Донишгоҳ робитаҳои байналмилалиашро тавсиа медиҳад21-07-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 259 нафар
Назарҳо: 0
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба бахши ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳам таваҷҷуҳ карда, фаъолияти худро дар ин замина вусъат медиҳад.
Мӯмин Шарифзода, раиси ин муассисаи таҳсилоти олӣ дар конференсияи матбуотие, ки ба фаъолияти нимсолаи дуюми соли таҳсили 2015- 2016 бахшида шуд, гуфт: «Донишгоҳ дар доираи чунин ҳамкориҳо аз тариқи шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо мактабҳои олии хоириҷӣ зиёда аз 60 созишнома ва шартномаҳо ба имзо расонидааст.» Ба гуфтаи ӯ, ин муассисаи таҳсилоти олӣ дар барномаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла барномаҳои Темпус, Эрасмус Мундус, хазинаи Линеус Палмаи Шветсия, Институти ҷамъияти кушодаи Бунёди мадад, барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Лаҳистон ва Кореяи Ҷанубӣ фаъолона иштирок мекунад. Раиси донишгоҳ таъкид кард, ки «Аз ҷумла дар доираи барномаи Темпус, донишгоҳ ҳамоҳангсози чор лоиҳа («Байналмилалӣ кардани таҳсилоти олӣ», «Институти менеҷменти стратегии донишгоҳҳо», «Дастгирии ислоҳот дар мактабҳои олии Осиёи Марказӣ», «Омӯзиш дар тамоми умр: ташкили марказҳои забономӯзӣ») ва дар чорчӯби барномаи Эрасмус Мундус ҳамоҳангсози ду лоиҳа аст. Тавре зикр гардид, устодону омӯзгорони донишгоҳи тиҷорат ба кишварҳои хориҷии дуру наздик, аз ҷумла Қазоқистону Қирғизистон, Русия, Белорус, Украина, Словения, Британияи Кабир, Франсия, Шветсия, Лаҳистон, Олмон, Белгия, Италия сафарҳои хидматӣ анҷом дода, бо таҷрибаи таълим дар муассисаҳои таълимии ин кишварҳо аз наздик ошно шудаанд. Дидани раванди таълим, шиносоӣ бо низоми кредитии таҳсилот, омӯзиши забони англисӣ, омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи онҳо ҷиҳати таъмини сифати таҳсилоти олӣ ва муаррифии донишгоҳ дар ин мамлакатҳо аз ҳадафҳои ин давраҳои омӯзишӣ буд. Вай таъкид кард, ки бо ҳадафи рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин давра вохӯрию мулоқот бо чанде аз роҳбарони донишгоҳҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо раиси Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибири Федератсияи Русия В.В.Степанов, ректори Донишгоҳи иқтисод ва савдои кооператсияи матлуботи Белорус С.Н. Лебедева ва проректор оид ба илми ин донишгоҳ Н. А. Сниткова баргузор шудааст. Тавре дар нишаст қайд гардид, дар доираи лоиҳаи Эрасмус Мундус 6 устоди ҷавон барои омӯзиш дар бахши магистратура ва PhD дар донишгоҳҳои Австрия, Испания ва Словения, дар доираи барномаи таҳсилоти Лаҳистон устодони кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ дар риштаи магистратура, инчунин дар доираи созишномаи дутарафа бо Донишгоҳи Кемянги Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ 4 нафар донишҷӯи тоҷик дар бахши магистратура ва бакалавр таҳсил карданд. Инчунин 4 нафар дар доираи барномаи табодули донишҷӯён дар Донишгоҳи иқтисод ва савдои кооператсияи матлуботи Белорус (дар шаҳри Гомел), Донишгоҳи иқтисодии кооператсияи матлуботи Қазоқистон дар шаҳри Қарағанда ва дар Донишгоҳи менеҷменти Алмаато таҳсил карда истодаанд. Ҳамзамон бо ин 3 устоди ҷавони донишгоҳ дар риштаи магистратура дар Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибир ва Донишгоҳи иқтисод ва савдои кооператсияи матлуботи Белорус ба таҳсили худ идома медиҳанд. Дар нишаст зикр шуд, ки ҳоло дар донишгоҳ 21 донишҷӯи хориҷӣ, аз ҷумла 2 нафар аз Эрон, 10 нафар аз Афғонистон, 3 нафар аз Ӯзбекистон, 4 нафар аз Туркманистон ва ду донишҷӯ аз Русия тибқи барномаи бакалавр таҳсил менамоянд. Дар баробари ин 53 магистранти хориҷӣ аз Эрону Афғонистон дар ин донишгоҳ машғули омӯзиш ҳастанд. С. Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.