Дар Русия порлумон як қонунро қабул ва президент қонуни дигарро имзо кард7-07-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 255 нафар
Назарҳо: 0
Дар сомонаи Думаи давлатии Русия дирӯз матни қонун "Дар бораи силоҳ", ки охири моҳи июн пазируфта шуда буд, тағйир дода шудааст. Дар ин бора хабаргузории "Коммерсант" иттилоъ медиҳад.
Дар матни нав на иҷозати даҳсолаи нигаҳдории силоҳ, балки иҷозати панҷсола ишора шудааст. Дар матни қонуне, ки президенти Русия Владимир Путин 3 июл имзо кард, низ муҳлат панҷ сол нишон дода шудааст. Пештар аз ин дар сомонаи Думаи давлати матне, ки иҷозаи даҳсолаи нигаҳдораи силоҳ навишта шуда буд, ҷой дошт. Аммо дар матни пешини қонун ҳамоно навишта шудааст, ки муҳлати нигаҳдории силоҳ даҳ сол аст. Дар сомонаи Думаи давлатӣ низ қонуни ислоҳшуда боқӣ мондааст. Ба ин тартиб, президент қонунеро ба имзо расонидааст, ки тағйирот аз он бардошта шудааст. Ин амали вай хилофи қонун аст, менависад "Коммерсант". Муовини раиси кумитаи амнияти Думаи давлатии Русия Дмитрий Горовтсев мегӯяд, президент бояд аз амалишавии қонун пешгирӣ кунад. Дар бораи он ки порлумон як қонунро қабул ва президент қонуни дигарро имзо кардааст, рӯзи 5 июл хабар расид. Кремл мегӯяд, ин ихтилоф натиҷаи ғалати пойгоҳи иттилоотии порлумон аст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.