Ифтитоҳи бинои нави филиали ҶСП «Спитаменбонк» дар шаҳри Қурғонтеппа 25.08.2016 , шаҳри Қурғонтеппа26-08-2016, 13:49
Хабарро хонданд: 257 нафар
Назарҳо: 0
Дар кӯчаи Борбади шаҳри Қурғонтеппа бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави филиали ҶСП «Спитаменбонк» ба истифода дода шуд. Аснои шиносоӣ ба Сарвари давалат иттиолоъ доданд, ки масоҳати умумии иншооти сохташуда ҳазор метри мурабаъро ташкил дода, дар он то 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароиту имконоти фароҳам овардашуда, дидан карда, ба кори сохтмончиёну меъморон баҳои баланд доданд. Бинои нави филиали ҶСП «Спитаменбонк» аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои кормандон муосиртарин шароит фароҳам оварда шудааст. Гуфта шуд, ки сандуқи қарзии филиали ҶСП «Спитаменбонк»дар шаҳри Қурғонтеппа қариб 12 миллион сомониро ташкил дода, аксарияти ин маблағ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, истеҳсолот ва рушди хоҷагии қишлоқ ҳамчун қарз пешниҳод шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли 2014 оғоз гардида, сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳудуди «Нузам» тавонистанд онро бо сифати баланд дар рӯзҳои истиқбол аз ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд сохта ба истифода диҳанд. Арзиши лоиҳавии ин бино беш аз 8 миллион сомониро ташкил дода, дар рафти сохтмон тамоми унсурҳои меъмориву шаҳрсозӣ ба инобат гирифта шудааст. Бо ба истифода додани чунин иншооти хуштарҳу замонавӣ симои маркази вилоят- шаҳри Қурғонтеппа сол то сол дигаргун мегардад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.