Иқдоми «Нури маърифат"27-08-2016, 11:55
Хабарро хонданд: 484 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии оилаҳои камбизоат, махсусан кўдакони ятиму ниёзманд ва бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич иқдоми ҳизбӣ таҳти унвони «Нури маърифат» ба роҳ монда шуд. Иқдоми мазкур баҳри дастгирӣ ва ҳавасмандии хонандагон барои таҳсили хубу аъло ба роҳ монда шуда, мақсади пиёда сохтани сиёсати ғамхоронаи Сарвари давлат ҷиҳати хуб ба камол расидани насли наврасро дошт. Аз ин лиҳоз, дар арафаи соли таҳсили 2016-2017 дар ноҳияи Деваштич 20 нафар ятимон ва хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз оилаҳои ниёзманд аз ҷониби НТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳия бо асбобу лавозимоти хониш таъмин гардида, баҳри хубу аъло таҳсил намудан ва ҳамчун шахсиятҳои комилу содиқ ба миллату Ватани хеш ба воя расидан ҳидоятҳо карда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.