Вохӯриҳои судманд27-10-2015, 18:00
Хабарро хонданд: 415 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода вохӯрӣ бо фаъолон ва сокинони маҳаллаҳои 1-ум ва 2-юм, инчунин омӯзгорон ва хонандагони МТМУ №86 баргузор намуд. Дар вохӯрӣ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Маҳмадшоев М., мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Зиёдуллоев Ш., раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва ҳуқуқшиноси кумиҷроия Маҳмадов С. иштирок намуданд. Ҳадафи баргузории ҳамоиш бошад, саҳмгузорӣ ба такмили тарбияи сокинони шаҳри Турсунзода, алалхусус ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, пос доштани арзишҳои миллию давлатӣ, сафарбар намудани қувваи созандаи онҳо ба корҳои хайри ҷамъиятӣ ва огоҳ намудани онҳо аз хатарҳои замони муосир, ки бештар вақт ба руҳияи онҳо таъсири манфӣ мерасонанд, инчунин шакли оиладории миллии муосир, ки ба манфиатҳои давлату миллат аст, иборат мебошад.
Ҳамзамон, қайд кардан зарур аст, ки барои фарогирии бештарини сокинони шаҳри Турсунзода, ҳамоиши мазкур тавассути шабакаи Телевезионӣ маҳаллии ТВ «Регар» намоиш дода мешавад. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.