Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Афғонистон10-05-2016, 12:58
Хабарро хонданд: 308 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ташрифи Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳор дошт: Мо аз дидори Шумо шодем ва орзу дорем, ки аз ташриф ба хонаи дуюматон таассуроти нек хоҳед бардошт.
Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иброз дошт, ки: Ҷониби Тоҷикистон ҳамеша хоҳони таҳкими амну осоиш дар кишвари шумо ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодии он мебошад ва ба ин манзур аз барномаи сулҳи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон истиқбол менамояд. Ҷонибҳо аз вазъи имрӯзаи ҳамкории Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд изҳори қаноат карданд. Зимни мулоқот иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2013 ҳаҷми мубодилаи мол байни кишварҳо беш аз 170 миллион долларро ташкил дод, ки ин нокифоя аст. Тоҷикистон соли гузашта ба Афғонистон қариб 1 миллиарду 200 миллион ва тайи 4 моҳи соли равон ҳудуди 250 миллион киловатт-соат неруи барқ интиқол дод. Таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаҳои соҳаҳои энергетика ва рушди зерсохтори нақлиётиву транзитӣ ва амалӣ кардани тарҳи дорои аҳамияти минтақавии CASA-1000 имконияти интиқоли ҳаҷми зиёди нерӯи барқро ба Афғонистон фароҳам меорад. Тоҷикистон инчунин ҳавасмандии худро ба сохтмони хатти роҳи оҳани Тоҷикистон — Афғонистон — Туркманистон таъкид намуд. Ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ зарур шумурда шуд, зеро ин омил метавонад боиси рушди робитаҳо дар соҳаҳои ҳаётан муҳими тиҷорат ва бахшҳои мухталифи иқтисод, ҳамчунин густариши ҳамкории гуманитариву фарҳангӣ барои ҳар ду кишвар гардад. Тақвияти ҳамкории дуҷониба дар арсаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд. Пас аз анҷоми мулоқот аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба имзо карданд. Инчунин дар ҳузури сарони кишварҳо Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдод ба имзо расид. Дар толори Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ оид ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи баланд барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷи кишвар нишасти матбуотӣ доир намуданд. ©khovar.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.