Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ гарави саломатист3-08-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 673 нафар
Назарҳо: 0
Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола дар ҷаҳон 1, 8 миллион нафар аз бемории дарунрав мефавтанд. Сабаби аксарияти ин ҳодисаҳо истеъмоли маҳсулоти носолим (вайроншуда, заҳрнок) ва оби ифлос мебошад. Ба ақидаи олимони соҳаи тиб дар сурати таваҷҷуҳ намудан ба солимии обу ғизо ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ сарзании бисёр намуди бемориҳои вобаста ба ғизоро пешгирӣ кардан мумкин аст. Бинобар муҳим будани масъалаи мазкур чанде пеш дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ муҳокимаи парламентӣ «Оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатӣ ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» доир гардид.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров қайд кард, ки ҳамасола дар мамлакат миқдори зиёди бемориҳои шадиди рӯда ба қайд гирифта мешавад. Раванди бақайдгирии гирифторони бемориҳои рӯда дар 10 соли охир каме майл ба пастшавӣ дошта, аз 60 000 ҳодиса то ба 57000 расидааст. - Роҳҳои сироятёбии ин бемориҳо асосан ба воситаи маҳсулоти ғизоӣ ва об буда, одатан беморӣ пас аз истеъмоли ғизоҳои заҳролудшуда аз микроорганизмҳо ва ё риояи нодурусти технологияи коркарди маҳсулоти ғизоӣ ба вуҷуд меояд, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров – микроорганизмҳои бемориовар қобилияти афзоиш дар маҳсулоти гӯштию ширӣ, моҳӣ, қаннодӣ, хӯриш ва ғайраро доранд. Аз рӯи маълумоти омор бақайдгирии бемории исҳоли хунин (дизентирия) дар ҷумҳурӣ майл ба пастшавӣ дошта, дар соли 2016-ум нисбат ба соли 2007-ум то 43 маротиба камтар гардидааст. Исҳоли хунин низ чӣ дар байни калонсолон ва чӣ дар байни кӯдакон аз риоя нагардидани беҳдошт (гигиена)-и шахсӣ ва истеъмоли ғизои сироятёфта ба вуҷуд меояд. Гирифторшавӣ ба ин беморӣ ҳам дар байни кӯдакон ва ҳам калонсолон ба назар мерасад. Яке аз бемориҳое, ки тавассути истеъмоли маҳсулоти чорво ба инсон мегузарад, брутселлёз (буғумдард) мебошад. Бақайдгирии ин беморӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дида мешавад. Зеро на дар ҳама ҷо чорвои ҷамъиятию шахсиро саривақт ба зидди брутселлёз эм мекунанд. - Таҳлил нишон медиҳад, ки ба бемории брутселлёз асосан ҷавонон ва шахсони то 50 сола гирифтор мешаванд – гуфт Наврӯз Ҷаъфаров. Мутаассифона, ҳодисаҳои беморшавии кӯдакони то 14 сола низ мушоҳида мешавад, ки ин боиси ташвиш аст. Зеро бо гирифторшавӣ ба ин беморӣ ҷавонон аз қобилияти дурусти корӣ маҳрум мешаванд. Тайи солҳои охир вазъи эпидемиологии бемории сӯхтанӣ низ номусоид гардидааст. Сабаби чунин вазъият дар навбати аввал ба муқобили бемории сӯхтанӣ бо эмдору фаро нагирифтани чорво мебошад. Аз рӯи маълумоти Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 дар ҷумҳурӣ 27 ҳодиса ва соли 2015 бошад, 35 ҳодисаи гирифторӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Соли 2007 ин рақам 54 ҳодисаро ташкил медод. Ба гуфтаи сардори Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Шералӣ Вазиров бо мақсади таъмин намудани назорати бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ тибқи талаботи Бюрои Байналмилалии Эпизоотӣ дар ҳамаи занҷири назорати байторӣ «Аз саҳро то дастархон» ё «Аз ферма то болои миз» дар ҷумҳурӣ 22 адад маркази ташхиси байторӣ, 74 адад озмоишгоҳи давлатии ташхиси беҳдошти байторӣ дар бозорҳои истеъмолӣ ва 25 адад нуқтаҳои назорати байторӣ дар сарҳади давлатӣ кору фаъолият мебаранд, ки аксарияти онҳо бо таҷҳизоту лавозимоти ташхисии замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Барои риоя накардани қонунгузории байторӣ тайи солҳои 2013-2015 ва 5 моҳи соли равон нисбати 5633 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода ба маблағи 712 940 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Ҳамчун маҳсулоти бесифат 29 255 кило маҳсулоти гӯштӣ, 12 474, 1 кило шир ва маҳсулоти ширӣ, 65508 дона тухм ва 113 236, 8 кило меваю сабзавот аз фурӯш боздошта шуд. Аксар шахсоне ки гирифитори бемориҳои ғизоӣ мешаванд, мушоҳида накардаанд, ки сабаби касалиашон маҳсулоти хӯрокворӣ аст. Номзади илмҳои тиб Саидҷон Нодирӣ мегӯяд, ки хурӯҷи дард дар меъда, дилбеҳузурӣ ва дарунравӣ нишонаҳои маъмулии бемориҳои ғизоӣ мебошанд. Ин нишонаҳо метавонанд дарҳол баъди хӯрдани ғизо ва ё пас аз чанд рӯз маълум шаванд. -Бемориҳои ғизоӣ метавонанд ба саломатии инсон мушкилоти тӯлонӣ оранд, – мегӯяд Саидҷон Нодирӣ. - Аксар бемориҳои вазнин, ба монанди саратон, артрит ва вайроншавии асаб ба воситаи хӯроки заҳролудшуда сар заданашон мумкин аст. Ғайр аз маҳсулоти туршшудаву бо микроорганизмҳои зарарнок сироятёфта, инчунин меваю сабзавоти сернитрат низ метавонад боиси беморшавии истеъмолкунанда гардад. Истифодаи аз меъёр зиёди нуриҳои нитрогендор (селитра, мочевина) метавонад боиси сернитрат шудани сабзавоту маҳсулоти полезӣ шавад. -Барои парвариши меваю сабзавот поруи чорвою парранда беҳтарин нурӣ ба шумор мераванд, - мегӯяд устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур Шамсиддин Солиев. – Аммо истифодаи пору низ риояи қоидаҳои махсусро талаб мекунад. Поруро танҳо баъди дар муддати муайян дар чуқурӣ нигоҳ дошта пӯсонидан, ё ҷамъ карда, болояшро бо хок пӯшонидан метавон истифода бурд. Дар ин сурат микроорганизмҳои бемориовар ва тухми алафҳои бегона нобуд мешаванд. Поруро пеш аз шудгор ва ё пеш аз кишти зироат ба замин рехтан зарур аст. Зеро микроорганизмҳои касалиовар , ки дар саргини ҳайвонот мавҷуданд, метавонанд муддати дароз зинда монда, меваю сабзавотро заҳролуд созанд. Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, доктори илмҳои химия Шамс Назаров мегӯяд, ки оби барои обёрии сабзавот ва полезиҳо истифодашаванда набояд микроорганизмҳои хавфнок дошта бошад. Микроорганизмҳои хавфноки саргинҳо метавонанд бо об омехта шуда, баъдан ба хок ва зироати қитъаи замини корам паҳн шаванд. Аз ин рӯ баҳри пешгирии ифлосшавии оби зеризаминӣ масофаи чоҳи пору ва дигар ҷойҳои нигоҳдории пору, саргин ва нуриҳо аз манбаи об набояд аз 10 метр кам бошад. Либосҳои кории чиркин ва парпечҳои кӯдаконро дар обе, ки замин бо он обёрӣ мешавад, набояд шуст. Мутаассифона, баъзе ашхоси бефаросат парпечи кӯдаконро ба ҷӯю дарёчаҳо мепартоянд, ки гуноҳест нобахшиданӣ. Зеро бо ин рафторашон об ифлос гашта, ба манбаи паҳншавии беморӣ табдил меёбад. -Истифода аз усули қатрагии обёрӣ ва ҷӯяккашӣ низ дараҷаи хавфро паст мекунад, - мегӯяд Шамс Назаров. – Чунин тарзи обёрӣ имкон медиҳад, ки об ба бехи ниҳолҳо равад, на ба шоху баргу ҳосили онҳо. Яке аз бемориҳои ниҳоят вазнину барои ҳаёт хатарнок ботулизм мебошад. Ботулизм заҳролудшавиест, ки аз нейротоксини боқувват – токсини ботулинӣ ба амал меояд ва онро шакли вегетативии бактерияи Clostidium bo tulinum хориҷ мекунад. Гарчанде ки асосан сироятёбӣ ба ботулизм ҳангоми истеъмоли маҳсулоти ғизоӣ ба амал ояд ҳам, боз сироятёбии ҷароҳатӣ, сирояти рӯдагӣ дар кӯдакони синни ширхорагӣ ва сироятёбӣ тариқи ҳаво низ вомехӯрад. Ботулизм аз одам ба одам намегузарад. Агар ба одами сироятёфта табобати фаврию зарурӣ расонида нашавад, эҳтимолияти марганҷомӣ аз ботулизм бениҳоят меафзояд ва аксаран марганҷомӣ аз ботулизм 5.10 фоизро ташкил медиҳад. Асоси пешгирии ботулизм ин пурра ва дуруст тайёр намудани ғизо, хусусан ҳангоми консервакунӣ риоя кардани талаботи гигиенӣ мебошад. Аз консерваи зарфҳои сарпӯшашон варамида, зич маҳкамнашуда ё ба дарун қат кардашуда, зарфе, ки аз он ҳангоми кушодан моеъ ба фишор мерезад ё ҳангоми кушодан бӯи ғайримуқаррарии глфлоам дорад, набояд истеъмол кард. Вакилони мардумӣ зимни муҳокимаи парламентӣ «Оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатӣ ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» таъкид намуданд, ки хуб мешуд воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои огоҳонидани шаҳрвандон бобати пешгирии бемориҳои сироятии аз маҳсулоти ғизоӣ пайдошаванда ва ташвиқу тарғиби қонунгузории соҳа барномаҳои телевизионию радиоӣ таҳия намуда, мақолаҳо ба табъ расонанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ зарур будани корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни одамоне, ки бо тайёр кардани хӯрок сарукор доранд ва саҳми калонеро дар бехатарии ғизо доранд, кайҳо эътироф карда буд. Баъди гузаронидани силсилаи машваратҳо ин ду ниҳод соли 2001 плакати «Панҷ калиди муҳими бехатарии ғизо»-ро таҳия намуда ба нашр расониданд, ки муҳтавояш чунин аст: 1. Тозагиро риоя намоед. Пеш аз гирифтани маҳсулоти хӯрокворӣ ва тайёр намудани ғизо дастонатонро шӯед. Баъд аз қазои ҳоҷат ҳатман дастонатонро шӯед. Сарпӯш ва зарфҳои хӯроктайёркуниро шуста, безарар гардонед. 2. Маҳсулоти хомро аз пухта ҷудо кунед. Гӯшти хом, мурғ ва маҳсулоти баҳриро аз дигар хӯроквориҳо ҷудо нигоҳ доред. Барои коркарди маҳсулоти хом асбобу лавозимоти алоҳидаи ошхона, ба монанди корду тахтачаҳои тозаро истифода баред. Маҳсулотро дар зарфҳои пӯшида ва алоҳида ҳифз намоед. 3. Маҳсулотро нағз бирён кунед ё ҷӯшонед. Хӯрокро, махсусан гӯшти чорво, парранда, тухм ва маҳсулоти баҳриро бодиққат бирён кунед ё ҷӯшонед. Зимни пухтупаз об ва пиёбаи гӯшт (парранда) бояд соф бошад, на ранга. 4. Маҳсулотро дар ҳарорати бехатар нигоҳ доред. Хӯроки тайёршударо дар ҳарорати хона, аз 2 соат зиёд нигоҳ надоред. Ғизои тайёр ва тезвайроншавандаро дар ҳарорати то 5 дараҷа нигоҳ доред. Маҳсулоти яхшударо дар ҳарорати хона об накунед. 5. Маҳсулоти тару тоза ва вайроннашударо интихоб кунед. Зимни пухтани ғизо оби тозаро истифода баред. Меваю сабзавотро пеш аз хӯрокпазӣ ва ё тару тоза истеъмол кардан ҳатман шӯед. Маҳсулоте, ки муҳлати истифодабариашон гузаштааст, истеъмол накунед. Риояи қоидаҳои зикршуда ба пешгирии бемориҳои вобаста ба ғизо мусоидат мекунад. С. Суннатӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.