Ифтитоҳи мактаби №33 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 26.08.2016 , ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ26-08-2016, 14:06
Хабарро хонданд: 343 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи мактаби №33 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 26.08.2016 , ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии раками 33-ро ифтитоҳ намуданд. Хонандагон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукуҳи хоса ва қадршиносӣ аз талошҳои Пешвои миллат нисбат ба насли ояндаи кишвар истиқбол гирифтанд. Дар вазъияти тантанавӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, мактаби наву замонавиро барои 640 нафар дар ҷамоати деҳоти Навобод мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи мактабро ба хонандагону устодон муборакбод гуфта, таъкид доштанд, ки ин туҳфаи арзанда ба муносибати ҷашни бузурги умумимиллӣ ва санаи муқаддасу таърихии 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад, ки аз тарафи Президент ва Ҳукумати кишвар тақдим мегардад. Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи СТС «Иншоот» - и шаҳри Душанбе мебошад. Барои сохтмону таҷҳизонидан наздики 19 миллион сомонӣ сарф шудааст. Дар рафти сохтмон қариб 170 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Барои бунёди мактаб моҳи октябри соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо санги асос гузошта буд ва корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2015 оғоз гардид. Барои ба таълим фаро гирифтани фарзандони сокинони ҷамоат ва таъмини шароити созгори таҳсил 27 синфхонаи барҳаво, кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла химия, физика, биология ва синфхонаҳои компютерӣ бо дастрасии 25 адад компютери муосир ва 12 адад дастгоҳи чопкунанда бунёд шудааст. Мактаби сеошёна бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, ҳамчунин аз ошхона бо 150 ҷой, толори варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишӣ бо 810 ҷойи нишаст барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, толори китобхона бо 190 ҷой, маҷлисгоҳ бо 370 ҷойи нишаст ва синфхонаҳои ҳунаромӯзӣ, аз қабили пухту паз ва духти либос иборат мебошад. Толори маҷлисгоҳ аз ҷониби устоҳои ҳунарманди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меъмор 7” бо санъати баланди меъморию гаҷкорӣ сохта шудааст. Дар утоқҳои таълими меҳнат писарон имкон доранд, нозукиҳои касби дуредгарӣ ва челонгариро аз худ намоянд. Дар ин ҷо ҳамчунин дар ду утоқи корӣ духтури дандон ва дигар табибон фаъолият мекунанд. Дар саҳни ҳавлии мактаб майдончаи махсус барои гузаронидани дарсҳои тайёрии ҳарбӣ сохта шудааст. Зимни шиносоӣ бо шароити муосири таълим дар ин мактаб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагон суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро ба азхудкардани илмҳои замони муосир, технологияи компютерӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд. Хонандагон дар навбати худ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои туҳфаи арзанда изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки бо хониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ ба ин ғамхориҳо ҷавоб медиҳанд. Дар ҳамин ҷо баъди ифтитоҳи мактаби нав ва шиносоӣ бо шароити таълим Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди устодону хонандагон ва фаъолони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ суханронӣ намуданд. Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи омӯзгорону хонандагон ва аҳли маорифи ноҳияро ба муносибати ҷашни фархундаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрии кишвари азизамон ва ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ самимона табрик гуфтанд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ оид ба дастгирии Ҳукумат аз бахши муҳиму пешбарандаи ҷомеа-маориф андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба масъалаи рушди соҳа таваҷҷуҳи махсус равона гардид. Натиҷаи чорабиниҳо буд, ки дар кишвар шумораи зиёди муассисаҳои таълимии замонавӣ бунёд шуда, сифати таълиму тарбия баланд бардошта шуд. Бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани муассисаи нави таълимии рақами 33 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ идомаи ҳамин тадбирҳост ва он туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия мебошад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.