Вохӯрии раиси шаҳри Қӯрғонтеппа бо сокинони маҳаллаҳо8-10-2015, 18:30
Хабарро хонданд: 389 нафар
Назарҳо: 0
Гуруҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо роҳбарии раиси шаҳр, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Амирулло Асадулло бо сокинони маҳаллаҳои Борбад, Ваҳдат, У.Хайём ва Қӯрғон – 2 дар толори Кохи Лоҳутӣ вохӯрӣ баргузор намуданд. Дар ин чорабинӣ Прокурори шаҳр, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, муовинони раиси шаҳр, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, аъзоёни гуруҳҳои таблиғотии ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, мудирони шуъба ва бахшҳои дахлдори хизматрасонӣ, роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва раисони маҳаллаҳои номбурда ширкат варзиданд. Маҷлис аз тамошои сабти видеоӣ, ки дар он пешбурди корҳои иҷрошуда дар соҳаҳои сохтмон, коммуналӣ ва муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва камбудиҳои ҷойдошта сабт гардида буданд, оғоз гардида, баъд аз он раиси шаҳр оиди бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта суханронӣ намуд. Ба шахсони соҳаҳои ба камбудӣ роҳ дода супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар охири чорабинӣ ба саволҳо ва пешниҳодҳои сокинони маҳаллаҳои номбурда аз тарафи раис ва роҳбарони муассиаҳои хизматрасонӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в.Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.