Анҷумани ХV ҳизби «Единая Россия»2-07-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 402 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзҳои 26-27 июни соли 2016 дар шаҳри Маскав марҳилаи дуюми Анҷумани ХV ҳизби сиёсии умумироссиягии «Единая Россия» барпо гардид. Марҳилаи аввали он дар моҳи феврали соли равон доир гашта буд.
Дар кори Анҷумани ХV «Единая Россия» беш аз 2 ҳазор вакилону меҳмонон аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия ва хориҷи мамлакат иштирок доштанд. Кори Анҷуманро зиёда аз ҳазор нафар мухбирони дохилию хориҷӣ инъикос намуданд. Аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ намояндаҳо даъват шуда буданд, ки ҳайати тоҷикистониро Муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода роҳбарӣ мекард. Вакилони Анҷуман санади Барномавии ҳизбро, ки барои панҷ соли оянда таҳия шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин дар рӯзномаи Анҷумани ХV «Единная Россия» пешбарии вакилон аз Ҳизби мазкур ба Думаи давлтии Русия аз рӯи рӯйхати ҳизбӣ ва тибқи ҳавзаҳои якмандатӣ ворид гардида буд. Вакилони Анҷуман 225 номзадро аз рӯи рӯйхати ягонаи умумирусиягӣ ва 225 номзади дигарро аз рӯи ҳавзаҳои якмандатӣ пешбарӣ ва тасдиқ карданд. Дар ҷаласаҳои пленарӣ Президенти Русия Владимир Путин ва сарвазири мамлакат Дмитрий Медведев баромад ва суханронӣ намуданд. Дар маҷмуъ аз минтақаҳои Федератсияи Русия вакилон аз рӯи қариб 20 масъала маърӯза карда, фаъолият ва мавқеи ҳизбро таҳлилу баррасӣ намуданд. Ҳанӯз дар марҳилаи аввал вакилон Дастур дар бораи низоми гузарондани овоздиҳии умумифедералии ҳизбиро дар мавриди мушаххас ва пешбарӣ кардани номзадҳо ба депутатии Думаи давлатии Русия, даъвати ҳафтумро муҳокима ва қабул намуданд. Ҳадафи аслии Барномаи пешниҳодшудаи ҳизбӣ аз он иборат аст, ки дар марҳилаи наздиктарин бояд ба рушди иқтисодии мамлакат ноил шаванд. Дар маҷмуъ 680 нафар вакилони Анҷуман ба ҷонибдории рӯйхати федералии номзадҳои ҳизбӣ овоз доданд ва ҳамагӣ як нафар муқобил баромадааст. Президенти Русия В. Путин зимни суханронӣ иброз дошт, ки Барномаи ҳизб ба таври умум пешниҳод гардидааст ва номзадҳои ҳизбиро лозим аст, ки ба мардум ваъдаҳои хушку холӣ надиҳанд, балки ҳар як ҳадафи манзургаштаро бояд аз нигоҳи воқеият арзёбӣ намоянд. Рӯйхати федералии «Единая Россия»-ро сарвазир Д. Медведев сарварӣ мекунад. Рӯйхати минтақавӣ ба 36 гуруҳ тақсим карда шудааст, ки ба онҳо 19 раиси минтақавӣ, 9 нафар губернаторон ва 10 сарвари ҷумҳуриҳо роҳбарӣ мекунанд. Раиси ҳизб Д. Медведев зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҳизби «Единая Россия» дар миёни мардум аз обрӯ ва эътибори хосса бархурдор аст ва метавонад, ки шаффоф ва озодона ба пирӯзӣ расад. Ҳизби мазкур дар 207 ҳавза номзадҳояшро пешбарӣ мекунад ва танҳо дар 18 ҳавза ният дорад, ки аз пешбарии номзадҳояш худдорӣ намояд. Акнун Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Русия бояд то 13 июли соли равон рӯйхати номзадҳои аҳзоби сиёсиро барои омӯзиш ва таҳлил қабул намояд ва то 7 рӯзи дигар онҳоро тасдиқ кунад. Интихобот ба Думаи давлатии Русия дар рӯзи 18 сентябри соли равон муқаррар гардидааст. Усмон Солеҳ, котиби матбуотии ҲХДТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.