Солимии ҷавонон-солимии миллат25-05-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 267 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи нақша-чорабиниҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-уми майи соли 2016, Дави миллӣ зери шиори «Солимии ҷавонон-солимии миллат» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он намояндагони тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ширкат намуданд.
Қобили қайд аст, ки рӯзи Дави миллӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар ҳамаи манотиқи кишварамон доир мегардад. Имсол низ сокинони пойтахт ҳудуди беш аз 10 километрро дар ин мусобиқа тай карда, аз маҳаллаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб то майдони «Наврӯзгоҳ» миёни ҳам рақобат намуданд. Дар ин сабқат намояндагони КИМ ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо шумули кумитаҳои иҷроияи чор ноҳияи пойтахт низ бо шиору овезаҳои худ иштирокчии чорабинӣ гаштанд. Намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо бардоштани ливои ҲХДТ ва бо дарки баланди масъулият дар назди миллат ва ҷомеаи кишвар, бо садоқат ба сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тамоми тадбирҳои хешро бо такя ба нерӯи ҷавонон тарҳрезӣ намуда, онҳоро ба ҳайси насли ояндасози Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сиёсати худ ҳамқадам меҳисобад, бо фурсати ба даст дошта, варақаву буклетҳо ва маводи зиёди тарғиботӣ ба иштироккунандагони Дави миллӣ дастрас гардониданд. Аҳтам Абдуллозода - раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуда, Дави миллиро таҳти унвони «Солимии ҷавонон-солимии миллат» ифтитоҳ намуд. М. Сабурӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.