Афзоиши ҳаҷми содироти мол ба хориҷ3-08-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 235 нафар
Назарҳо: 0
Дар нимсолаи якуми соли равон ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон ба хориҷ нисбат ба воридот зиёд гардидааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 банди фоизӣ ё 36 миллион доллари ИМА зиёд мебошад. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.
Манзура Рустамова, мегӯяд, ки дар шаш моҳи соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 99 давлати ҷаҳон ҳамкории тиҷоратиро ба роҳ монда, ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон ба Қазоқистон - 17%, Шветсария - 14%, Русия - 19%, Афғонистон – 8%, Покистон – 5 %, Чин – 4,5 %, Тайван – 4,3%, Эрон – 3,1%, Ӯзбекистон – 2,2%, Италия – 1,3%, Қирғизистон – 0,9% ва Латвия – 0,6% афзудааст. Гуфта мешавад, ки ҳаҷми воридоти мол аз давлатҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 72,9 миллион доллари ИМА коҳиш ёфта, воридоти мол аз Русия - 31,6%, Чин – 31,5%, Қазоқистон – 15, 1%, Туркия – 3%, Туркманистон – 3%, Эрон – 2%, Ӯзбекистон-1%, Покистон – 1,6%, Италия-0,8% ва аз Беларусияву Украинаву Қирғизистон мутаносибан 0,5% - ро ташкил додаст. Зикр кардан ба маврид аст, ки гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон 1 миллиарду 918, 4 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз он 1 миллиарду 499,8 миллион ба воридот ва 418,6 миллион ба содироти мол рост меояд. Манзура Рустамова оид ба фаъолияти Палатаи савдо дахл карда афзуд, ки дар шаш моҳи соли равон Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмуии хизматрасониҳояш 978 ҳазор сомонӣ ба даст оварда онро ба 101,1 фоиз расонидааст. Аз маблағи ба дастомада 839 ҳазор сомонӣ барои фаъолияти ҷории палата хароҷот шуда, 99 ҳазор сомонӣ даромади соф дар тавозун боқӣ мондааст. Ёдовар мешавем, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкоронро дар гузаронидани экспертизаи маҳсулот, рақамгузории маҳсулот (штрихкод), машварати ҳуқуқӣ, иттилоот, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва сармоягузорон, гузаронидани тренингҳо ва семинарҳо дастгирӣ менамояд. Айни замон шумораи соҳибкорон – аъзои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба 700 нафар мерасад, ки ин дар муттаҳиду босамар намудани фаъолияти корхонаҳо дар таҳкими робитаи тиҷоратиашон бо шарикони хориҷӣ мусоидат мекунад. Н. Абӯалӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.