Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Аксияи омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»

Аксияи омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»

16-06-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 334 нафар
Назарҳо: 0
Аксияи омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»
Дар доираи ҷашнгирии 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти арзишҳои ватандорӣ, худшиносӣ, эҳтироми сунатҳои миллии мардуми ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои мамлакат пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ Аксияи омӯзиши китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар коллеҷи политехникии ноҳия бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорон аз рӯи китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» гузаронида шуд.

Дар оғоз омӯзгори коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод Дилбари Илҳом мақсади баргузории ин чорабинӣ ва ҳадафҳои асосии бунёдкориҳои сарвари давлат, Пешвои миллати тоҷиконро мухтасар баён намуд.
Аксияи омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»
Тоҷикистон ҳоло дар оғози марҳалаи рушди устувор қарор дорад ва ин ба мо имкон медиҳад, ки нақшаҳои созандагиву бунёдкории худро барои даҳ-понздаҳ соли оянда, тарҳрезӣ ва дар амал татбиқ намоем. Зеро ҳар коре, ки имрӯз ба анҷом мерасонем, ба хотири ободиву ояндаи неки Ватани азизи худ, ҳаёти осудаи наслҳои ояндаи кишварамон аст.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Ашӯров Р қайд намуд, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имкониятҳои бузург ва дар айни замон масъулияти муҳимро барои рушди иқтисодиёт ба дӯши мардуми кишвар гузоштааст. Тинҷию ороми кишвар ва ҳалолкорию меҳнатдӯстии халқи азизамон моро ба ояндаи дурахшон рӯҳбаланд менамояд. Шубҳае нест, ки мо аз ӯҳдаи иҷрои ин вазифаҳои стратегӣ бо сарбаландӣ мебароем ва сарзамини аҷдодии худро ба кишвари ободу пешрафта табдил медиҳем. Маҳз бо воситаи ин китоб Пешвои миллат нишон доданд, ки фарзандони шуҷоъ ва хирадманди ниёгони ориёии мо аз қабили подшоҳони далеру ватанпарвар - Куруши Кабир, Хусрави Анушервон, Абдуллоҳи Тоҳир, Яъқуби Лайс ва бахусус Исмоили Сомонӣ таҷассумгари барҷастаи рӯҳу тавонову бешикаст, омезеши ҷасорату иродаи қавӣ, фазилатҳои бузурги сиёсӣ ва озодию истиқлол буданд. Бешак дар замони муосир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори он бузургон мебошад.

Дар охир омӯзгори коллеҷи политехники Ҳомидов Ҳ кори нишасти илмӣ-адабиро ҷамъбаст намуда, донишҷуёнро баҳри раҳнамои хеш намудани китобҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд. Зеро сарвари давлат дуруст қайд намудаанд, ки мо имрӯз ифтихор дорем, ки тоҷикон яке аз қадимтарин миллатҳои ҷаҳон буда, бо осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавии худ барои пешрафти фарҳанг ва маънавиёти халқҳои дигар аз ҷумла минтақаи Осиёи Марказӣ хизмати шоиста кардаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: