Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Душанбе ва Токио 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Душанбе ва Токио 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд

26-10-2015, 08:30
Хабарро хонданд: 496 нафар
Назарҳо: 0
Душанбе ва Токио 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонидандДар ҷараёни сафари Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба Тоҷикистон миёни Тоҷикистону Япония 8 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҷумла ҷонибҳо Изҳороти муштарак оид ба шарикӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония қабул карда, Созишнома тариқи мубодилаи ёддоштҳо оид ба лоиҳаи «Барқарор намудани низоми таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷи Вилояти Хатлон (даври 2)», Созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Барқарор намудани низоми таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷи Вилояти Хатлон (даври 2)» ва Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникиро ба имзо расониданд.
Гуфта мешавад, миёни кишварҳо ҳамчунин Изҳороти ҳамкорӣ миёни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба мубодилаи иттилоот дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва Маркази кашшофии молиявии комиссияи миллии бехатарии ҷамъиятии Япония, Созишнома тариқи мубодилаи ёддоштҳо миёни Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ва Ҳукумати Япония оид ба лоиҳа барои беҳсозии тарзи идоракунии мубориза бар зидди малах дар Тоҷикистон, Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) оид ба татбиқи лоиҳа барои беҳсозии тарзи идоракунии мубориза бар зидди малах ва Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва мубодилаи илмӣ миёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тсукубаи Япония низ ба тасвиб расид.
Қайд мешавад, ки зимни изҳороти матбуотӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ ва дурнамои муносиботи ду кишвар баҳои баланд доданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Япония барои дастгириҳои пайвастаи ин кишвар аз рушди иҷтимоии Тоҷикистон изҳори сипос карда, аз ҷумла тазаккур дод, ки бо кумаки техникию молиявии Япония дар Тоҷикистон беш аз 340 лоиҳаи иҷтимоӣ татбиқ шудааст.
Ба фаъолияти Агентии Япония доир ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ва Муколамаи «Япония + Осиёи Марказӣ» баҳои баланд дода шуд.
Аз ҳамкорӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ҳам изҳори қаноат карда шуд. Аз ҷумла ёдоварӣ шуд, ки аз соли 1993 ба ин сӯй 1800 мутахассиси Тоҷикистон дар курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар Япония таҳсил намудаанд. Дар ин давра бо кумаки Япония ҳамчунин даҳҳо муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ сохта ва ё навсозӣ шудаанд.
Гуфтугӯйи судманд доир ба мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла атрофи мушкилоти вобаста ба вазъи Афғонистон ва Шарқи Наздик, пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.
Дар робита ба мавзӯоти вобаста ба Афғонистон доир ба имконоти иштироки якҷояи Тоҷикистону Япония дар татбиқи лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ чун лоиҳаи энергетикии CASA-1000, лоиҳаҳои роҳсозӣ ва ғайра, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар ва кулли минтақа нигаронда шудаанд, табодули назар карда шуд.
©news.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: