Неъмати бебаҳо6-08-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 412 нафар
Назарҳо: 0
Зиндагӣ мактаби бузургест, ки одамони зирак ва ҳушёру бедор аз ин озмоишгоҳи бемислу монанд хулосабардорӣ ва пандомӯзӣ мекунанд. Зумрае аз одамон аз рӯи касбу кор ва зумрае дигаре бо ҷаҳонбинии васеъашон ба ҳодисоту воқеоти зиндагӣ бо чашми хирад нигариста, ҳушмандона онро таҳлил менамоянд ва хулосаи зарурӣ мебароранд. Вале зумрае аз одамон ба зиндагии воқеӣ камтар аҳамият дода, аз рӯи навиштаҷоти шахсони алоҳида оид ба ин ё он ҳодисаю воқеъа хулосабарорӣ мекунанд. Тааҷҷубовараш он аст, ки иддае аз одамон ба он хулосабарориҳои безамина бовар мекунанд ва ба он муътақид мешаванду онро ба дигарон бо таъкид таҳмил мекунанд.
Банда, ки бо амри тақдир солҳои тӯлонӣ дар кишварҳои арабии Ироқ ва Либия дар даврони президентии Саддом Ҳусейн дар Ироқ ва дар даврони роҳбарии полковник Муаммар Қаддофӣ - роҳбари инқилоби халқии Либия ба ҳайси тарҷумон фаъолият мекардам, аз шунидани баъзе хулосабарориҳои нотиқон дар шигифт мемонам. Касро ба андеша водор месозад, ки зумрае ба ҳодисоту воқеъоти олам андешарониҳои безамина доранд ва онҳоро ба мардум пешниҳод мекунанд. Аз сӯи дигар шояд ин раванд ҳадафи сиёсию таърихие дошта бошад, зеро дар байни ҳодисаҳо воқеоти мавзӯъ ҳодисаҳои бофта низ ҳастанд, ки то ба асли воқеиятро сарфаҳм рафтан одамон ба онҳо бовар ва амал мекунанд. Лекин аслро гуфтан, воқеъиятро гуфтан, ба манфиати одамон, дар маҷмӯъ ба манфиати ҷомеа гуфтан аст. Сифатҳои волои инсонӣ ба шахсиятҳои дорои ақлу заковат, андешаҳои созанда, дорои фитрати илоҳӣ мансубанд, ки ба рафтору кирдор ва пиндори нек номи худашонро дар саҳифа¬ҳои таърихи башарият бо ҳуруфи зарин сабт менамоянд. Ин гуна сифатҳо асосан ба пешвоён, сиёсат¬мадорон, олимону шоирони шоиста хос мебошанд, ки бо номи зиёӣ дар ҷомеа шинохта шудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд: «Зиёиён чароғи миллатанд». Зиёиён дар ҳама давру замон парчамбардорони ҷомеа буданд. Масири таърихии ин ё он халқ аз пешво (подшоҳон, амирон, Президентон) яъне шахсоне, ки дар пешомаду раванди таърихии ин ё он халқ нақш доранд, марбут аст. Зеро маҳз пешомади ин ё он халқ аз ақлу заковат ва хушбинии як шахсе вобаста аст, ки ӯ салоҳияти имзо гузоштан ба амру фармонҳо ва дастур доданро дорад. Таърих дар саҳифаҳои худ амирону подшоҳони одил ва золимро сабт намуда, ба башарият пешниҳод намудааст, ки мо онҳоро хонда, ба некон ибрози сипосгузорӣ ва аҳсан ва ба бадхоҳону золимон нафрин менамоем. Дар ин мизон зиндагии инсоният ҳамоно идома дорад ва ҳамакнун роҳҳои азобу шиканҷа ва қатлу куштор тасарруфи амволи давлатҳои сармоядор бо шаклҳои нав идома доранд. Банда аз сохтори давлатдорӣ, сиёсати пешгирифтаи давлати Ироқ дар овони роҳбарии Саддом Ҳусейн ба қадре огоҳ будам. Бо амри тақдир ва фаъолияти корӣ шоҳиди бевоситаи ҳодисаҳои солҳои 1977 - 1981 будам. Иттилоъ дорам, ки Президенти Ироқ Саддом Ҳусейн мехост Ироқро ба давлати пешрафта табдил диҳад, халқашро саодатманд ва давлатҳои арабро барои муттаҳидӣ ҳидоят намояд. Дар ин ҷода иқдомоти ҷиддӣ ҳам карда буд. Бинобар ин, захираҳои табиии Ироқро (газу нафти худододро) барои мустаҳкамии иқтисодиёти давлаташ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ ва дифоъи кишвараш равона карда буд. Муносибати Ироқ бо Иттиҳоди Шӯравии абарқудрат хеле хуб буд. Аслиҳаи муосири шӯравиро харидорӣ карда буд ва мутахассисони зиёди шӯравӣ дар соҳаҳои гуногун (ҳарбӣ, газ, нафт, нерӯи барқ, кишоварзӣ) тибқи қарордодҳо фаъолият мекарданд ва иқтидори Ироқ рӯ ба рушд оварда халқаш осудаҳолу ифтихорманд буд. Ҳусайн аз пешвоёни дӯстдоштаи халқи Ироқ буд ва аз ҳар мавзеи Ироқ, ки дидан мекард, мардум бо ҳиссиёту эҳтироми нотакрор гарму ҷӯшон истиқболаш мегирифтанд дар ҳаққаш суханҳои самимӣ эҳдо мекарданд. Шоирону ҳофизон мадҳияҳо месуруданд. Дар ҳар гӯшаю канори олам шаҳрвандони ироқӣ бо номи ӯ ифтихор доштанд. Воқеан давлати Ироқ дар он замон рушд кард ва бо давлатҳои олам муносибатҳои ҳасана дошт. Хусусан, муносибатҳои гуногунҷабҳаи Ироқ бо Иттиҳоди Шӯравӣ дар сатҳи хуб қарор дошт. Албатта, ин раванди ҳамкории густурда бо Иттиҳоди Шӯравӣ душманони Ироқро ором намегузошт. Бо роҳҳои гуногуни таъсиррасонӣ ва тавассути ВАО сохторҳои удвонӣ мекӯшиданд, ки муносибатҳои байни Ироқ ва Эронро муташанниҷ гардонанд. Мо - тарҷумонҳо, ки соатҳои омӯзиши сиёсиро аз муҳтавои ВАО ба мутахассисон пешниҳод мекардем, мулоҳиза менамудем, ки радиои «Садои Америк» муттасил талқин мекард, ки нерӯи аскарону афсарон ва техникии Ироқ бузург аст. Дар айни замон талқин мекард, ки вазъи сиёсии Эрон гирифтори бесарусомонӣ аст, халқ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти нави Эрон, аз сиёсати Хумайнӣ норозианд. Бинобар ин, мардуми Эрон интизори баҳонаест, ки дигарбора даст ба инқилоб зананд. Дар ҳамон вақт теъдоди аҳолии Ироқ наздик ба 14 млн. ва Эрон наздик ба 40 млн. нафар буд. Ҳамин тавр 15 январи соли 1979 ҷанги нобаробар байни Ироқ ва Эрон шурӯъ шуд ва он то санаи 20 августи соли 1988 ба аҷом расид. Ин ҷанг ҳашт сол идома ёфта, аз ҳар ду тараф ҳасороти ҳангуфт мушоҳида мешуд ва ҳар ду давлат аз ҷиҳати иқтисодӣ ва маънавӣ заиф гардиданд. Дар ин ҷанг, танҳо аз ҷониби Эрон 300 000 нафар кушта ва 700 000 нафари дигар маъюб шуданд. Дар Ироқ бошад 120 000 кушта ва 300 000 нафар ҷарохат бардоштанд. Аз ҳар ду ҷониб зиёда аз 1,5 ҳазор танк, 1,5 ҳазор БТР ва БМП, 2 ҳазор пулемёту миномёт, 250 ҳавопаймою вертолётҳои ҷангӣ нобуд гардиданд. Бештар заводу фабрикаю корхонаҳои коркарди нафт фалаҷ гардида, аз кор бозмонданд. Аз кор баровардани нерӯгоҳҳои барқӣ ба ҳамаи соҳаҳо таъсири худашро расонид. Рушди ин ду давлат ба даҳсолаҳо ба ақиб партофта шуд. Аз нуқтаи назари иқтисодиёту маънавиёт онҳо хеле заиф шуда буданд. Душманони ин ду кишвар ба мақсадашон расиданд ва заифшавии ин ду давлат онҳоро хушҳол кард. Заиф гардидани ду давлати аз нуқтаи назари захираҳои табиӣ ғанӣ барои давлатҳои абарқудрати манфиатҷӯй айни муддао гардид. Ироқу Эрон заиф, афсарону аскарон хаста, халқ аз талафоти ҷонию моддии кишварҳояшон норозӣ буданд. Барои душманони Ироқ роҳбариятро сиёҳ кардан ва фармондеҳонро харидан осон шуд. Ҳамин тавр ИМА ва ҷонибдоронаш бо баҳонаи он ки Саддом Ҳусайн яроқи химиявӣ ва қатли ом дораду онро пешгирӣ кардан лозим аст, қувваҳои зудамали худашонро бо аслиҳаи муқтадиру муосирашон ба осонӣ вориди Ироқ гардонданд. Бо вуҷуди молик будан бо аслиҳаю яроқи муосир артиши Ироқ ба муқобили истилогарон муқовимат накард. Зеро омирину афсарон қашшоқ шуда буданд, дили онҳоро ёфтан барои бегонагон осон гардида буд… Пас аз тасарруфи давлат истилогарон ба ҳабсу қатл намудани роҳбарияти Ироқ шурӯъ намуданд. Онҳо ба шикори Саддом Ҳусайн, ки ҳадафи асосиашон буд, пардохтанд. Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои амниятӣ Ҳусайнро аз зодгоҳаш шаҳри Тикрит аз таҳхона пайдо намуда, аз тариқи ВАО ба оламиён намоиш доданд. Ин намоиши қудрат буд. Баъдан Саддомро дар рӯзи иди Қурбон санаи 30 декабри соли 2006 ба дор овехта, ба истилоҳ қурбонӣ карданд. Роҳбарии Ҳусейн то санаи 9 апрели соли 2003 идома дошт. Ин амал, сиёсати манманиву зӯроварӣ барои ҳушдор додан ба роҳбарони давлатҳои дигар буд. Имрӯзҳо пас аз таҳқиқоти дақиқ сиёсатмадорони Англия хулоса карданд, ки барои ворид шудан ба Ироқ сабабе набудааст ва аз байн бурдани Саддом Ҳусейн ба сиёсати хориҷии Англия рабте надоштааст. Сарвари собиқи Англия Тони Блеер бо гуноҳи содиркардааш аз халқи Англия бахшиш пурсид. Вале аз ин бахшишҳо дигар суде набуду нест. Сиёсатмадорон тахмин доранд, ки Президенти ИМА низ аз халқи ИМА ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳуҷум ва сукути Ироқ бояд узрхоҳӣ кунад. Баъд аз ин ҳодисаи нангини Ироқ ИМА ва ҳаммаслаконаш саркардагону ашхоси муътабари шаҳри Бонғозӣ - дуюмин шаҳри калонтарини Либияро ба воситаи маблағҳои ҳангуфт бар зидди роҳбари инқилоби Либия полковник Муаммар Қаддофӣ бархезониданд, ки ин ҳуҷумҳо бо номи «Баҳори араб» дар таърих номгузорӣ шуд. Дар муддати зиёда аз 5 соли фаъолиятам дар Либия мушоҳида намудам, ки Муаммар Қаддофӣ на танҳо барои рушду нумӯи Либия ва осудаҳолии халқи он, балки барои ба даст овардани истиқлолият ва рушду нумӯи давлатҳои дигари қитъаи Африқо мубориза мебурд. Ба давлатҳои қашшоқи Африқо кумакҳои моддӣ ва маънавӣ мерасонид. Ӯ сиёсати давлатҳои истилогаре, ки ба ин қитъа ба воситаи миссионерҳо (тарғибгаронашон) ворид шуда, давлатҳои африкоиро зери тасарруфи худ медароварданд, зид буд. Тарғибгарони давлатҳои пешрафта бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла ворид намудани кумакҳои башардӯстона, тарғиби дину фарҳан¬гашон, сиёсату забони худашонро ворид мекарданд. Муаммар Қаддофӣ зидди сиёсати истилогаронаи онҳо буд. Худаш ба ин давлатҳои қашшоқ кумакҳо мерасонид. Мадра¬саҳою масҷидҳо месохт, маводи таълимӣ ва муаллимҳоро мефиристонид. Ин ҳама ба хотири босавод гардонидани мардуми бесавод ва пайравӣ кардани онҳо аз дини ислом буд. Сиёсати маҳви бесаводиро дар давлатҳои Африқо пиёда менамуд. Ҳавопаймоҳои Либия ба мусофирони давлатҳои Африқо хизмат мекард. Ҳар сол дар рӯзи мавлуди Ҳазрати Муҳаммад (с-с) дар яке аз давлатҳои африқоӣ ба муносибати ифтитоҳи мадрасаҳою масҷидҳои нав бо иштироки намояндагони мусулмонони давлатҳои дунё маҳфилҳо баргузор мекард. Аз ҷумла аз Тоҷикистон низ намояндагон даъват мешуданд, ки банда низ ба он сафарҳои гурӯҳҳо шомил будам. Даъватшудагон дар пойтахти Либия ш.Триполи ҷамъ меомаданд ва бо ҳавопаймоҳои Либия ба он кишварҳои африқоӣ интиқол дода мешуданд. Маҳфилҳо дар рӯзи ҷумъа баргузор мешуданд, ки Муаммар Қаддофӣ пас аз маърӯзааш дар намози ҷумъа пеш медаромад. Матни маърӯза ба иштирокдорон тақсим карда мешуд. Муҳтавои маърӯза аз танқиди давлатҳои пешрафтаи истеъморгар ва ҳидоят ба ваҳдати мусулмонони дунё иборат буд. Матни маърӯза аз тариқи ВАО интишор мешуд. Пас аз анҷоми намози ҷумъа аз номи Муаммар Қаддофӣ зиёфат ороста мешуд. Пас аз маҳфилу зиёфати бошукӯҳ ҳавопаймоҳои Либия намояндагонро ба ш. Триполи интиқол медоданд. Ҳамаи хароҷоти меҳмонон аз ҷониби давлат пардохт мешуд. Ин гуна иқдомҳои пайгиронаи Муаммар Қаддофӣ ташаббусҳои озодихоҳона, ба ваҳдати мусулмонон ба бисёр роҳбарони давлатҳои истеъморгар маъқул набуд. Бинобар ин ҳавопаймоҳои созмони ҳарбии НАТО барои несту нобуд кардани Муаммар Қаддофӣ ба қароргоҳи ӯ дар ш.Триполӣ ҳуҷумҳои мусаллаҳона карда буданд. 20 октябри соли 2011 инқилобгарои шаҳри Бонғозӣ бо силоҳи муосири ИМА бо дастгирии ҳавопаймоҳои ҷангии НАТО ба пойтахти Либия ҳуҷум карда, полковник Муаммар Қаддофиро даргурез карданд. Дар назди шаҳри Сирт Муаммар Қаддофиро ҳавопаймоҳои НАТО аз ҳаво ҳуҷум ва силоҳбадастони либиягӣ дар замин дастгир карда, ӯро бераҳмона қатл намуданд. Бо ҳамин умри роҳбари инқилоби Либия, ки 42 сол дар сари ҳокимият буд, ба охир расид, халқи Либия бо носипосӣ ба сарварашон ва наздикони ӯ хиёнат карданд. Ҳамчунон як зумра шаҳрвандони Сурия алайҳи Башор Асад-Президенти ин кишвар исён карда, мехостанд ӯро низ ба қатл расонад. Вале бо дастгирии ҷонибдорони сиёсати Башор Асад ва ҳимояти баъзе давлатҳои ба Сурия дӯст исёнгарон натавонистанд Президенти Сурияро аз байн баранд. Онҳо гумон карданд, ки баробари аз байн рафтани сарвари ин давлати Сурия фавран ба давлати демократии пешрафта соҳиб мегардад. Вале афсӯс, ки онҳо ба кӯтоҳандешӣ роҳ доданд, ҳамон гуна давлати ободу таърихии пешрафтаро ба харобазор табдил доданд. Имрӯз халқи Ироқ дар орзуи пешвои хирадманду сиёсатмадоре ба мисли Ҳусайн ҳастанд. Овони сарварии Ҳусайнро, ки ӯ 24 сол Президенти Ироқ буд, орзу мекунанд. Он шаҳомати давлату давлатдории Саддом Ҳусайн барои халқи Ироқ дигар орзуст. Халқи Либия ҳам даврони оромию осудагӣ, арзонию осудаҳолиро, ки дар овони сарварии Муаммар Қаддофӣ буд, акнун орзу доранд. Он сулҳу ваҳдати ба даст омадаашон, истиқболи ҷашнҳои муҳташам, обрую эътибори Либия дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳоло аз даст рафтааст. Имрӯзҳо қабилаҳо дар Либия бар муқобили ҳамдигар муборизаҳои хунин бурда истодаанд. Дар орзуи онанд, ки шахсе ба монанди Муаммар Қаддофӣ пайдо шаваду дигарбора қабилаҳои Либияро бо ҳам муттаҳид ва дӯст гардонад. Ҳодисаҳои ахири дар Туркия ба вуқӯъ омада нишон доданд, ки нақши баъзе давлатҳои манфиатхоҳ дар исёни мусаллаҳонаи шаҳри Истанбул муассир ва калидӣ аст. Ҳушёрию зиракии Президент Раҷаб Тайиб Эрдоган ва сохторҳои амниятӣ намешуду, сари вақт муроҷиати телевизионии ӯ ба халқаш садо намедод ва оммаи халқ бар муқобили исёнгарони низомӣ намехестанд, эҳтимол зимоми давлат аз даст мерафт. Ин иқдоми хирадмандонаи мардуми Туркия аз ҳушёрӣ ва бедории онҳо дарак медиҳад, ки ба ин васила пеши хунрезӣ ва талафот гирифта шуд. Таҷрибаи зиндагӣ нишон медиҳад, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт будани абармардону пешвоён ва сипаҳсолорҳои таърихӣ, ки ҳастии худашонро баҳри ҳифозату беҳбудии халқу, миллаташон бахшидаанд, ба таври бояду шояд арҷгузорӣ намегарданд. Ин гуна ашхос, ки дар сатҳи байналмилалӣ мақому эътибори хосе доранд, ба ҳайси сиёсатмадори касбӣ дар созмонҳои боэътибори байналмилалӣ мақоми худро муайян кардаанд ва дар байни роҳбарони давлатҳо эътироф гардидаанд, ба пуштибонию ғамхории халқ сазоворанд. Месазад, ки ин гуна пешвоёни дар сардию гармии зиндагӣ санҷидашударо эҳтирому эҳтиёт кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳама гуна озмоишҳои ҳаётро паси сар карда, миллати тоҷикро аз роҳҳои басо пурхатар бо мушкилоти зиёду сангини таърихӣ ва тақдирсоз дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба нуқтаи мақсуд расонид. Мардумро сарҷамъ, сулҳу суботро фароҳам, рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеаро таъмин, марзу буми Ватани аҷдодиро ҳифозат кард, ки ин худ дар масири зиндагӣ неъмати бебаҳост. Таманно мекунем, ки ба ин Ватани ободу озоди мо чашми нотавонбинон нарасад ва ин Ватани азизи мо зери сарварии хирадмандонаи Президентамон, Ватани сулҳофарин ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон боқӣ монад. Бошад, ки халқи шарафманди Тоҷикистон сулҳу ваҳдатро гиромӣ дошта, дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, ба зиндагии шоиста сазовор гашта, ба ояндагони худ ин Ватани биҳиштосоро ба мерос гузорад. Мавлон Мухторов, сармуҳаррири маҷаллаи «Дин ва ҷомеа» |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.