Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия баргузор мешаванд

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия баргузор мешаванд

Вчера, 08:53
Хабарро хонданд: 28 нафар
Назарҳо: 0
Аз 25 то 29 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия баргузор мешаванд. Маросими ифтитоҳи ин чорабинии фарҳангӣ 26 май, соати 18:00 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» дар назар аст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қисмати асосии чорабиниҳои рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд доир карда мешавад. Баргузории Рӯзҳои фарҳанг барои боз ҳам бештар шинос шудан бо фарҳангу санъати якдигар ва таҷриба гирифтан аз навгониҳо дар соҳаи фарҳанг замина мегузорад.

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия қадами муҳим дар рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ байни Тоҷикистону Русия ба ҳисоб меравад. Он инчунин барои таҳкими муносибатҳои дӯстона, густариши ҳамкории эҷодӣ ва табодули таҷриба дар байни аҳли фарҳанги ду мамлакат имконияти иловагӣ фароҳам меорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: