Вохӯрии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо соҳибкорон15-10-2015, 13:30
Хабарро хонданд: 430 нафар
Назарҳо: 0
![]() Қайд намудан ба маврид аст, ки бо истифода аз сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ ҷиҳати ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, воридоти технологияҳои ҳозиразамон ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва бевосита аз тарафи Раиси шаҳр Амирулло Асадулло ҳамарӯза тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст. Сиёсати иқтисодӣ ва рушди соҳибкориро, ки имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти кишвар, раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш гирифтааст, аз тарафи Ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа дар қаламрави шаҳр оқилона ба роҳ монда, баҳри фаъолияти озодонаи соҳибкорон ҳама шароит муҳайё карда шудааст. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.