Ба истифода додани бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов дар шаҳри Қурғонтеппа 25.08.2016 , шаҳри Қурғонтеппа26-08-2016, 13:57
Хабарро хонданд: 270 нафар
Назарҳо: 0
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Қурғонтеппа бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави хуштарҳу замонавии театри мазкур барои 800 нафар тамошобин пешбинӣ гардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи 26 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамомада Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, бунёди ин иншооти фарҳангиро дар остонаи ҷашни сарнавиштсози миллат- 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли ҳунар туҳфаи арзанда арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки корҳои сохмонӣ дар бинои нави дуошёнаи Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа соли 2014 оғоз гардида буд ва корҳои бунёдиро дар иншооти мазкур ҳамчун пудратчии асосӣ ҶДММ «Собир САМ» ба уҳда дошт. Дар ин ҷо беш аз 20 утоқӣ корӣ, аз ҷумла ҷойи машқу тамрини ҳунармандон, ороиши чеҳра, ҳуҷраи нигоҳдории либосҳои саҳнавӣ, ошхона ва ҷой барои истироҳати ҳунарпешаҳои театр бунёд гардидааст, ки ҳама бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии соҳа таъмин карда шудаанд. Ба гуфти мутахассисон, бо чунин тарҳ бунёд гардидани театр дар самти фаъолияти касбии ҳунармандон мусоидати бештар хоҳад кард, зеро саҳнаи марказии толори тамошобинон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ чархзананда буда, дар вақти таҳия ва пешниҳоди намоишномаҳо ороиш ва дигаргун намудани санҳна ба осонӣ сурат мегирад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароит аҳли театрро зарур аст, ки пайваста дар сафи пеши тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу инсонӣ ва густариши маърифату завқи баланди мардум қарор дошта, масъалаҳои нав ва мубрами ҳаётро дар даврони истиқлол ба миён гузоранд. Ба гуфти Сарвари давлат, ҳар як ҳунарманд бояд таҷассумгари фарҳанги волои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ бошад, то тавонад дар алоҳидагӣ ҳамчун тимсоли ибрат ба насли ҷавон таъсири нек расонад. Баъдан ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппа ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон порчаҳо аз намоишномаҳои таҳия намудаашонро муаррифӣ карданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.