ҲОМИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ24-08-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 305 нафар
Назарҳо: 0
Халқи тоҷик дар масири таърих воқеаҳои басо фоҷиабор ва дар айни замон ибратомӯзро аз сар гузаронидааст. Ниёгони мо бо вуҷуди маротибаҳо аз сар гузаронидани тохтутозҳои хонумонсӯзи аҷнабиён, лашкаркашиву хунрезиҳои беҳисоб ҳамеша дар дил орзуи соҳибватану соҳибистиқлол буданро мепарвариданд. Корнамоиҳои Спитамену Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ ва боз садҳо нафар фарзандони ин миллати озодидӯст дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин нақш шуда, аз намунаҳои олии ватандӯстиву ватанпарастӣ шинохта мешаванд. Маҳз ҳамин озодихоҳиву сулҳҷӯии мардуми тоҷик буд, ки баъди ҳазор сол давлати тоҷикон аз нав эҳё гардид ва роҳи ояндаи ҷумла тоҷикони ҷаҳонро мунаввар сохт.
Мо имрӯз дар остонаи 25 – умин солгарди ин санаи таърихӣ қарор дорем. 25 – сол дар масири таърих муҳлати хеле кутоҳ аст, аммо халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар заминаи суннатҳои меросӣ ва арзишҳои миллию фарҳангӣ эҳёи давлати тозаистиқлоли худро тақвият бахшанд. Аммо он замон ҳанӯз қувваҳои манфиатхоҳу нотавонбине буданд, ки намехостанд Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар арсаи ҷаҳонӣ мақом дошта бошад. Ин бадхоҳии онҳо оқибат мардуми тоҷикро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашонд. Нахуст аз майдоне, ки мебоист макони истироҳату осоиши мардум бошад, садои воҳимаангези издиҳоми бехабар аз бозиҳои сиёсӣ ба гӯш мерасид. Ҳама баробар, бо як овоз истеъфои ҳукумати қонуниро талаб мекарданд, аммо ин «талабгарон» худ намедонистанд, ки ҳосили онҳо аз ин истеъфо чӣ хоҳад буд. Намеандешиданд, ки ба сари ин миллати азиятдида чӣ хоҳад омад. Ин издиҳоми чашмбаста бехабар аз нақшаҳои тарҳрезишудаи душманон ҳадафҳои ғаразноки онҳоро амалӣ мекарданд. Бо вуҷуди дасисабозиҳои ин тиҳимағзон буданд нафароне, ки фикри ояндаи миллат виҷдони онҳоро ором намегузошт. Ҳисси баланди ватандӯстию миллатпарастӣ онҳоро дар муқобили ин ҷангҷӯёни бемақсад қарор дод. Вақте ки ба хонадони тоҷику тоҷикистонӣ оташ афтода, хушку тар месӯхт. Замоне, ки мардуми тоҷик аз тарси ҷон дар мулкҳои бегона паноҳ меҷӯст. Он даме, ки нолаи синасӯзи волидони фарзандгумкарда ба фалак мепечид, чашми хунбастаи силоҳбадастон касерову чизеро намедиданд. Нолаҳои имдодталабонаи мардум ба гӯши онҳо намерасид, эътиқод ба суханони бофтаю сохтаи касе аз ҳамдигар ниқор мегирифтанд. Ба миллати тоҷик хатари аз байн рафтани давлат таҳдид мекард. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои барои халқу миллат ниҳоят ҳассос дар Сесияи 16 – уми Шӯрои Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, сарвари муаззами мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд ва зимоми давлатдориро ба даст гирифт. Ва баъдан ҳар сухане, ки ӯ мегуфт ва ҳар қадаме, ки мегузошт танҳо ба хотири сарҷамъии миллат ва пойдории давлати тозаистиқлоли тоҷикон анҷом мепазируфт. Дилпурона сухан мегуфт, дилпурона қадам мезад. Ҷидду ҷаҳду талошҳояш мардуми ҳарду тарафи сангарро дар гирди ӯ муттаҳид сохт. Оҳиста – оҳиста дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат пойдор гардид. Аз он рӯзҳои шум ҳануз муддати мадиде паси сар нашуда, захмҳо дар тани ин миллати азиятдида ҳануз дуруст шифо наёфтаанд. Хотираи неки шаҳидони роҳи озодӣ ҳамеша дар қалби мо боқӣ хоҳад монд. Имрӯз мо хушбахттарин миллат ҳастем, ки бо сарварии Пешвои муаззами миллат дар як муддати кутоҳ аз гирдоби ин ҷанги харобиовар баромадем. Боиси хушнудист, ки имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиши давлатҳои шарқу ғарб қарор гирифтааст. Баъди таҳлилу муҳокимарониҳо коршиносону сиёсатмадорон сулҳу ваҳдати тоҷиконро ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд медонанд. Онҳо мегӯянд истиқлолиятро Афғонистон ҳам дораду Сурия ҳам, вале онҳо пешво надоранд, ки давлатро наҷот бахшаду миллатро ба сулҳу осоиш расонад. Оре, ин ҳақиқатест инкорнопазир. Ҷасорату матиниродагӣ ӯро ба сарвақти мардуми мо расонд. Ин ном ва ин насаб дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи хоса хоҳад дошт. Саидҷаъфар Ватанов,
раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Сарбанд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.