Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Рӯзи Президент -рамзи сулҳ, ваҳдат ва давлатдории муосири тоҷикон

Рӯзи Президент -рамзи сулҳ, ваҳдат ва давлатдории муосири тоҷикон

15-11-2025, 09:02
Хабарро хонданд: 48 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи Президент -рамзи сулҳ, ваҳдат ва давлатдории муосири тоҷикон
Барои тамоми халқу миллатҳо муҳимтарин руйдод ин доштани давлати соҳибистиқлол, ки дар он сулҳу амонӣ пойдор аст, ба ҳисоб меравад. Хушбахтона мардуми шарифи тоҷик бо заҳмату талошҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ормони таърихии хеш расид ва соҳиби давлати соҳибистиқлол гардид, ки дар он сулҳ, оромӣ ва Ваҳдату ягонагӣ ҳукмфармост. Барои арҷ гузоштан ба хизматҳои бебаҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил мегардад, ҷашне, ки на танҳо пос доштани шахсияти роҳбари давлат, балки эҳтиром гузоштан ба сулҳ,
Дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Ин ҷанг на танҳо ҷони ҳазорон нафарро гирифт, балки пояҳои давлатдории навтаъсиси тоҷиконро ба хатар рӯ ба рӯ сохт. Дар чунин шароити ҳассос Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбариро ба зимма гирифтанд ва бо иродаи қавӣ, хиради сиёсӣ ва меҳру муҳаббат ба Ватан барои хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарории сулҳи деринтизор қадам гузоштанд.
16 ноябр ба Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 рост меояд, ки дар ин рӯз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд. Таърих собит сохт, ки дар ин рӯз халқи тоҷик на танҳо соҳиби як сарвари навтаъин гардид, балки шахсияте зимоми давлатдориро ба зимма гирифт, ки сулҳу ваҳдат овард, дар дили мардум ба зиндагии орому осоишта тухми умед кошт ва Тоҷикистонро муттаҳид намуд. Дубора ба вуҷуд овардани институти Президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабул намудани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки роҳи демократии рушду инкишофро барои ҷумҳурӣ муайян намуд, маҳз заминаи талошҳои шабонарӯзии муҳтарам Пешвои миллат дар он шароите буд, ки аксарият ба оянда ба чашми ноумедона нигариста, қудрату тавон ва ҷасорати ба уҳда гирифтани масъулиятро надоштанд.
Дар чунин як вазъияти ҳассос бо дилу иродаи қавӣ, нияти пок ва меҳру муҳаббати беандоза ба ватан ва миллат дар натиҷаи овоздиҳӣ аксарияти аҳолии кишвар санаи 16 ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол интихоб намуданд ва маҳз дар ҳамин рӯз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кард ва ба таври расмӣ ба иҷрои вазифаи Президент шурӯъ намуд.
Тибқи Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Минбаъд таҷриба нишон дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона аз уҳдаи вазифаҳои муқаррарнамудаи Конститутсия баромаданд. Волоияти Конститутсия ва қонунҳоро дар ҷумҳурӣ таъмин намуда, ҳимоя ва таъмини воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар амал ҷорӣ намуда, истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзӣ ва пойдориву бардавомии давлатро таъмин намуда, бо мақсади таъмини манфиатҳои халқ ва расидан ба марҳилаҳои нави рушди иқтисодию иҷтимоӣ бо тамоми давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ муносибатҳоро ба роҳ монданд.
Муҳтарам Пешвои миллат тамоми қудрат, тавоноӣ ва ҷавонии худро баҳри ободӣ, оромӣ, амонӣ, сулҳ, Ваҳдат ва ягонагии миллат бахшид, ки маҳсули онро метавон имрӯз баръало мушоҳида намуд. Маҳз Пешвои миллат ҳамчун шахсияти таърихӣ, сиёсатмадори тавоно, ояндабин ва далеру шуҷоъ тавонист давлату ҷомеа ва тарафҳои даргирро ба ҳам орад, миллатро аз нестӣ, давлатро аз фаношавӣ наҷот дода, баҳри рушду инкишоф ва шуҳратёб гардидани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлат ва миллати сулҳофар, фарҳангдӯст, дорои ахлоқӣ баланд ва таъриху тамаддуни беназири қадима шуҳратёб намояд.
Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо боиси рушду инкишоф ва ташаккули давлатдории миллӣ гардид, балки тавонист дар сатҳи ҷаҳонӣ бо ташаббусҳои худ ба ҳалли проблемаҳои умумибашарӣ мусоидат намояд.
Санаи 16 ноябр дар таърихи минбаъдаи халқи тоҷик ҳамчун рӯзе, ки халқ тавонист ба ормони ҳазорсолаи худ даст ёбад, абадӣ хоҳад монд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ин санаи муборакро пеш аз ҳама ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳар як тоҷики сайёра муборак гуфта, саломатӣ, сарбаландӣ, бахту иқбол ва бурдбориҳоро таманно менамоям.


Коромӯз дар вазифаи
ёрдамчии прокурори шаҳри Ҳисор,
Зуҳуриён С.Х.





Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: