Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Шахсият ва санъат

Шахсият ва санъат

26-06-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 356 нафар
Назарҳо: 0
Шахсият ва санъат
Аз он вақте ки дар осмон офтоб фурӯзон буда дар гирдаш сайёраҳо чарх мезананд, ҳеҷ гоҳ дида нашудааст, ки дар ҳамаи замонҳо одамон дар хусуси тақдиру толеъ, хушбахтиву бадбахтӣ, озодиву ахлоқ, муҳаббат ва санъат барин падидаҳои мураккаби умумиинсонӣ фикр накарда бошанд. Зеро, аз назари инсоншиносии файласуфи маъруф Кароматулло Олимов “Ҷаҳони ботинии инсон падидаи хеле мураккаб аст, ки ҳамеша тилисме буда, ҳаст ва хоҳад буд ва онро то охир кашф кардан номумкин аст. Ин ҷаҳони зеҳнӣ омезиши тасаввуроти илмӣ, динӣ, сиёсӣ, эстетикӣ, ахлоқӣ, эҳсосотӣ ва ғайра мебошад”. Суханони Кант-файласуфи бузург ба ёд меояд, ки гуфтааст, ки ду чиз маро ҳамеша ба ҳайрат меоварад: “яке осмони ситоразорест дар болои сарам, дигаре ахлоқест дар ботини худам”. Ҳарчанд ақли инсон барои донистани тамоми арзишҳои ботинӣ оҷиз аст, лекин дар вуҷуди одамони ҳамаи замонҳо ҳиссиёти омӯхтан ва дарк кардани “асрори худӣ” мавҷ мезанад. Агар мо ҳама чизро дар хусуси Инсон медонистем, он гоҳ ба кадом самт ҳаракат намудани “рӯҳи башар”, ҳодисаҳои пасипардаи геополитикӣ, рафти умумиҷаҳонии таърих ва сабабҳои кулли нобаробариҳои инсоният дар гузашта, сабаби пешрафт ва таназзули халқиятҳо ҳамон қадар осон маълум гашта ва ҳоҷати он қадар баҳсу мунозираҳои фалсафию илмӣ набуд. Донистанашавандагии оламро пешгӯӣ кардани идеалистон як навъ оҷизии хирад дар назди қонунҳои табиат ва ҷамъият нест, балки болотар аз он эътироф кардани ҳақиқати бебаҳс мебошад. Бо вуҷуди он ҳама комёбиҳои беназири илмӣ ва техникӣ баҳри ҳаракати таърих ва сабабҳои аслии ҳодисаҳои “Ҷанг ва Сулҳ” барои одамони дар як давра зиндагикунанда то ҳадди охир маълум нагашта, чигил ва норавшан мемонад. Аз ин рӯ, чизе, ки дар мавриди таваҷҷуҳи мо қарор мегирад, танҳо нақши шахсият дар таърих набуда, балки аз нуқтаи назари методологияи инсоншиносӣ (антропология) шинохти принсипҳои феномени шахсият ва санъат дар бунёди сулҳ мебошад. Зеро оламе, ки имрӯз мо дар он сукунат дорем, рух додани ҳодисаҳои ақлнораси сиёсӣ, фанатизми динӣ ва зуҳур кардани падидаҳои гуногун дар дунёи санъат мебошанд. Ба ҳамин тариқ, вазифаи эҷод ва эҷодкор аз ҳарвақта дида мушкилтар ва мураккабтар мегардад. Фикр мекунем, ки аз сирф дастовардҳои ақлонии шахсият дида, чеҳраи ахлоқии ӯ муҳимтар ва заруртар мебошад. Танҳо бо инсони модернист (навпараст) будан наметавон арзишҳои ботинии одамонро омӯхт, балки идеалҳои гуманизм ва консерватизмро (эҳтиром ба арзишҳои кӯҳнанашаванда) рушд додан мувофиқ ба мақсад мешуд. Аммо ҳадафи мо таҳлили назарияҳо нест, балки дарк кардани рисолати адабиёт, санъат ва санъаткор мебошад.

Санъат ва нависанда
Санъат ва санъаткор аз ҳам ҷудонопазиранд. Бузургтарин шоҳкорӣ дар тамоми умри санъаткор ин аз нақше гузошта тавонистан дар бунёди санъат буда ва ҷойгоҳи фаромӯшнопазир доштан дар қалби миллион-миллион одамон мебошад. Аз ин рӯ, бунёд карда тавонистани шахсияти худ аз ҷаҳони ботинӣ ва идеяҳои мо вобаста мебошад. Зеро имрӯз эътироф кардан мумкин аст, ки одамон маҳсули идеяҳояшон мебошанд. Барои он ки одамон идеяи образи санъатро офарида тавонанд, пеш аз ҳама бояд шахсияти худро эҷод намоянд ва худро ҳамчун инсон шинохта бошанд. Агар одамон моҳияти асосии ҳаётро аз ахлоқ иборат донанд ва агар ҳиссиёти ахлоқро дар худ бедор созанд, он гоҳ онҳо бо ҳамин ба шахсияти худ асос мегузоранд. Аммо ин ахлоқ дар ҳамоҳангии илм ва эҳсосоти санъатдӯстӣ пайдо мешавад. Бинобарон “Илм ва санъат бо ҳам алоқамандии хеле зич доранд, ки чун мисли шушу қалб аст, бинобарон агар яке мариз бошад, пас дигаре солим фаъолият карда наметавонад”.

Зимнан ин нуқтаҳои Толстой дар тарозуи ақл баркашидашуда илм мебошанд, ки в-аз нури ақл ҳосил шуда, бар либоси санъати асил медароянд. Фикри оид ба илм ва санъат дар ҳамаи давру замон, тахайюли мутафаккиронро барои кашф намудани қонунҳои нонавиштаи «идеалҳои ахлоқӣ», “нодирии шахсият” ба худ ҷалб намудаст. Эйнштейн илмро ҳамчун ҷараёни ба мувофиқа андохтани фикр ва тафаккур маънидод мекард. Тасаввуроти маъданиву фарҳангӣ, муборизаҳои либералӣ (озодӣ), феминистӣ (озодии занон), идеяҳои баробарӣ ва ғайраҳо маҳсули фалсафаи илм ва санъат буда, он натиҷаи худшиносии одамон мебошанд. Инсон табиатан дорои арзишҳое мебошад ва бе мавҷудияти онон худашро тасаввур намекунад, яъне инсон худро ҳамчун орзукунанда зинда медонад.

Адабиёт аз атом ҳам бузург аст
Идеяҳои гумманистӣ дар адабиёт ва хоса таъсири он ба шуури ҷамъиятӣ ва инъикос кардани воқеият ва ҳиссиёт асоси моҳияти онро ташкил медиҳад. Нависанда дар асар ва ё худ дар образҳои тахайюлӣ ҳеҷ вақт ба кушода додани моҳият ва сабаби ҳодисаҳои ҳаракатдиҳандаи таърих ва ё зиддиятҳои азалӣ даст намезанад. Барои ӯ муҳимтар аз ҳама гузоштани проблемаҳои умдатарини ҷамеа ва таърих аст, на ин ки кушода тавонистани сабаб ва натиҷаи ин проблемаҳо. Ҳар як асари бадеӣ дар навбати аввал ҳодисаҳоеро тасвир менамояд, ки онҳо ба шуур, рӯҳ, ахлоқ ва эҳсосоти одамон таъсир мерасонанд. Аммо то кадом андоза таъсирнок ва проблеманок будани асар дар тафаккури фалсафии нависанда вобаста аст. Ҳамлет ва Граф Монтекриста персонажҳое мебошанд, ки ҳадафи тарбиятро дар пайдоиши тафаккур мебинанд, вале сабабҳои бешуурӣ ва камбизоатии ақлии одамонро маънидод намекунанд. Чунки шинохти ҳақиқат ва ҳал кардани проблемаҳои умдатарин вазифаи илм аст. Аз ин нуқтаи назар, нависанда савол мегузорад, ки “чи нерӯе халқҳоро ба ҳаракат меорад? (Толстой)”. Аммо худи ӯ сабаби ҳаракати таърихро ба системаи илмӣ намедарорад ва ба он низ ҷавоб намедиҳад. Чунки гузоштани проблема рисолати нависанда аст, аммо ҳал кардани он вазифаи олим мебошад.

Ҳеҷ як нависанда дар як маврид сабабҳои ҳодисаҳои геополитикӣ, муаммоҳои ҷанг ва сулҳ, фалаҷшавии захираҳои табииро маънидод намекунад, аммо оқибати худхоҳӣ, ҷанг ва дигар харобкориҳоро дар дохили асар тасвир менамояд, ки он ба ҳаёти халқҳо наздикӣ дорад ва дар натиҷа метавонад ба дигаргуниҳои куллӣ орад.

Структураи шуури бадеӣ
Структураи шуури бадеӣ чиро дар бар мегирад? Қабл аз ҳама системаи қиматҳо ва мақсаду матлаб, ҳисси муҳаббат, идеяҳои ахлоқӣ, ҳамчунин идеалҳои ахлоқӣ унсурони асосии ин структура маҳсуб меёбанд. Моҳияти шуури бадеӣ ҳамин аст, ки онҳо ваҳдати мазмунию амалии тамоми структураи ахлоқи ҷамъиятиро таъмин карда, самти умумии онро нишон медиҳанд. Ҳисси муҳаббат, дилсӯзӣ ва хизмат кардан ба ҳақиқат асоси шуури бадеиро ташкил медиҳад. Муборизаи асосии ҳар гуна шуури бадеӣ ва кӯшишҳои идеалии нависанда барои аз байн бурдани шуҳратпарастӣ, шаҳватпарастӣ, пулпарастӣ, хасисӣ, ҳарисӣ ва хулоса иллатҳои худхоҳӣ (эгоизм) мебошанд. Барои Толстой муҳаррики таърих – муҳаббат мебошад. Аз ин рӯ, Фейербах ҳақ буд, ки мегуфт: “агар мо кӯшиши бахтҷӯии дигаронро ҳурмат накунем, онҳо ҳам ба кӯшиши бахтҷӯии мо муқобилат нишон дода, монеъа эҷод мекунанд. Нисбат ба худатон худмаҳдудкунии оқилонаро кор фармоед ва ба дигарон бо муҳаббат – ҳамеша бо муҳаббат! – муносибат кунед.” Эҳсосот ва тафаккури бадеӣ метавонад одамонро аз фанатизми динӣ наҷот диҳад, аммо гап дар сари он аст, ки мо ба моҳияти асарҳо то кадом андоза сарфаҳм меравем. Дар мисоли оддӣ гирем, ҳамаи инсонҳо дар як гурӯҳ як предметро меомӯзанд, вале баъзеҳо ба моҳияти он фавқуллода сарфаҳм мераванд. Одамон аксар вақт ба моҳияти асари дар наздашон истода дуруст сарфаҳм намераванд. Аз ин рӯ, муаммо на дар китоби мушкил навишташуда, балки мушкилӣ дар системаи ташаккулнаёфтаи ҷаҳонбинии мост, ки моҳияти воқеиятро дуруст дарк намекунад. Асарҳои бадеӣ рӯҳияи зебопарастиро тасвир мекунанд ва ин ҳисси зебопарастӣ одамонро ба сӯи маънавиёт ва хирадгароӣ мебарад. Бинобар он Гегел мегӯяд: “кори олии хирад, ки ҳамаи идеяҳоро дар бар мегирад, кори эстетикист ва ҳақиқату некӣ фақат дар зебоӣ ба ҳам мепайванданд. Агар завқу ҳисси нафосати зебоӣ набошад, дар ягон соҳа аз ҷиҳати маънавӣ пешрав шудан мумкин нест”.

Инсоне, ки ба моҳияти асари эстетикии санъат сарфаҳм меравад, ӯ худро бешубҳа, аз ҳар гуна хурофот наҷот медиҳад. Зеро, маҳз таассуроти асарҳои гумманистӣ метавонанд ихтилофҳои нажодӣ, миллӣ, маҳаллӣ ва диниро аз миён бардоранд. Дар замоне, ки зиддияти идеяҳо ва ба ҳам мувофиқ наомадани хислатҳои миллии халқиятҳо ба назар мерасад, дар ҳамин марҳила пурзӯр шудани идеяҳои гумманизм ба тахайюлоти бадеӣ ва офарида шудани образҳои воқеӣ вобастагии калон дорад. Гузашта аз ин, асарҳои бадеӣ сабаби дигаргуниҳои ахлоқӣ, рӯҳӣ ва фикрии инсоният шуда метавонанд.

Вазифаи санъат
Муҳаббат сарчашмаи ҳар гуна санъат ва ҳар гуна маданият аст. Санъат натиҷаи тафаккур, тасаввур, худфидоиҳо ва талошҳои давомдор мебошад. Он ифодакунандаи орзуҳо, ормонҳо ва эҳсосҳои азалӣ ва абадии инсоният мебошад. Санъат наметавонад ба як миллат, давлат ва мазҳаб мансуб бошад. Аз ин рӯ, дар санъат сохтакорӣ кардан оқибатҳои ногувор дорад. Сабаби ин дар он аст, ки санъат “шакли бадеии маърифати олам” ба шумор меравад. Дар рафти тақлидкорӣ тири санъаткор бебаҳс хок мехӯрад. Дар ҷаҳони муосир ба олами санъат чашмрастарин ва умедбахштарин падидаҳоро метавон мушоҳида кард. Зуҳур кардани асарҳои безавол аз ҷониби нависандагони муосир, ба вуҷуд омадани кинофилмҳои ахлоқӣ боиси омӯзиш ва таҳқиқ мебошанд. Ин гуфтаҳоро дар мисоли кинофилмҳои Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон ва ё дар филмҳои тоҷикии “Тақдири шоир”, “Рустам ва Суҳроб” ва ғайра дидан мумкин аст, ки воқеияти асар асосҳои ахлоқӣ дорад. Аммо боз бо вуҷуди он ҳама комёбиҳо дар олами санъат падидаҳое ворид шуда ба ахлоқ ва рӯҳияи инсоният осеб мерасонанд. Суруд ва мусиқиҳое садо медиҳанд, ки фақат ба онҳо бо истилоҳи халқӣ гӯем “рақс кардан” мумкин аст. Суруд ва оҳанге, ки офарида мешавад, агар одамонро дар рӯҳияи ахлоқ ҳидоят карда натавонад, онгоҳ эътироф кардан мумкин аст, ки он эҷод санъат мебошад? Албатта не ва шуда ҳам наметавонад. Суруд танҳо ба хотир овардани хотираҳои ғамангез нест, ба амсоли пирӣ, беморӣ, аз даст додани муҳаббат, вафот, ноумедӣ ва ғайра. Боз дар навбати худ фақат ба рақс даъват кардани омма ҳам нест. Ба вуҷуд омадани сурудхониҳои ниҳилистонаи бо номи «реп» ва «рок» дар ҷаҳони имрӯз мушоҳида намудан мумкин аст, ки ин падидаи ноустуворро иддае аз замонасозон як нав санъат унвон мебаранд. Реп –санъат нест, балки вайрон кардани санъат аст...
Ҷомеа, хусусан ҷавононе, ки дар назди экрани телевизионии кайҳонии 24-соата нишаста, филмҳои ҳолливуд ё боливудро бо самимияти том назар мекунанд, бешак минталитети дигар миллатҳоро меомӯзанд. Аммо мушкил дар он аст, ки дар ҷаҳонбинии онҳо тақлид зуҳур мекунад ё тафаккур, онҳо ба сӯи ахлоқ мераванд ё озодии бешуурона мехоҳанд?.

Санъат ҳамеша ва дар ҳама ҷо муъҷизакоре мебошад ва ин мӯъҷизакор бояд аз ҳамаи душвориҳои ҳаёти амалӣ одамонро наҷот диҳад. Вақт ҳеҷ гуна санъатеро, ки ба ҳаёти инсонҳо наздикӣ дорад, аз байн намебарад. Кинофилм ва клипҳое, ки “муҳаббат ба инсоният”, “ахлоқ дар тамоми ҳаёт” - ро тарғиб мекунанд, ҳамеша ҷовидон хоҳанд монд.

Ба ҳамин тариқ, вазифаи санъат инсоне сохтан дар рӯҳияи ахлоқ мебошад. Зеро ҳеҷ чиз берун аз ахлоқ вуҷуд надорад. Он бояд аз фанатизми динӣ ва эҳсосҳои негативӣ одамонро озод намояд ва ҳисси муҳаббат, ҳақиқат, баробарӣ, поквиҷдонӣ, якдилӣ ва ватандӯстиро дар вуҷуди одамон бедор созад. Ҳар як асари бадеӣ бояд заифтарин ва олитарин хислатҳои миллии моро нишон диҳад. Онро бартараф кунад. Асарҳои арзишманд дар шинохти хислатҳои миллии мо “Дар орзуи падар”, “Ситораҳои сари танӯр” ва “Се рӯзи як баҳор” мебошанд.

Нависандаи забардаст Ғамзатов ба китобаш муроҷиат карда гуфтаст: “китобам ту чунон шав, то аз даст ба даст гузарӣ, монанд ба он китобҳое машав, ки дар рафакхонаи китобхонаҳо як умр мехобанд”. Нависанда ҳаёти воқеии халқашро дар «Доғистони ман» ном асараш он гунае тасвир менамояд, ки арзишҳои оқилонаи ин миллати кӯчакро шинохтан мумкин аст.

Ҳар як кинофилм, метавонад ба характер ва ҷаҳонбии инсонҳо таъсир расонад, обрӯ ва нуфузи кишварро бардорад. Бояд дарду ранҷу заҳмати санъаткор дар роҳи санъат фидо гардад ва ҳар як эҷодиёт бояд барои “Сулҳ” хидмат кунад, ин аст нуқтаи олии ахлоқ дар бунёди санъат. Ва бардошти ман аз Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он нуктаҳои муҳим доир ба тарбияи маънавӣ ва пешгирии ифротгароӣ баён шудаанд, чунин аст.
А. САЛИМОВ, устоди Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: