Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Толибон раҳбари нав интихоб карданд

Толибон раҳбари нав интихоб карданд

31-05-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 451 нафар
Назарҳо: 0
Толибон раҳбари нав интихоб кардандҶиноҳи Толибони Афғонистон ҳафтаи гузашта кушта шудани Мулло Ахтар Мансур, раҳбари ин гуруҳро дар натиҷаи як зарбаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико тасдиқ кард.

Ҳоло раҳбари нави Толибон Ҳабибуллоҳ Охундзода, яке аз муовинони Ахтар Мансур, ки қаблан раиси додгоҳи ин гуруҳ буд, интихоб шудааст.

Муовинони раҳбари нави Толибон Муҳаммад Яъқуб, писари раҳбари пешини ин гуруҳ Мулло Умар ва Сироҷиддин Ҳаққонӣ, ки дар як қатор ҳамлаҳои хунин ба Кобул дар давоми чанд соли ахир айбдор мешавад, таъйин гардидаанд.

Дар ин бора намояндаи расмии Толибон Забеҳулло Муҷоҳид хабар дода, гуфтааст, Охундзода дар мулоқоти ахири раҳбарони Толибон ба ин мақом баргузида шуд.

Ахтар Мансур 21 май дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ ба мошинаш дар ҳудуди Покистон ба ҳалокат расид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: