Русия воридоти анор ва қаламфури туркиро манъ кард31-03-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 442 нафар
Назарҳо: 0
Шуруъ аз имрӯз Русия ба воридоти маҳсулоти хоҷагии деҳоти Туркия маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард. Росселхознадзор - идораи назоратии Русия дар бахши ҳайвоноту меваҷот мегӯяд, маҳдудияти нав ба таҳримҳо рабт надорад.
Ба иттилои ин ниҳод, маҳдудияти воридоти анор ва қаламфури ширин на танҳо мустақиман аз Туркия, балки тавассути кишвари севум ҳам манъ аст. Россельхознадзор мегӯяд, аз Туркия мудовим маҳсулоте ворид мешавад, ки мубталои ҳашароти заррарасон ҳастанд. Муносиботи Туркияву Русия баъди сарнагун кардани ҳавопаймои бомбаандози русии Су-24 дар моҳи ноябри соли гузашта бад гардид. Русия сар аз 1 январи соли 2016 зидди Туркия таҳрим ҷорӣ кард. Воридоти чанд навъи ғизо он замон манъ шуда буд. Афлесун, мандарин, ангур, себ, нок, зардолу, шафтолу, олуболу, қулфинай, помидор, бодиринг, пиёз ва гулкарам дар ин рӯйхатанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.