Барак Обама озими Аврупо шуд11-07-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 262 нафар
Назарҳо: 0
Барак Обама, президенти ИМА барои анҷоми як сафари панҷрӯза, аз ҷумла иштирок дар саммити НАТО дар Варшава озими Аврупо шуд.
Обама ҳамчунин ба Испания низ сафар мекунад, ки дар ҷараёни он аз шаҳрҳои Севил ва Мадриди ин кишвар боздид хоҳад кард. Ин сафари нахустини ӯ ҳамчун президенти ИМА ба Испания аст. Бен Родс, мушовири президенти ИМА зимни нишасти хабарии телефонӣ гуфт, саммити Варшава дар замони хеле муҳим баргузор мешавад, ки дар он берун рафтани Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо (ИА), ташаннуҷ бо Русия ва бархе аз масъалаҳои дигаре, мисли муҳоҷирон, баррасӣ хоҳад шуд. Тибқи барнома, Обама дар Варшава бо раиси Шӯрои ИА Доналд Туск ва раиси комиссияи ИА Жан-Клод Юнкер мулоқот менамояд. Зимни ҷаласаи рӯзи ҷумъа масъалаҳои вобаста ба Brexit ва муносибатҳо бо Русия баррасӣ мешаванд. Обама ҳамчунин бо Йенс Столтенберг, котиби генералии НАТО гуфтушунид намуда, бо Анҷей Дуда, президенти Полша низ мулоқот хоҳад кард. Тавре Бен Родс иттилоъ медиҳад, дар иҷлосияи нахустини Шӯрои НАТО масъалаҳои умумӣ, аз ҷумла шомил шудани Черногория ба узвияти эътилоф, хароҷоти дифоъ ва амнияти интернетӣ баррасӣ мешавад. Дар ҷаласаи дувум, ки шоми рӯзи ҷумъа баргузор мешавад, раҳбарони НАТО сари мизи хӯроки шом бештар ба масъалаҳои вобаста бо Русия таваҷҷуҳ хоҳанд кард. Аз замони таъсисёбии НАТО инҷониб 27 мулоқоти сатҳи олӣ баргузор шудааст. Дар саммити Лаҳистон 58 ҳайати расмӣ, аз ҷумла намояндаҳои ИА, СММ, Бонки ҷаҳонӣ, Ассамблеяи парлумонии НАТО ва 26 кишвари ҳампаймон иштирок хоҳад кард. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.