Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Тафаккурро бояд дигар кард

Тафаккурро бояд дигар кард

3-08-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 640 нафар
Назарҳо: 1
Тафаккурро бояд дигар кардДар китоби «Ҳазорсухан»-и Муҳаммади Ҳиҷозӣ омадааст, ки дар гармои тобистон он қадар нуру гармӣ бар худ гирифт, ки метавон онро дар айёми хунукиву шабҳои тор истифода бурд. Агарчанде ин суханон маҷозан гуфта шуда бошад ҳам, ба он инсонҳое ин гуфтаҳо рост меояд, ки гармиву сардиҳои зиндагиро беш дида, аз он хулосаи даркорӣ бароварданд. Ва ин нафарон натанҳо дар оила, балки дар ҷамъият низ ҷойгоҳи хосса доранд.

Фароғат Раҷабовна Иброҳимова. Ин ном дар доираи занони фаъоли вилояти Суғд ҳамеша вирди забон аст. Зеро ӯ новобаста аз соҳибкор будан, пайваста дар чорабиниҳои давлатӣ ширкат меварзад ва барои пешрафти кор дастуру фикрҳои ҷолиб медиҳад. Чанде пеш раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Идигул Қосимзода Тағо бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварда, зимни вохӯриҳо бо занони фаъоли шаҳру ноҳияҳо аз умдатарин мушкилиҳои занон ва умуман оилаву ҷамъият сухан гуфт. Дар ҷаласаи бонувони фаъоли ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар қатори дигар бонувон Фароғат Раҷабовна низ ширкат дошт. Мо хостем таассуроти хешро аз ин ҷаласа ва умуман нуктаи назари ин бонуро дар бораи нақш ва мақоми зан дар ҷомеа дониста бошем. Инак, фишурдаи ин суҳбат манзури хонандагон мегардад.


- Фароғат Раҷабовна, маълум, ки пешрафти ҷомеаи имрӯзаро бе нақши занону модарон тасаввур кардан нашояд. Хосса, заноне ки соҳибмаърифатанд, дар тарбияи фарзанд, рушди оила ва ниҳоят дар тараққиёти давлат таъсири бевосита мерасонад. Қабули якчанд барномаҳои давлатӣ роҳи бузурге кушод, барои бонувони мо. Аммо ҳамоно эҳсос мешавад, ки пешорӯи занони тоҷик мушкилоти зиёд истодааст, ки ҳалли он таъхирнопазир аст…
- Шумо дуруст таъкид намудед, ки тақдири зан-модар дар меҳвари асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки зарурияти маърифатнокии духтарону бонувони мо ҳанӯз 15 сол пеш квотаи президентиро таъсис доданд, ки ҳоло садҳо нафар ихтисосмандҳо аз гӯшаҳои дурдасти кишварамон дар соҳаҳои гуногун адои вазифа доранд.

Илова бар ин қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» чандин монеаву мушкилиҳои бонувони тоҷикро аз байн бурд. Имрӯз ягон соҳае нест, ки дар он нақши дастони бонувони тоҷик набошад. Имрӯз зан-роҳбар, зан-иқтисодчӣ, зан-бонкдор, зан-кишоварз ва ниҳоят зан-бонуи хонадон аст. Мушкилии асосие, ки имрӯз бонувон доранд, ин аз каммаърифатии аҳли ҷомеа маншаъ мегирад. Оддитарин мисол он аст, ки тақдири духтаронро ҳанӯз овони мактабхонӣ ҳал мекунанд. Яъне барвақт ба шавҳар медиҳанд. Садди роҳи таҳсил ва орзуҳои беканори он мегарданд. Дар натиҷа духтари бечора дар хонадони тамоман бегона бинобар камтаҷрибагӣ дучори хушунат мегардад. Ва ин боиси хонавайронӣ мешавад.

- Дар суханронии Идигул Қосимзода мушкилии дигари занон ин либоспӯшии ба ном «исломӣ» ва либоси мӯди аврупоӣ низ зикр шуд. Мехостам нуктаи назари хешро дар ин бора мегуфтед?
- Миёни ҷомеаи мо як одати бад паҳн мешавад. Ин тақлид ва таассуб ба фарҳангу одати дигар миллату ҳалқиятҳост, ки фикр мекунам ин амал комилан хатост. Имрӯз дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр мебинӣ, ки занони ба ном авратпӯш зиёд шудаанду гӯиё бо ин амалашон садоқати худро ба дини мубини ислом нишон доданӣ мешаванд. Вале дар гармои тобистон ба бар кардани либоси сиёҳ ба саломатӣ зиён дорад. Дар муқобили ин гуна занон имрӯз мо шоҳиди либоспӯшии гурӯҳи дигари занон гаштаем, ки ба шаъну шарафи занони тоҷик иснод меорад. Яъне пӯшидани либоси ҳариру урёни аврупоӣ низ хоси миллати мо нест. Ва ҷалби ҳунари атласу адрасбофӣ миёни занон маҳз нуқта гузоштан ба гаравидан ба фарҳангу либоси бегона мебошад.

- Аммо дар ин мулоқот раиси занони кишвар боз аз он изҳори ташвиш намуд, ки занони мо бештар майл ба либоси синтетикӣ доранд. Андешаи Шумо дар ин бора…
-Воқеан ҳам имрӯз шумораи матоъҳои сохти синтетикӣ ба таври ногуфт аз кишварҳои Чин, Туркия, Малайзия ба ҷумҳурӣ ворид шуда, дар бузургтарин фурӯшгоҳҳои кишвар амсоли «Корвон» ва «Сомон» ба фурӯш мераванд. Дар назари аввал матоъ хеле ҷилодору дилкаш аст. Аммо чун онро мепӯшед, худро хеле нороҳат ҳис мекунед. Аммо кӯтоҳназарии мо сабаб мешавад, ки бо нархҳои ҳангуфт ин матоъҳоро ба ҷиҳози арӯсии духтаронамон харидорӣ мекунем. Бехабар аз он ки пӯшидани ин гуна либосҳо хатари ҷиддӣ дорад ба саломатии инсон. Дар беморхонаи пӯсти вилоят даҳҳо занонро вохӯрдан мумкин, ки бо ҷурми пӯшидани ин гуна либос гирифтори бемориҳои гуногун шудаанд.

- Ин ҷо сухан дар бораи ҷиҳози арӯсӣ рафт. Ба назари Шумо мо тавонистем бо роҳандозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими расму оинҳо» сарфи беҳудаи тӯйҳои суннативу арӯсиро кам кардем?
- Ин қонун воқеан ҳам рӯйи кор омад, ки вазъи иқтисодии кишвар чандон хуб набуд. Дар амал татбиқ шудани қонун мушкилии ҳазорҳо оиларо осон намуд. Забҳи чорво кам шуд. Шумораи ба тӯйу сур меомадагон низ кам гардид. Аммо ҳамчун зан -модар ҳаминро гуфтаниам, ки ҳоло низ мо гирифтори дарди «таассубу тақлидем». Бовар кунед, дар шароити имрӯза духтарро ба шавҳар баровардан азоби сангине барои волидон шудааст. Зеро он «қонунҳои нонавиштае», ки «леди лидерон» - маҳаллаҳо баровардаанд, миёни духтардоронро шикаста истодааст. Ҳоло низ ҷиҳози 20 қабата миёни мардум расм шудааст. Бар замми харидории туҳфаҳои гаронарзиш ба шавҳару дигар пайвандони шавҳари арӯс дар ҳоли мӯд аст. Рафту духтар фарзанддор шуд, волидони аксари духтарон аз бонк қарз гирифта, маъракаи «гаҳворабандон»-ро бо тамоми «суннатҳояш» ба ҷо меоранд. Кам нестанд мисолҳое, ки баъд аз баргузории маросими тӯйи арӯсӣ, «гаҳворабандон» ва тӯйи суннатӣ падару модар аз бонк қарздор мешаванд. Фикр мекунам вақти он расидааст, ки комиссияи муштарак оид ба ислоҳи вазъ таъсис дода шавад ва ин ниҳод дар шикастани стереотипҳо кӯшиш варзад.

- Дар ҷаласа боз кадомин нуктаҳое зикр шуданд, ки ба Шумо таъсир гузошт.
- Мушкилиҳое ки имрӯз зани тоҷик бар дӯш дорад, ҳамагӣ дар ин маҷлис мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Занони фаъоли ноҳия ба монанди Мастура Комилова, муовини раиси ноҳия, Малоҳат Бобоева, мудири шуъбаи маориф Мукаррама Ҷӯраева, муовини раиси ҷамоати Хистеварз, Мавҷуда Мирпоччоева, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия дар бораи монеаву пешрафти занони ноҳия ва умуман занони тоҷик сухан карданд. Дардноктарин масъала дар ин чаласа ин муҳокимаи хешутаборӣ буд. Зеро пушти ин иқдоми «хайрхоҳонаи» пайвандон, тақдири зану шавҳар ва фарзандони ояндаи онҳо меистад. Солимии ҷамъият ин бойигарии давлат ва ҷомеа мебошад. Фарзанди бемор ба оила мушкилоти зиёдеро бор мекунад. Аз ин лиҳоз ҳар шахсе, ки издивоҷ мекунад, аввал ҷиҳатҳои муҳими ин масъаларо бояд таҳлил ва андеша намояд. Агар ба ин масъала аз нигоҳи илми биологӣ ва тиббӣ назар намоем, исбот шудааст, ки фарзандони дорои нуқсонҳои ирсӣ бештар дар оилаҳое вомехӯранд, ки никоҳи хешутаборӣ доранд. Ҷомеа ҳамон вақт рушду нумӯъ мекунад, вақте дар он оилаҳое бунёд шаванд, ки маънавиёту фарҳанги соҳибони онҳо баланд бошад, аз онҳо наслҳои ҷисману руҳан сиҳат ба камол расанд. Аз ҷумла, ишораи сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи он, ки «дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешутаборӣ зиёд шуда боиси таввалуди қӯдакони маъюб гардида истодааст», бояд ба ҳар яки мо сабақ шавад.

- Шумо дар суҳбатҳои қаблӣ, ки бо ман доштед, номи як зумра занони фаъоли вилоятро ба забон овардед, ки дар ташаккули зеҳнии шумо нақши бориз доштанд…
- Бале, дар ҷомеаи мо занони фаъол хеле зиёданд, ки мехоҳам мисли онҳо соҳибобрӯ бошам. Ба забон овардани номи Биҳоҷал Раҳимова, Шуҷоат Ҳасанова, Мавҷуда Бобоева, Ӯғулой Умаралиева ва даҳҳои дигар бароям мояи ифтихор аст. Дар ҳамин ҷаласа аз китоби олимаи хеле пуркори мо номзади илмҳои суханшиносӣ Ӯғулой Умаралиева бо номи «Ҳизби ормонҳои халқ», ки барои дарёфти ҷоизаи ба номи Бобоҷон Ғафуров пешниҳод гардидааст, ёд карда шуд, ки ман ҳамчун шогирди ин олима ростӣ хеле ифтихор намудам. Ӯғулой Умаралиева аз қабили он занҳоеанд, ки ҳастиашонро ба илм бахшиданд. Зиндагиномаи он кас барои ҳар яки мо дарси ибрат аст.

- Чун аз китоби Ӯғулой Умаралиева ёдовар шудед, мехостам хонандагонро аз муҳтавиёти он шинос менамудед?
- Китоби мазкур армуғонест ба 20- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон ва дар он аз таърихи таъсисёбии ин ниҳоди қудратманд дар шаҳри Хуҷанд маълумот гирд оварда шудааст. Ҳамчунин дар китоб аз иқдомҳои наҷибонаи занони ҳизбии шаҳр дар мавриди оилаву оиладорӣ, эҳтироми волидон сухан меравад.

- Чӣ гуфтаниҳое доштед, ки мо напурсидем?
- Мехостам, ки пеш аз ҳама мафкураи занони мо боло бошад. Дар ҷамъият мақоми худро дошта бошанд. Он гоҳ ман худро хушбахти комил эҳсос мекунам.
Мусоҳиб Абдусабури Абдуваҳҳоб, мухбири махсуси «Минбари халқ» дар вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: