Омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар Деваштич29-06-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 728 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи тавсияи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ идома дорад.
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази ёрии иҷтимоии ноҳияи Деваштич омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» баргузор гардид ва дар чорабинии мазкур раиси ташкилоти ибтидоӣ Лутфинисо Солиева доир ба аҳамияти таърихии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-маърӯза карда, махсусан қайд намуд: -Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ ва расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огоҳи надоранд, инсони комил ва фарзанди барӯманди замони хеш шуда наметавонанд. Бинобар ин, шиносоӣ пайдо кардан бо китоби оламшумули «Тоҷикон дар оинаи таърих» барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ҳам қарзу ҳам фарз мебошад, зеро бе донистани гузаштаи худ ояндаро сохтан номумкин аст. Иштирокчиёни аксияи мазкур суханони Раиси ташкилотро мақбул дониста, ташвиқу тарғибро оид ба худшиносиву худогоҳӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ дар байни пиру ҷавони мамалакат вазифаи асосии худ низ эътироф намуданд. Инчунин қайд карданд, ки сулҳу суботу осудагии Ватанро бояд аз ҳама манфиатҳо боло гузорем. Мо халқи Тоҷикистон тарафдори сулҳи пойдор буда, зери парчами Истиқлолият умр ба сар бурда истодаем. Маҳз барои ҳамин хотир барои боз ҳам ободу зебо гаштани Ватани азизамон бояд ҳамеша дар талош бошем. Мо кормандони марказ барои дастгирии бевоситаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати пиронсолон ва маъюбон миннатдории худро мерасонем ва аҳли ҷомеаи меҳнатии Маркази ёрии иҷтимоӣ ваъда медиҳем, ки барои дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҷиддӣ дида, барои сарбаландона ҷашн гирифтани санаҳои фархунда чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоем. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.