Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз қалъаи Ҳисор

Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз қалъаи Ҳисор

27-10-2015, 13:10
Хабарро хонданд: 437 нафар
Назарҳо: 0
Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз қалъаи ҲисорЗимни иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта ва ҷараёни барқарорсозии симои таърихии қалъаи Ҳисор низ бевосита шинос шуд.
Дар саҳни назди қалъа Пешвои созандаю бунёдкор ва ободгару ваҳдатовари миллат Эмомалӣ Раҳмонро мардуми Ҳисори шодмон ва аҳли илму фарҳанги кишвар бо тантанаҳои бошукӯҳи идона истиқбол гирифтанд.
Тавре зикр гардид, қалъаи Ҳисор муҳимтарин иншооти ин ҷашни таърихӣ ба шумор меравад, зеро мавҷуд будани ин мамнӯъгоҳ аз таъриху фарҳанги бостону пурғановати шаҳрсозии водии Ҳисор ва умуман мардуми тоҷик гувоҳӣ медиҳад.
Тавре иттилоъ доданд, бо маблағгузории мутамаркази ҷумҳуриявӣ таҳти назари олимону мутахассисони Академияи илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангии кишвар аз ҷониби бинокорони моҳир барқарорсозии симои таърихии ин ёдгории бостонӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҷараёни барқарорсозӣ деворҳои атрофи қалъа, дарвозаю аркҳои он, чойхона бо 100 ҷойи нишаст, ҳавзи дохил, 6 адад айвони суҳбатгоҳ, сарбозхона, амфитеатр бо 700 ҷойи нишаст, 10 адад дӯконҳои гуногун барои ҳунармандон ва дигар иншооти дорои аҳамияти таърихии он бунёд ва навсозӣ шудаанд.
Ҳамзамон дар ин ҷо олимони бостоншиносу таърихнигор бо ҳафриёту тадқиқоти илмию амалӣ машғуланд. Натиҷаи бозёфтҳои олимон гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Қалъаи Ҳисор таърихи тӯлонӣ дошта, аз қарнҳои биринҷӣ маншаъ мегирад ва аз 9 қабати таърихӣ иборат аст.
Зимни боздид Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои идомаи корҳои созандагӣ супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон таъкид дошт, ки тамоми корҳо бояд бе расондани осеб ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ анҷом дода шаванд.
Маврид ба ёдоварист, ки аз таърихи тоҷикон ва водии Ҳисор махсусан Қалъаи Ҳисор натанҳо мардуми кишвар, балки ҷаҳониён воқифанд. Корҳои созандагиву ободкорӣ ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ, ки бо таваҷҷуҳи махсус ва ғамхории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон анҷом меёбанд, ҷалби сайёҳону дӯстдорони таъриху фарҳанги бостонии тоҷиконро беш аз пеш кардаанд. Барои навсозии мамнӯъгоҳи таърихиву фарҳангии Қалъаи Ҳисор 13 милиону 224 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд, ки то ба имрӯз 12 миллиону 989 ҳазор сомонӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ сарф карда шудааст. Масоҳати умумии иншооти бунёдёфтаю барқароргашта 19,8 гектарро ташкил медиҳад. То ба имрӯз дар ҳамаи зериншоотҳо корҳои сохтмонию пардоздиҳӣ анҷом ёфтааст. Ободонии гирду атрофи Қалъа пурра анҷом ёфта, тамоми имконот барои сайёҳони дохилу хориҷ фароҳам оварда шудааст.
©khovar.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: