Омӯзиши китоби Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих»8-06-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 584 нафар
Назарҳо: 0
Дар кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар доираи баргузории дарсҳои Хониши сиёсӣ омӯзиши китоби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» «Аз Ориён то Сомониён» ба роҳ монда шуд.
Дар машғулияти нахустин, ки бо иштироки кормандони кумитаи иҷроия ва фаъолони ҳизб доир гардид, раиси кумитаи иҷроия Мурод Шукурзода аз китоби аввали ин шоҳасар ба ҳозирин доир ба пешгуфтори он, аз ҷумла, дар мавзӯи «Сабақҳои таърих ва озмоишҳои мактаби Истиқлолият», «Шоҳроҳи абрешим - пули заррини гузашта, имрӯз ва оянда» маълумот дод. Раиси кумитаи иҷроия М. Шукурзода зикр намуд, ки мо имсол 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтихормандона ҷашн мегирем. То ба ин рӯзҳои нек расидан миллати тоҷик дар тӯли таърих бисёр мушкилотҳоро паси сар намуд. Донистани таърихи Ватан ба ҳар як фарди баору номус ҳам қарз асту ҳам фарз. Зеро мо гузаштаи ниёгонамонро надониста, ояндаи дурахшони худамонро муайян карда наметавонем. Огоҳӣ аз таърихи Ватан махсусан барои ҷавонон ва ояндаи онҳо аз аҳамият холӣ нест. Омӯзиши саҳифаҳои таърихи Ватан меҳру садоқат ба Ватан, тарғиби дастовардҳои миллӣ, худшиносии миллӣ ва зиёд шудани ҳисси ватанпарварӣ дар байни ҷомеа аст. Бо заҳматҳои чандинсолаи Пешвои миллат ин ганҷинаи бебаҳо рӯи чоп омад. Дар айни замон ин китоб бо чандин забонҳои дигар халқу миллатҳо тарҷума гардида, пешниҳоди ҳаводорони таърих гардидааст. Минбаъд дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа, ҷавонон, донишҷӯён, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ доир ба омӯзиши ин китоби пурарзиш диққати ҷиддӣ дода мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.