӣ кардан мехоҳанд (ба қавли имрӯзиён - алфонсҳо), намекунад. Зеро инҳо нафаронеанд, ки шахсияти ӯро нобуд месозанд. Ё вайро ба итоати худ пурра дароварданӣ мешаванд.
Зани хирадманд ба мард кӯдаквор муносибат карда, дар зиндагӣ аз дасти вай гирифта намебарад. Зеро марди ҳақиқӣ ба ин ниёз надорад. Айни замон бо нафаре, ки ин чизҳоро намефаҳмад, яъне худ ақли пешбурди рӯзгорро надорад, зиндагӣ бунёд кардан маънӣ надорад.
Мехоҳед бигӯед, ки ишқу муҳаббат чи?
Вале зани оқила медонад, ки дӯст доштан ин азоб кашидан нест. Ва агар марде, ки туро дар зиндагӣ хушбахту хурсанд накарда, ба муҳаббатат бо ҳиссиёти пок ҷавоб дода наметавонад ва ба эҳсосотат ҷавобан ҳиссе надорад, бо ӯ мондан дигар маъние надорад. Зеро таҷриба собит месозад, ки касе бо зӯрӣ маҳбубу дӯстдоштанӣ намегардад.
Зани оқила шахси воқеан ошиқу маҳбубро аз фанокунандаи умраш фарқ мекунад. Ӯ хуб дарк месозад, ки бо ашхосе, ки аз хушбахтӣ дида, бештар ба сараш ғаму кулфат меоранд ва хоса ғурури инсониву занонаашро мешикананд, дер ё зуд муносибатҳо сард гашта, ҷудоӣ пеш меояд. Оё чунин мард дар ҳаёти шумо буд? Магар ба ҷойи ёде аз ӯ, дар хотираҳои шумо пушаймониву афсӯс аз рӯзҳои ба вай бахшидаатон, чизи дигаре ҳаст? Нест.Зеро чунин зиндагӣ ба ҷуз аз даст додани чанд соли умр чизи дигаре нест.
Зани боидрок зуд мефаҳмад, ки аз будани чунин ҳамсафари ҳаётӣ танҳоӣ беҳтар аст. Зеро танҳоӣ эҳсос кардани ҷуфте (ду кас), замони бо ҳам будан, яъне дар як оила зистан, бадтарин лаҳазоти умри онҳост.
Зиёд аз занҳо мешунавем, ки аз танҳо мондан ҳарос доранд, аз ин рӯ дар оташи азоби рӯҳӣ, зулму хушунат ё рашк сӯхта, азоб кашида, ҳамсар ва ё шахси ҳамхона ва ё дӯстдоштаашонро тарк намекунанд. Вале намефаҳманд, ки бо чунин тарзи зиндагӣ ӯ дер ё зуд худаш аз шумо меравад. Бигузоред, ки биравад, зеро барои вай дигар дарди шумо эътибор надорад, ғаматон бетаъсир аст, худатон қадр надоред. Марде, ки занро эҳтиром мекунад, намегузорад, ки ӯ заррае ранҷ бикашад, таҳқир шавад ва ё заррае фиреб эҳсос кунад. Вале барои марде, ки шуморо эҳтиром, чӣ, ки одам намешуморад магар меарзад, ки умр сарф кард?
Зани боақл эҳсосоти худро эҳтиром қоил аст.
Албатта гоҳе, ки шахс дӯст медорад, ғуруру эътиборро ҳифз кардан душвор мегардад. Зеро инсон барои дӯстдоштаашро худро қурбон мекунаду дар ин ҳол, дигар дар бораи ғурур ҳатто намеандешад. Вале бе ҳифзи ин ҳарду муҳаббат ба азоб мубаддал мешавад. Зани оқила аз мард ҳеҷ чиз талаб намекунад, зеро мефаҳмад, ки шахси ошиқ худаш ҳама чиро медиҳад.
Баъзеҳо баҳс мекунанд, ки дар ишқ, кас бояд худро қурбон созад, ҳама чиро бо «чашми дил» бубинад, пурсабру тоқат бошад, бахшанда бошад на талбанда. Худро фаромуш созаду тамоми ҳастии хешро ба маъшуқ бибахшад. Шояд дуруст аст, вале суоле пеш меояд, ки баҳри кӣ ё чӣ? Ва ин ҳама то ба куҷо мебарад? Оё беҳтар нест, ки шахсияти худро ва онеро, ки дӯст медорем эҳтирому эътироф ва ҳифз бисозем? Яъне инсон бояд дар ҳама ҳолат шахсияташро нигоҳ бидорад, онро поймол накунад.
Зани оқила дарк месозад, ки шахси маҳбубаш моли ӯ нест ва бо талаби қатъӣ гузоштан ҳам, моли шахсии вай намешавад. Ба ӯ чун як молу чизи худ ё танҳо аз они худ муносибат насозад. Рашк бошад, ин нишон аз заифии инсон аст, аз ин рӯ набояд миёни ҷуфтҳо ҷой дошта бошад.
Зани боақл дар навбати аввал худро мешиносад, эҳсосоти ҳақиқии хешро дарк месозад рӯҳу бадани хешро меомӯзад. Ӯ дӯст доштани шахсияти худро дар ҳама ҳолат бо ақл идрок месозад.
Нахуст худро меомӯзад, такмил медиҳад. Ва мекӯшад, ки аз муносибат ба шахсияти хеш ҳаловат бурданро биомӯзад.
Хирад бо гузашти солҳо ва таҷрибаи ҳаётӣ инкишоф меёбад. Набояд таассуф аз хатоҳои содиршуда хӯрд, зеро онҳо аллакай рух додаанду дигар имкону роҳи қафо гаштан нест. Набояд тарсид, ки дигар онҳоро ислоҳ карда намешавад. Ҳама чиро ислоҳ кардан имкон дорад. То замоне, ки ҳаёт ҳаст, зиндагӣ идома дорад, бояд ислоҳи хатоҳои ҷавонӣ кард ва ноумед набояд шуд, ки ҳаётат нодуруст идома меёбад.
Бонувони гиромӣ хирадманд бошед, аввалан худро дӯст бидоред, эҳтиром намоед ва аз худ ифтихор созед. Бидонед, ки аз ҳама муҳим дар зиндагӣ қадри худро донистан аст. Одаме, ки қадри инсонии худро дар зиндагӣ пос медорад, баъди маргаш низ бообрӯ хоҳад буд, зеро зиндагии сазоворере пушти сар гузоштааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: