Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АЗ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ТО МУАРРИФИИ КИШВАР ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

АЗ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ТО МУАРРИФИИ КИШВАР ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

17-11-2025, 09:08
Хабарро хонданд: 81 нафар
Назарҳо: 0
АЗ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ТО МУАРРИФИИ КИШВАР ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
16-уми ноябр дар тақвими миллати тоҷик ҳамчун рамзи эҳёи давлатдории навин сабт шудааст. Ин рўз, ки мувофиқи қонунгузории кишвар ҳамчун Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, на танҳо як ҷашни расмӣ, балки ёдовари наҷоти миллат аз хатари нестӣ ва таҳкими пояҳои сулҳу субот аст. Барои дарки амиқи аҳаммияти ин сана зарур аст ба он рўзҳои сарнавиштсоз, ки тақдири ояндаи Тоҷикистон ҳаллу фасл гардид, назар афканем.
Соли 1992 барои Тоҷикистони ҷавон, ки нав ба истиқлоли худ расида буд, ба давраи фоҷеабор табдил ёфт. Оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ тамоми гўшаву канори кишварро фаро гирифта, сохторҳои давлатӣ комилан фалаҷ гардида буданд. Мардум овораю сарсон, амнияти миллӣ зери суол, сарҳадҳо кушода ва хатари аз байн рафтани давлатдории тоҷикон ба таври ҷиддӣ эҳсос мешуд. Дар чунин шароити ҳассос, ки умед ба фардои дурахшон қариб аз байн рафта буд, зарурати баргузории як гирдиҳамоии тақдирсоз барои барқарорсозии ҳукумати қонунӣ ба миён омад.
Оморҳо аз фоҷеаи воқеӣ шаҳодат медиҳанд, ки тибқи он дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ зиёда аз 50 ҳазор нафар ҷон супурданд, беш аз як миллион одам аз макони зисти худ ҷойивазкунӣ шуданд ва иқтисоди миллӣ ба таври фоҷеабор коҳиш ёфт. Захираҳои давлатӣ ғорат гардида, зербинои иқтисодию иҷтимоии кишвар хароб ва хеле заиф гашта буд.
Маҳз дар ҳамин давраи нобасомониҳо Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Ин Иҷлосия, ки баъдан "Иҷлосияи наҷот" ном гирифт, дар таърихи миллат ҳамчун нуқтаи гардиши ҳаётӣ сабт шудааст.
Вакилони халқ дар шароити ниҳоят мушкил, зери фишори ҷанги дохилӣ ва хатари амниятӣ тавонистанд ҷамъ оянд ва қарорҳои калидиеро қабул намоянд, ки асоси барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва оғози раванди сулҳро гузоштанд. Қарори асосӣ интихоби Роҳбари нав буд, ки бояд масъулияти вазнини берун овардани кишварро аз буҳрони амиқ ба дўш мегирифт.
Ин интихоб, ки бо тавофуқи намояндагони тамоми минтақаҳо сурат гирифт, на танҳо Роҳбари навро муайян кард, балки ба мардум умеди бозгашт ба хона ва оғози ҳаёти осоиштаро бахшид. Аз ҳамин рўз буд, ки раванди баргардонидани гурезагон, барқарорсозии Артиши миллӣ ва ниҳодҳои амниятӣ ва муҳимтар аз ҳама, музокирот барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт.
Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон гузошт. Маҳз аз ҳамин заминаи таърихӣ таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омад. Ин ду сана, ки дар як рўз таҷлил мешаванд, ба таври амиқ ба ҳам пайванданд, зеро Иҷлосияи 16-ум институти Президентиро ҳамчун кафили сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти кишвар муаррифӣ намуд. Рўзи Президент на танҳо арҷгузорӣ ба шахсияти роҳбарест, ки киштиронии давлатро дар тўфони таърихӣ ба уҳда гирифт, балки ин рўз рамзи эътирофи арзиши волои институти президентӣ ҳамчун меҳвари устувории сиёсӣ ва ягонагии миллӣ мебошад. Президент дар низоми сиёсии Тоҷикистон кафили Конститутсия, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳимоятгари Истиқлоли кишвар аст.
Дастовардҳое, ки дар ин давра ба даст омадаанд, далели равшани арзиши тасмимоти дурусти Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ мебошанд. Аввалин ва муҳимтарин дастовард, бешубҳа, ба даст овардани сулҳи устувор ва ваҳдати миллӣ мебошад. Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997, Тоҷикистон аз як кишвари даргири ҷанги шаҳрвандӣ ба як давлати сулҳпарвар табдил ёфт. Таҷрибаи нодири сулҳофаринии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шуда, ҳамчун намунаи бартари ҳалли муноқишаҳои дохилӣ баррасӣ мегардад.
Дар идомаи ин роҳ кишвар ба татбиқи ҳадафҳои стратегии худ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ оғоз намуд. Сохтмони иншооти азими энергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии "Роғун", ки орзуи чандинсолаи миллат аст, нишонаи талоши пайваста барои истиқлолияти комили иқтисодӣ мебошад.
Ҳамзамон, бунёди нақбҳо ва роҳҳои пайвасткунандаи минтақаҳо, аз қабили нақбҳои нақбҳои “Истиқлол”, “Озодӣ”, “Шаҳристон” ва “Чормағзак” ва шоҳроҳи Душанбе-Кўлоб-Қалъаихумб-Хоруғ-Мурғоб-Қулма, ки кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун овард, имкониятҳои нави иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам намуд.
Тоҷикистон имрўз дар арсаи байналмилалӣ дорои нуфузи воло, узви фаъоли созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар иттиҳодияҳои минтақавию ҷаҳонӣ мебошад ва дар таъмини амният ва субот дар Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ҳамсоя нақши созанда дорад.
Ҳамаи ин дастовардҳо - аз барқарорсозии харобаҳои ҷанг то баланд бардоштани обрўи кишвар дар арсаи байналмилалӣ натиҷаи талошҳои пайваста ва хиради роҳбарияти олии мамлакат аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки "Ваҳдати миллӣ ганҷи бебаҳои мост" ва "Истиқлол барои мо муқаддас аст". Ин гуна суханон дар дили мардум ҷой гирифта, на танҳо шиор, балки ҳамчун як дастур барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таъмини ояндаи дурахшони кишвар мебошанд.
Дар маҷмуъ, 16-уми ноябр барои мо як рўзи одӣ нест. Ин рўз ёдовари он аст, ки миллати тоҷик дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ тавонист аз имтиҳони сахту сангин гузарад ва роҳи наҷотро интихоб намояд. Мо набояд фаромўш намоем, ки сулҳ ва ваҳдат ба осонӣ ба даст наомадааст ва ҳифзи онҳо қарзи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар аст.
Таҷлили Рўзи Президент ва солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ин эҳтиром ба таърих ва ба ояндаи устувори Тоҷикистон аст. Бигзор руҳияи он тасмими тақдирсоз ҳамеша дар қалби миллат зинда бошад ва моро ба сўйи қуллаҳои нави тараққиёт ҳидоят намояд.
Ҳифзи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ва идомаи роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ вазифаи ҳар як фарзанди содиқи Ватан аст.

Искандар НАЗАРОВ,
узви фаъоли ҲХДТ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рўдакӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: