Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ15-07-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 657 нафар
Назарҳо: 1
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории ҳамешагӣ ва робитаи зич бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ тадбирҳои ҷиддӣ меандешад. Яке аз чунин тадбирҳо ҳамкории доимӣ бо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят, Шурои вилоятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон дар вилояти Суғд мебошад. Дидорбинӣ ва кӯмак ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ як самти фаъолияти Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ба ҳисоб меравад. Гузаронидани вохӯрию мулоқотҳои муфид бо ҷалби собиқадорон то имрӯз идома дорад. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки ҳизб дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои дар боло зикршуда ба санаҳои муҳими таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол арҷ гузошта, ҷиҳати мустаҳкам намудани сулҳу суботи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа корҳои ҳамешагӣ мебарад. Кумитаи иҷроияи вилоятӣ бо ҳизбҳои сиёсии мухталиф ва бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Шӯрои ҷамъиятии назди мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии вилоят ҳамкории ҳамаҷониба дорад. Инчунин, Кумитаи иҷроияи вилоятӣ дар ҳамаи маҷлисҳо ва чорабиниҳои Шӯрои ҷамъиятии вилоят иштироки фаъолона мекунад. Санаи 29-уми апрели 2016 бо иштироки 21 ташкилотҳои ҷамъиятии вилоят, ки Кумиҷроияи вилоятӣ ҳамкории судманд дорад, ҷаласа доир шуда, дар он мазмун ва моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, Муроҷиатномаи ташкилотҳои ҷамъиятии вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон оид ба дастгирӣ намудани тағйиру иловаҳо ва иштироки фаъолонаии мардум дар раванди демократикунонии ҷомеа қабул гардид. Муроҷиатномаи мазкур тавассути расонаҳои ахбори омма манзури аҳолӣ гардонида шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар назди шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилоят дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Гулрухсор” аз моҳи июни соли равон маркази “Ваҳдати оила” амал мекунад, ки барои пешгирии хушунати оилавӣ ва ҳалли масъалаҳои равонию ҳуқуқии он равона карда шудааст. Моҳияти ташкили ин марказ ин пеш аз ҳама пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҳалли саривақтиии муаммоҳои оилавӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, хушунати оилавӣ ва бохабар шудан аз ҳолати оилавии занони хонанишин, мусоидат барои ҳалли мушкилиҳои оила равона карда шудааст. Фаъолияти марказ бо тартиб ва шакли “Гардиши хона ба хона” ё “Пурсиши ҳавлӣ ба ҳавлӣ”–и занони фаъоли аъзои ҲХДТ ба роҳ монда шудааст. Дар назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ Маркази оила бо номи «Пайроҳаи хушбахтӣ» амал мекунад. Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол 3 маркази таълимии касбомӯзии қолинбофӣ, адрасбофӣ ва сӯзанидӯзӣ амал мекунад. Ҳамчунин бо Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳадаф аз ҳамкорӣ баррасии масъалаҳои вобаста ба танзими раванди муҳоҷират, таъмини муҳоҷирати бехатар ва бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа мебошад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.