Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суханронӣ дар таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил

Суханронӣ дар таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил

1-09-2016, 10:42
Хабарро хонданд: 247 нафар
Назарҳо: 0
Суханронӣ дар таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил

Устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз!
Ҳамватанони гиромӣ!

Таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсилро, ки дар остонаи ҷашни биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара доир мегардад, ба кулли кормандони соҳаи маорифи мамлакат, хонандагону донишҷӯён, падару модарон ва мардуми сарбаланди кишвар самимона табрик мегӯям.

Боиси ифтихор аст, ки имсол халқи шарафманд ва соҳибхиради мо роҳи дар зарфи чоряк аср тайкардаи худро ҷамъбаст намуда, бо шукрона аз фазои оромиву осудагӣ бузургтарин ҷашни миллиамонро бо ифтихори баланди ватандӯстона пешвоз мегирад.

Дар ин раванд, хусусан, аз рӯҳияи ҷавонони Тоҷикистони азиз эҳсос мегардад, ки онҳо дар омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир беш аз ҳар вақти дигар кӯшиш карда, нерӯи худро бо ташаббусу ибтикороти шоиста барои пешрафту ободии Ватани маҳбубамон сарф карда истодаанд.

Мо дар сиёсати худ аз рӯзҳои аввал ба масъалаи омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ба наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, рушди илму маориф ва ислоҳоти ин соҳаҳоро омили муҳимтарини наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир ва таҳкими давлат эълон доштем ва дар зарфи 25 соли истиқлолият тадбирҳои зиёдеро дар ин самт амалӣ гардонидем.

Бояд гуфт, ки баъди воқеаҳои даҳшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар солҳои навадуми асри гузашта маорифи мо пурра фалаҷ гардида, дар минтақаҳои шарқӣ ва ҷанубии кишвар биноҳои таълимӣ ва инфрасохтори асосии соҳа қариб ба нестӣ расида буд.

Масалан, танҳо дар водии Вахш садҳо муассисаи таълимӣ хароб гардида, садҳо ҳазор ҷилд китобҳои дарсӣ ва бадеӣ, ки дар китобхонаҳои мактабҳо нигоҳдорӣ мешуданд, сӯзонида шуданд.

Ҳамин гуна вазъият дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ низ такрор ёфта, дар натиҷа ба соҳаи маориф, дар маҷмӯъ, беш аз як миллиард сомонӣ хисорот ворид карда шуд.

Баъзе китобҳои нимсӯхтаву захмин, ки аз оташи сӯзони ҷанг боқӣ мондаанд, то ҳол ҳамчун нишонаи нангини давраи бесарусомониҳо ва худсӯзиҳо нигоҳдорӣ шуда, ба сифати сабақи пурфоҷиаи даврони ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ муаррифӣ мешаванд.

Ин ҳолат ба рӯҳияи омӯзгорону хонандагон ва умуман шаҳрвандони кишвар таъсири ҳузнангез расонида, авзои ҷомеаро торафт мураккаб мегардонид.

Аксарият медонистанд, ки фалаҷшавии ин соҳа барои кишвар зарари ҷиддӣ ва хисороти вазнин мерасонад.

Дар ин давраи ниҳоят ҳассосу фоҷиабор нерӯҳои солими ҷомеа барои ҳарчи зудтар хомӯш кардани алангаи ҷанг кӯшиш мекарданд.

Бо майлу ирода ва талаби мардум баргузор шудани Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин иқдоми наҷотбахш дар ин роҳ буд, ки як қатор масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ, аз ҷумла барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва қабули баъзе рамзҳои давлати соҳибистиқлолро ҳаллу фасл намуд.

Баъди ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ музокирот барои истиқрори сулҳ оғоз гардида, қариб чор сол идома пайдо кард ва моҳи июни соли 1997 санади сулҳ ба имзо расид, ки он омили сарҷамъӣ, ваҳдат ва воситаи раҳоӣ аз вартаи парокандагӣ дар кишвар гардида, барои ба эътидол овардани вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи маориф замина фароҳам овард.

Ҳукумати мамлакат дар сиёсати стратегии худ аз рӯзҳои аввали сулҳу оромӣ ва устувор гардидани ваҳдати миллӣ ба соҳаи илму маориф афзалияти бештар дод ва ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ, бунёду навсозӣ, сохтмону таъмири муассисаҳои таълимӣ шурӯъ намуд.

Дар ин муддат якчанд қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳа қабул гардида, барои татбиқи стратегия, консепсия ва барномаҳои нави давлатӣ миллиардҳо сомонӣ сарф карда шуд.

Дар натиҷа соҳаи маориф аз буҳрони вазнин наҷот ёфта, роҳи ислоҳоту навсозиро пеш гирифт.

Бо туфайли ислоҳот ва татбиқи барномаҳои давлатӣ то ба имрӯз беш аз 2500 муассисаи таълимӣ аз нав бунёд гардида, ҳазорҳо муассиса аз таъмири асосӣ бароварда, ба шароити муосир мутобиқ гардонида шуданд.

Инчунин пояҳои моддиву техникии муассисаҳо пурқувват гардонида шуда, технологияҳои муосир ба низоми таҳсилот ворид гардиданд ва масъалаи компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли ҷашнӣ ба 111 фоиз расонида шуд.

Ҳоло донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бо 17 ҳазор компютер таъмин буда, ба 7 нафар донишҷӯ як компютер рост меояд, ки ин рақам нисбат ба нишондиҳандаи мактабҳои миёна қариб ду баробар зиёд мебошад.

Ҳамзамон бо ин, дар мамлакат муассисаҳои типи нав пайдо гардида, ба сатҳу сифати таълим таъсири мусбат расониданд.

Ба фаъолият оғоз намудани беш аз 150 литсею гимназияҳо барои ба равияҳо ҷудо кардани хонандагон ва тибқи завқу шавқи онҳо ба таълим фаро гирифтани фарзандон самараи дилхоҳ бахшид ва ба рушди соҳаи маориф мусоидат намуд.

Ба шарофати истиқлолият бори аввал дар кишвар мактабҳои президентӣ таъсис ёфтанд.

Ин муассисаҳо аз ҷиҳати лоиҳа, ҷойгиршавӣ, шароити таълиму тарбия, таъминот бо техника ва технологияҳои муосир бартариҳои зиёд дошта, барои кӯдакон ва наврасони болаёқат макони азхуд намудани донишҳои замонавӣ гардиданд.

Дар баробари ин, мо ба бахши хусусӣ низ роҳ кушодем.

Имрӯз дар мамлакат зиёда аз 60 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 50 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла гимназия ва коллеҷҳои хусусӣ ба фаъолият машғул буда, дар таълим ва тарбияи фарзандони кишварамон саҳми арзишманд гузошта истодаанд.

Зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ низ навсозӣ гардид ва имрӯз ин зинаи таҳсилот ба мактаби бузурги тарбияи кадрҳои коргарӣ ва касбӣ табдил ёфтааст.

Маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар зарфи бисту панҷ соли охир 7 баробар зиёд гардида, аз 32 миллион сомонии соли 2011 ба 296 миллион сомонӣ дар соли 2016 расидааст.

Таҳким ва рушди ин зинаи таҳсилот дар шароити кунунӣ ниҳоят муҳим буда, барои омода кардани мутахассисони миёнаи коргарӣ ва касбӣ, ки бозори меҳнат ба онҳо талаботи зиёд дорад, нақши назаррас мебозад.

Махсусан, азхуд кардани ҳунарҳои суннативу муосир оянда ба беҳбуд бахшидани зиндагии духтарону писарон мусоидат менамояд.

Мо бо мақсади дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои халқӣ марказҳои таълими калонсолонро таъсис додем, ки онҳо барои азхудкунии касбу ҳунарҳои муосир кумаки зиёд мерасонанд.

Ҳоло дар кишвар шумораи чунин марказҳо ба 75 расида, то ба ҳол беш аз 310 ҳазор кадрҳои коргарӣ омода кардаанд.

Мо супориш додаем, ки ин иқдом минбаъд дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар зинаҳои таҳсилот низ идома дода шавад.

Ислоҳот ба зинаи таҳсилоти олии касбии кишвар низ таъсири мусбат расонида, мо дар даврони соҳибистиқлолӣ заминаи моддиву техникии онҳоро бамаротиб таҳким бахшидем ва барои азнавсозии инфрасохтори ин зинаи таҳсилот садҳо миллион сомонӣ сарф намудем.

Ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат аз ислоҳот дар ин зинаи таҳсилот ҷорӣ кардани стандартҳои байналмилалӣ, ба таҳсилоти ҷаҳонӣ наздик кардани барномаҳои таълимӣ, навсозии сифати таълим ва омода кардани кадрҳои босалоҳияте, ки ҷавобгӯи талаботи бозори дохиливу хориҷӣ бошанд, ба шумор меравад.

Маҳз масъулияти баланд, ташаббус ва назорати муттасили раванди таълим ва ҳамзамон бо ин, серталабӣ ва оштинопазирии омӯзгор ба таъсири ҳама гуна омилҳои манфӣ, аз ҷумла кирдорҳои коррупсионӣ имкон медиҳад, ки сифат ва самаранокии таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот боз ҳам беҳтар гардад.

Мо иншооти имрӯзаро маҳз бо мақсади дастгирии минбаъдаи зинаи таҳсилоти олӣ ҳамчун иқдоми ғамхоронаи Ҳукумати мамлакат ифтитоҳ намудем.

Тавре ки огоҳед, мо чанд рӯз пеш дар ноҳияи Бохтар ба фаъолияти Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, ки дар он тамоми инфрасохтори муосир муҳайё шудааст, ифтитоҳ бахшидем.

Ҳамчунин, ду рӯз пеш бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии славянии Тоҷикистону Россияро ба маблағи 47 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супоридем ва барои омӯзгорону донишҷӯёни ин муассиса шароити беҳтаринро муҳайё намудем.

Илова бар ин, рӯзи гузашта дар ноҳияи Данғара санги асоси Донишгоҳи давлатии тиббии вилояти Хатлонро гузоштем, ки баъди ба фаъолият оғоз кардани он барои ҳалли яке аз проблемаҳои ҷиддии кишвар ва вилоят - тайёр намудани мутахассисони соҳаи тиб имконияти бештар фароҳам хоҳад омад.

Мо рӯзҳои наздик дар вилояти Суғд гузоштани санги асоси бинои марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ва дар шаҳри Кӯлоб Донишкадаи технологӣ ва инноватсиониро ба нақша гирифтаем.

Ҳангоми сафари худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Ҳукумат дастур дода будам, ки лоиҳаи бинои асосиву таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоевро дар муддати кӯтоҳтарин омода карда, барои мувофиқа пешниҳод намояд.

Ғайр аз ин, ният дорем, ки дар ояндаҳои наздик дар яке аз ноҳияҳои калонтарини кишвар - ноҳияи Вахш коллеҷи кишоварзӣ таъсис дода, бунёди бинои нави Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хисравро оғоз намоем ва барои таҳкими инфрасохтори соҳаи маориф заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварем.

Муассисаи навбунёде, ки ҳоло мо дар саҳни он қарор дорем, яъне Донишгоҳи давлатии Данғара дар шакли маҷмааи таълимӣ (кампус) бунёд ёфта, биноҳои таълимӣ, толорҳои варзишиву фарҳангӣ, иншооти ёрирасон ва хобгоҳу хонаи муаллимон дар як мавзеъ ҷойгир шудаанд.

Чунин тарзи сохтмони ифрасохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ имкон медиҳад, ки устодон ва шогирдон дар робитаи доимӣ қарор дошта, вақти худро бештар ба таълиму тарбия ва омӯхтани донишҳои замонавӣ сарф намоянд.

Дар биноҳои таълимӣ ва ёрирасони донишгоҳ факултетҳои табиатшиносӣ, забонҳои хориҷӣ, иқтисодӣ, аграрӣ ва техникӣ ҷой гирифта, дар онҳо аз рӯи 29 ихтисос кадр омода карда мешавад.

Дар донишгоҳ барои 145 нафар профессорону омӯзгорон манзили зист ва барои беш аз ду ҳазор нафар донишҷӯён хобгоҳи беҳтарин бунёд гардидааст.

Муассисаи мазкур якчанд сол пеш дар сохтори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур таъсис ёфта, дар якчанд бино иҷоранишин буд.

Се сол муқаддам он ҳамчун донишгоҳи мустақил ба кор шурӯъ карда, дар муддати кӯтоҳ бо кадрҳои илмӣ таъмин гардонида шуд.

Тавре ки мо имрӯз дидем, ҳоло барои тайёр кардани кадрҳои ба талаботи замон мувофиқ тамоми шароити зарурӣ муҳайё шудааст.

Акнун роҳбарият ва устодонро зарур аст, ки ба сатҳу сифати таълим диққати бештар диҳанд, сатҳи омодагии касбиашонро баланд бардоранд ва барои пешбурди иқтисоди миллии кишвар мутахассисони замони муосирро тарбия намоянд.

Бо истифода аз фурсати мусоид, мехоҳам ба ҳамаи меъморону сохтмончиён, ки дар бунёди ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳиссаи сазовор гузоштаанд, миннатдорӣ баён намоям.

Ҳозирини гиромӣ!

Вазифаи муҳимтарине, ки имрӯз дар назди соҳаи маориф қарор дорад, мунтазам баланд бардоштани сифати таълим мебошад.

Зеро азхудкунии фанну ихтисосҳои алоҳида ва сатҳи дониши хатмкунандагон, яъне омодагии мутахассисони ҷавон дар доираи талабот ва стандартҳои давлатӣ беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.

Аз ин рӯ, зарурати такмили барномаву китобҳои таълимӣ ва таҳкими салоҳиятҳои шогирду устод пеш омада, масъулонро зарур аст, ки назоратро дар ин самт пурзӯр намоянд ва доираи донишу маҳорат ва малакаи азбарнамоии фанҳоро баланд бардоранд.

Дар баробари ин, сатҳу сифати таълими фанҳо мавриди назарсанҷӣ қарор гирифта, дар асоси натиҷаҳои он бояд усулҳои фаъоли таълим ҷорӣ гардад ва маҳорати касбии омӯзгорон таҳким бахшида шавад.

Ҳамзамон бо ин, бинобар кам будани вақти ҷудошуда ва нарасидани соатҳо ба баъзе фанҳои асосӣ, ба барномаи таълимӣ ворид шудани фанҳои нав, инчунин беҳбуд бахшидан ба сифати таълим масъалаи дар оянда аз нав дида баромадани давомнокии таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот аз ҳисоби рӯзҳои гармо ногузир гардида, масъулонро зарур аст, ки якҷо бо мутахассисони соҳа ин масъаларо баррасӣ намоянд ва хулосаҳояшонро ба Ҳукумати кишвар манзур созанд.

Дар шароити таҳаввулоти босуръати илмиву технологӣ зарурати дар раванди таълим ҷорӣ кардани воситаву таҷҳизоти инноватсионӣ амри воқеӣ гардида, ба роҳ мондани таълим тавассути воситаҳои муосири техникӣ ногузир мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то ҳол малакаи аз ин воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ истифода карда тавонистани омӯзгорон, бахусус муаллимони равияҳои гуманитарӣ дар сатҳи зарурӣ қарор надорад.

Омӯзгори имрӯза бояд барои аз худ кардани воситаҳои техникии навтарини таълим, ба монанди технологияҳои шабакавӣ, китобхонаи электронӣ ва монанди инҳо кӯшиш намояд ва дар ҷараёни таълим аз ин воситаҳо самаранок истифода барад.

Бо ин усул таълим додан самараноктар буда, азбарнамоии фан низ натиҷаи беҳтар мебахшад.

Технологияи муосир, аз ҷумла интернет ва шабакаҳои иҷтимоии таълимӣ махсусан, барои забономӯзӣ омили ёрирасони хуб ба шумор мераванд.

Натиҷаи имтиҳонҳо тавассути Маркази миллии тестӣ нишон дод, ки аксари дохилшавандагони муваффақ аз муассисаҳои таҳсилоти умумии маркази шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошанд.

Аз ин рӯ, ҷиҳати таҳкими заминаҳои моддиву техникиии мактабҳои деҳот ва бо омӯзгорони соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ вазифаи аввалиндараҷаи раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва масъулони соҳа ба ҳисоб меравад.

Таҳлили пешниҳоднамудаи Маркази миллии тестӣ доир ба натиҷаҳои се соли охир нишон медиҳад, ки сатҳи азхудкунии фанҳои табиӣ ва риёзӣ беҳбудӣ мехоҳад.

Аз натиҷаи имтиҳонот тавассути ин марказ маълум мешавад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба масъалаи интихоби касб аз рӯи ихтисосҳои мазкур кам таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.

Ҳамасола теъдоди муайяни ҷойҳои барои ин равияҳо ҷудошуда холӣ мемонанд ва ҳатто баъди имтиҳони такрорӣ низ хоҳишмандони ин ихтисосҳо кам пайдо мешаванд.

Ҳол он, ки Тоҷикистон аз рӯи барномаҳои давлатии қабулкардаи Ҳукумат минбаъд ба сӯи мамлакати саноативу аграрӣ қадам гузошта, дар ояндаҳои наздик барои мо мутахассисони сатҳи баланди касбҳои техникӣ ва технологӣ зарур мешаванд.

Ислоҳи чунин вазъ аз масъулони соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони фанҳои табииву риёзӣ вобаста мебошад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки ба фанҳои равияҳои табииву техникӣ ва риёзиву дақиқ диққати бештар дода, тарғибу таълими ин фанҳо ба таври иловагӣ ва тавассути барномаҳои махсуси телевизионӣ ба роҳ монда, маводи зарурӣ доир ба ин фанҳо таҳия ва нашр карда шавад.

Ҳамзамон бо ин, аз курсҳои бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорони ин фанҳо роҳандозӣ ва заминаи моддиву техникии утоқҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои ба ин равияҳо нигаронидашуда таҳким бахшида шавад.

Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилот, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки камбудиҳои мавҷударо бартараф созанд ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, аз ҷумла сифати таълими фанҳои табииву риёзӣ ва техникиву технологӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ то ҳол аз баъзе ихтисосҳо китобҳои дарсӣ намерасанд ва шакли таълими модулӣ ҷорӣ нашудааст.

Аз ин рӯ, асосҳо ва нозукиҳои касб аз рӯи баъзе ихтисосҳо дар сатҳи зарурӣ аз худ карда намешаванд.

Аз ҳамин сабаб дар корхонаҳои истеҳсолӣ хатмкунандагони ин зина на ҳама вақт соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Ҳол он ки дар кишвари мо талабот ба коргар ва ҳайати миёнаи кадрӣ ниҳоят зиёд буда, мувофиқи маълумоти оморӣ дар бисёри шаҳру ноҳияҳо бастҳои вазифавии ин гурӯҳи касбҳо холӣ мебошанд.

Дар баробари ин, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нарасидани устоҳои таълими ихтисосҳои техникӣ мушоҳида мешавад ва барои таҷрибаҳои амаливу истеҳсолӣ соатҳо кам ҷудо гардидаанд.

Бо мақсади рафъи ин мушкилот бояд миёни корхонаҳои истеҳсолӣ, ширкатҳои хусусӣ ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, тибқи онҳо корфармоён ба тарзи тайёр кардани кадрҳо эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд ва сатҳу сифати омодасозии кадрҳои фармоиширо зери назорат қарор диҳанд.

Вобаста ба ин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм бояд масъалаву мушкилоти мавҷударо баррасӣ карда, нақшаи чорабиниҳои дахлдорро таҳия намояд ва ҷиҳати бартарафсозии онҳо то нимаи дуюми соли 2017 чораҳои зарурӣ андешад.

Дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ ҳам сатҳу сифати таълим беҳбудӣ мехоҳад.

Гарчанде ислоҳот дар ин самт идома дорад, вале сатҳу сифати кадртайёркунӣ аз рӯи баъзе ихтисосҳо ба талабот ҷавобгӯ нест.

Ҳоло ҳам низоми кредитии таҳсилот дар як қатор донишгоҳу донишкадаҳо бо мушкилот рӯ ба рӯст.

Дар тарзи азхудкунии фанҳои тахассусӣ камбудиҳо мушоҳида шуда, баъзе хатмкунандагон ба талаботи меъёрии стандартҳо ҷавобгӯ нестанд.

Салоҳиятнокии касбӣ барои як қатор ихтисосҳо то ба ҳол таҳия нашуда, меъёрҳои он муайян нагардидаанд.

Барои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд нишондиҳандаҳои зерин - мавҷудияти барномаҳои таълимӣ, китобҳои методиву дарсӣ, ҳайати унвондори илмиву педагогӣ, таъминоти иттилоотӣ, иқтидори шабакаҳои компютерӣ, таъминоти моддиву техникӣ, озмоишгоҳҳо, таҷҳизоти лабораторӣ ва корҳои амалии илмӣ ниҳоят муҳим мебошанд.

Вале тибқи таҳлилҳо ин нишондиҳандаҳо дар баъзе донишгоҳу донишкадаҳо беҳбудӣ ва ислоҳи саривақтиро тақозо дорад.

Ҳамчунин, дар ин зинаи таҳсилот вақти аз миқдор ба сифат гузаштан расидааст ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи ихтисосҳо таъмин намоянд.

Инчунин, ба ҷойи ихтисосҳое, ки дар бозори меҳнат рақобат надоранд, самтҳои барои иқтисоди миллии кишвар заруриро ҷорӣ намоянд.

Дар ин зинаи таҳсилот усулҳои таълими инноватсионӣ беҳбудӣ мехоҳад ва ин раванд бояд тамоми низоми таҳсилот ва ҷараёни таълимро дар бар гирад.

Бори дигар таъкид менамоям, ки сифати таҳсилот дар марҳалаи кунунӣ масъалаи ниҳоят мубрам маҳсуб ёфта, рақобатпазирии муассисаҳои таълимиро таъмин менамояд ва ба рушди ҳамаҷонибаи шахсият мусоидат мекунад.

Ҳамзамон бо ин, сифати таълим аз ҷорӣ намудани низоми арзёбии мустақили ихтисосҳо иборат буда, талабот оид ба таҳияи стандартҳои тахассусӣ, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълим, механизм ва принсипҳои гузаронидани аудити дохилӣ, методикаи гузаронидани арзёбии мустақили сифати таълим ва масъалаҳои аккредитатсияи барномаҳои муосири таълим ба он дохил мешаванд.

Ҳар кадоми ин, дар навбати худ, ба тарзи тайёр кардани кадрҳои оянда таъсири мусбат расонида, сифати таълимро аз рӯи ҳар як ихтисос беҳтар менамояд.

Дӯстони азиз!

Соати аввали Рӯзи дониш бо дарси сулҳ оғоз меёбад.

Дар робита ба ин, мехоҳам дар бораи аҳаммияти сулҳ, нақши калидии он дар ҷаҳони муосир, мақому манзалати сулҳу субот барои халқи мо ва арҷ гузоштан ба ин неъмати бебаҳо аз ҷониби наврасону ҷавонон ва кулли шаҳрвандони мамлакат изҳори андеша намоям.

Сулҳ мафҳуми муқаддас ва беназир буда, дар шароити ҷаҳонишавӣ барои тамоми сокинони сайёра аҳаммияти хоса касб кардааст.

Аз ҳодисаву рӯйдодҳои чанд соли гузашта, бахусус моҳҳои охир маълум мегардад, ки бар асари буҳронҳои сиёсӣ, бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо ҷиҳати аз нав тақсим кардани ҷаҳон, инчунин, шиддат гирифтани низоъҳои диниву мазҳабӣ дар чандин кишварҳои исломӣ, амалҳои даҳшатбори террористӣ дар як қатор минтақаву кишварҳои сайёра вазъи ҷаҳони муосир боз ҳам мураккабу ҳассос гардидааст.

Дар натиҷаи вусъат пайдо кардани экстремизм, терроризм ва ифротгароии динӣ даҳҳо ҳазор одамон ба ҳалокат расида, оромиву осудагӣ дар аксари мамлакатҳо халалдор гардидааст.

Мо оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиеро, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ рух дода, сабабгори талафоти даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ гардида, таъсираш то ҳол аз хонаводаҳои мардуми тоҷик, бахусус сокинони вилояти Хатлон аз байн нарафтааст, фаромӯш накардаем.

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз масҷидҳои ҳамонвақта, аз ҷониби баъзе муллоҳо ва бо ташаббуси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки тибқи қонун ҳизби террористӣ эътироф шуда, фаъолияти он манъ гардидааст, оғоз шуда буд.

Ҳол он, ки ман борҳо таъкид намудаам ва бори дигар хотирнишон месозам, ки дини мубини ислом ва хусусан, мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, ки мо пайравони он ҳастем, дини тарбияву адаб, ахлоқи ҳамида, сулҳу салоҳ ва башардӯстиву инсонпарварӣ мебошад.

Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем.

Сулҳ ба ҳайси бузургтарин сармояи маънавии инсоният шароит ва имкон фароҳам меорад, ки аҳли башар бо ҳам дӯстона зиндагӣ кунанд ва барои худ муҳити орому осоишта бунёд намоянд.

Бовар дорам, ки омӯзгорони муҳтарам моҳияти ин арзиши бебаҳо -сулҳу осоишро ба шогирдон дуруст шарҳ дода, аҳаммияти онро, бахусус, дар шароити имрӯза возеҳу равшан тавзеҳ менамоянд.

Дар ибтидои истиқлолият, тавре ки таъкид кардам, бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мамлакатамон хароб ва мардумамон бесарпаноҳ ва гурезаву сарсон гашта буд.

Ин вазъият ба рӯҳияи халқ таъсири манфӣ расонид ва дар аксари хонаводаҳо осори талхи худро гузошт.

Танҳо ба шарофати сулҳу ваҳдати комил мо тавонистем дар як муддати кӯтоҳ қариб як миллион нафар гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонем, барои мардум шароити кору зиндагиро муҳайё созем ва раванди созандагиро оғоз намоем.

Дар ин лаҳзаҳо бахусус, ба ҷавонони даврони истиқлолият муроҷиат карда, таъкид намуданиям, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо - сулҳу суботи пойдор расанд, зиёдаравӣ накарда, шукронаи Ватанро ба ҷо оранд, ба қадри ҳар ваҷаб хоки муқаддаси сарзамин расида, танҳо дар доираи қонун зиндагиву фаъолият кунанд, сатҳи саводу дониш ва ҷаҳонбинии худро баланд бардошта, Тоҷикистони маҳбубро бо тамоми муқаддасоташ ҳифзу нигаҳдорӣ намоянд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди мардуми шарафманди мо маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Вазъи имрӯза ва хатарҳои афзоянда бояд шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонони моро ҳушёр созанд, ки ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои тундрав шомил нагарданд ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи давлатдории миллиамон кӯшиш намоянд ва Ватани азизамонро чун меҳри модар муқаддасу гиромӣ доранд.

Вале мутаассифона, ба гурӯҳҳои ҷангҷӯи террористиву экстремистӣ ҳамроҳ шудани иддае аз ҷавонон ва фирефтаи таъсири исломи радикалӣ ва тундрав гардидани қисми дигари онҳо боиси ташвиш мебошад.

Аз рӯи маълумот садҳо нафар ҷавонони гумроҳу сустирода ва аз донишҳои муосир ноогоҳ ба сафи ин ҷангҷӯён ҳамроҳ шуда, қисми онҳо дар ҷангҳо кушта ва асир гардида, қурбони сиёсати гурӯҳҳои тундрав шудаанд.

Бояд гуфт, ки ин тоифа одамон бо чунин кирдори нангини худ ба шаъну шарафи миллати куҳанбунёди тоҷик ва давлати тоҷикон иснод меоранд.

Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки корҳои таблиғотиро миёни ҷавонон пурзӯр созанд ва ҷиҳати гирифтани пеши роҳи амалҳои номатлуб ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Мубориза ба муқобили ҳама гуна ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм ва гирифтани пеши роҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин нашъамандӣ яке аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумат дар шароити кунунӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳарчанд ки то имрӯз дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расидаанд, вале дар кишвар ин зуҳуроти нангин ҳанӯз пурра аз байн нарафтааст.

Мувофиқи маълумот беш аз 400 нафар ноболиғон ва ҷавонон даст ба ҷиноятҳои мухаддиротӣ зада, 260 нафар ҳангоми фурӯши маводи мухаддир дастгир гардидаанд.

Дар ин ҷода масъулони соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бештар бояд фаъол бошанд ва бовар дорам, ки оила, мактаб ва ҷомеа ҳамчун ниҳодҳои таҳкимбахши маънавиёти наврасону ҷавонон барои бартараф кардани зуҳуроти номатлуб, кирдорҳои ба фарҳанги миллии мо бегона, равандҳои носолим ва паст намудани шиддати ҷинояткорӣ бо ҳам муттаҳид шуда, барои таъмини волоияти қонун саъю талош меварзанд.

Таъкид месозам, ки расидан ба қадри неъмати бебаҳои истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, арҷ гузоштан ба сулҳи пойдор, ваҳдати комил ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ барои наврасону ҷавонон шарафи бузург мебошад.

Ҳамватанони азиз!

Дар тарбияи насли оянда ва ба воя расонидани нерӯи тавонои ватандӯсту ватанпарвар нақши омӯзгор ниҳоят бузург мебошад.

Парламенти мамлакат ҳамин хизматҳои шоистаи омӯзгоронро ба инобат гирифта, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” тағйирот ворид намуд ва мақому манзалати омӯзгорро дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошт.

Дар баробари ин, Ҳукумат ҳамасола маоши омӯзгоронро зиёд карда, ҷиҳати беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии онҳо тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ менамояд.

Ҷудо намудани заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо ба беҳбуд бахшидани зиндагии устодону омӯзгорон равона шудааст.

Аз ин рӯ, омӯзгори асилро зарур аст, ки ҳастии худро ба донишандӯзии фарзандони халқ сарф намояд, онҳоро мисли нури чашми хеш азиз донад, барои босавод, бомаърифат, соҳибҳунар ва соҳибкасб шудани шогирдон заҳмат кашад ва бо ин восита инсони комилро ба воя расонад.

Чунин масъулият омӯзгорро обрӯманд, боэҳтиром ва соҳибқадр гардонида, мақомашро дар ҷамъият боло мебардорад.

Танҳо серталабӣ, донишҳои замонавӣ ва гуфтору рафтори шоиста омӯзгорро ба ин дараҷа мерасонад.

Омӯзгори имрӯза барои расидан ба ин ҳадаф қодир аст, зеро барояш тамоми шароит муҳайё гардидааст.

Ҳоло омӯзгорон ба воситаҳои таълим таъмин буда, аз технологияи муосир ва усулҳои фаъол самаранок истифода менамоянд ва барои ба шогирдон беҳтар пешниҳод кардани доираи маълумот ҳамаи имконоти заруриро доранд.

Танҳо ташаббус, интихоби дурусти усули таълим, истифода аз аёният, озмоишгоҳҳои фанниву тахассусӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ боиси беҳтар шудани сатҳу сифати таълим дар муассисаи таълимӣ мегардад.

Бовар дорам, ки омӯзгорони мо ҳамчун зиёиёни пешқадами кишвар аз ҳамаи ин имконот истифода карда, барои тарбияи фарзандони халқ софдилонаю поквиҷдонона хидмат менамоянд.

Дар низоми таҳсил омӯзгор дар фаъолияти худ ба ҷузъҳои маърифат- таълим ва тарбия бояд баробар таваҷҷуҳ зоҳир намояд.

Ҳар ду унсур барои ба воя расонидани инсони соҳибхирад зарур буда, онҳо якдигарро такмил медиҳанд ва ба ҷаҳонбиниву ҷаҳонфаҳмии шогирд баробар хизмат менамоянд.

Бори дигар таъкид менамоям, бе пояи маънавии устувор ҷомеаро пеш бурдан мушкил мебошад.

Аз ин рӯ, дар қалбу зеҳни кӯдакон ва наврасону ҷавонон тарбия намудани ҳисси инсондӯстӣ ва завқи зебоипарастӣ вазифаи ҷонии ҳар як омӯзгор ва устод ба шумор меравад.

Бо истифода аз ҳузури донишҷӯён, яъне ҷавонон мехоҳам хотирнишон намоям, ки мо бо мақсади ба камол расонидани наслҳои соҳибмаърифату тарбиятдида Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро қабул намудем, инчунин, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйирот ворид сохта, масъулияти омӯзгор, падару модар ва ҷамъиятро нисбат ба тарбияи фарзанд ва ҷавобгарии фарзандро доир ба нигоҳубини падару модар дар давраи пиронсолӣ муҳим шуморидем.

Зеро дар давраи аввали истиқлолият ҳадафи мо аз таъмини шароити мусоид барои ятимоне, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ бесаробон монда буданд, иборат буд.

Ба ин хотир мо чандин мактаб – интернатҳои нав бунёд карда, ҳамаи хонаҳои ятимону маъюбонро аз таъмир баровардем ва барои таълиму тарбияи ятимону маъюбон шароити мусоид муҳайё намуда, ин амалро як рукни сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар эълон кардем.

Аммо бо иллати коста гардидани маънавиёти баъзе ашхос имрӯз шумораи бошандагони хонаҳои пиронсолон дар кишвар зиёд шуда истодааст.

Баъзе фарзандон анъанаҳои неки милливу мазҳабиамонро зери по карда, аз нигоҳубини падару модаронашон даст мекашанд, волидайни худро ба чунин муассисаҳо месупоранд ва ҳамаи ранҷу заҳматеро, ки падар ё модар барои фарзанд мекашад, фаромӯш карда, бешармона ҳасткунандагони худро хору зор ва бенигоҳубину танҳо мегузоранд.

Ҳол он, ки якшаба бехобиву ранҷе, ки модар мекашад ва кӯшише, ки падар дар тарбияи фарзанд ба харҷ медиҳад, аз арзишҳои ду ҷаҳон бештар мебошад.

Ба назари мо, бе нигоҳубин гузоштани волидайн ва хору зор кардани онҳо бадтарин амали инсонӣ мебошад, ки на ба қоидаҳои ҷомеаи инсонӣ ва на ба фармудаҳои ислом мувофиқат мекунад.

Худованди карим дар сураи “Исро”, оятҳои 23-24 эҳтироми падару модарро таъкид намуда, мефармояд: “Парвардигорат фармон додааст, ки .... ба падару модар некӣ кунед.

Ҳар гоҳ яке аз он ду ё ҳардуи эшон назди ту ба синни пирӣ бирасанд, ба онон “уф” магӯ ва бар эшон дод мазан.

Ва бо суханони муҳтарамона бо он ду сухан бигӯ ва боли тавозӯъ ва меҳрубониро бар эшон фуруд оварда, бигӯ: Парвардигоро! Ба онҳо раҳмату омурзиш бифармо, ҳамон гуна, ки онон дар хурдӣ маро бузург намудаанд”.

Дар осори пурқимати гузаштагонамон низ метавонем ҳазорон панду андарзро дарёбем, ки дар онҳо ахлоқи ҳамидаи инсон, эҳтиром гузоштан ба падару модар ва расидан ба қадри заҳмати онҳо таъкид шудааст.

Мо бояд кӯшиш кунем, ки муҳимтарин анъанаҳои миллиамонро на танҳо ҳифз намоем, балки онҳоро мунтазам такмил бахшида, ба ҷузъи ҷудоинопазири маънавиётамон табдил диҳем.

Танҳо татбиқи пурра ва ҳамаҷонибаи вазифаҳои имрӯз иброзшуда имкон медиҳад, ки мо ба ҳадафҳои асосии хеш дар соҳаи маориф - баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи ахлоқӣ, азхудкунии технологияҳои муосири иттилоотӣ, сатҳи забондонӣ, яъне тарбия кардан ва ба воя расонидани наслҳои замони нав ноил шавем.

Бовар дорам, ки устодону шогирдон, роҳбарон ва масъулони соҳаи маориф дар асоси талаботи имрӯза корро дар соли нави таҳсил бо усулҳои наву муосир ба роҳ монда, дар ташаккули насли даврони истиқлолият, тафаккури шахсияти оянда ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд ва сатҳу сифати таълиму тарбияро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот беҳтар мегардонанд.

Дар охир ба ҳамаи шумо саломатӣ, барори кор, комёбиҳои беназир орзу менамоям.

Бигзор ба шарофати истиқлолият соҳаи аз ҳама муҳими кишвар – илму маориф рушд намояд ва барои Ватани маҳбубу соҳибистиқлоламон насли сазовору арзандаро ба воя расонад.

Бори дигар фаро расидани Рӯзи дониш, дарси сулҳ, оғози соли нави таҳсил ва 25-солагии истиқлолияти давлатиро бароятон муборакбод мегӯям.

Пояндаву ҷовидон бод, номи пуршарафи муаллим, омӯзгор ва устод!

Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошед!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: