ВАО: сарвазири нави Туркия Бинолӣ Йилдирим мешавад24-05-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 257 нафар
Назарҳо: 0
Номзадии Бинолӣ Йилдирим, вазири нақлиёти Туркия ҳамчун номзади ягона ба мақоми раҳбарии Ҳизби ҳокими адолат ва тараққии Туркия пешбарӣ шудааст.
Ба иттилои РИА Новости, дар ин бора Умар Челик, сухангӯи Ҳизби адолат ва рушд рӯзи 19 май баъди анҷоми ҷаласаи Шӯрои иҷроияи ин ҳизб хабар додааст. Дар Туркия ҳар нафаре, ки раҳбари ҳизби ҳоким интихоб шавад, тибқи анъана раисии ҳукумати ин кишварро ҳам ба уҳда хоҳад гирифт. "Номзадии Бинолӣ Йилдирим рӯзи якшанбе дар анҷумани Ҳизби адолат ва тараққӣ баррасӣ хоҳад шуд," - гуфтааст Челик. Йилдирим соли 2002 аз ҳисоби ҳизби мазкур вакили порлумони Туркия шуда, беш аз 13 соли охир вазири нақлиёти Туркия будааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.