Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲИЗБИ ВОҚЕАН МАРДУМӢ

ҲИЗБИ ВОҚЕАН МАРДУМӢ

30-08-2024, 16:33
Хабарро хонданд: 211 нафар
Назарҳо: 0
            ҲИЗБИ ВОҚЕАН МАРДУМӢ
Сол то сол дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзию саноат, роҳу нақлиёт, маорифу тандурустӣ, сохтмону меъморӣ, варзишу сайёҳӣ ва ғайра афзун мегардад.
Оламиён ба ҷумҳурии мо ҳамчун кишвари амну осуда, дорои фарҳанги ғанию таърихи кӯҳан, мубаллиғи сулҳ ва ташаббускори масоили ҷаҳонии обу иқлим менигаранд.
Роҳи расидан ба чунин комёбиҳо тахту ҳамвор набуд. Соли 1992 дар кишвари тозаистиқлоли мо бо дасисаи фитнаангезони дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад.
Бар асари ин ҷанги бемаънӣ беш аз 150 000 шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расида, 50 ҳазор кӯдак ятим монд ва зиёда аз 1 миллион нафар гуреза шуданд, ҳазорон манзили истиқоматӣ, мактабу муассисаҳои тиббӣ ва иншооти гуногун харобу валангор гардиданд. Ҳама ҷоро бесарусомонӣ ва беҳокимиятӣ фаро гирифта буд.
Ба бахти сокинони мамлакат дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилон якдилона шахсияти арзанда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сардори давлат интихоб карданд.
Сарвари ҷавон дар нахустин суханрониашон эълон намуданд, ки барқарории сулҳу осудагӣ ва баргардонидани гурезаҳо мақсаду маромашон мебошад.
Барои дар амал татбиқ намудани ин нияти нек дар атрофи Роҳбари давлат дастгоҳи идеологие таъсис додан лозим меомад, ки он тамоми сокинони мамлакатро новобаста аз забон ва маҳали зисташон муттаҳид созад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он айёмро ба ёд оварда, 8-уми декабри соли 2023 дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чунин таъкид намуданд:
“Бисту нуҳ сол қабл аз ин, дар замоне, ки кишвар дар вазъи хеле душвор қарор дошт, ҳизбе бояд таъсис дода мешуд, ки рисолаи асосиаш ба даст овардани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати саросарӣ дар Тоҷикистон бошад. Имрӯз метавон гуфт, ки ҳизби мо аз иҷрои ин вазифаи таърихӣ сарбаландона баромад ва ҳоло маҳз ба шарофати неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ давлати мо бомаром рушд карда истодааст ва раванди бунёдкориву ободонӣ пайгирона идома дорад”.
Ҳамагон шоҳидем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар доираи барномаҳои амали худ суботу оромӣ, пешрафту шукуфоӣ, ваҳдату якдилии сокинон ва ояндаи дурахшони Тоҷикистонро ба сифати як кишвари ободу мутараққӣ ва дар арсаи байналмилалӣ обрӯманд ҳадаф қарор дода, онҳоро миёни ҷонибдоронаш тарғибу ташвиқ менамояд. Дар натиҷа, мардум ба ояндаи неки мамлакат хушбин шуда, баҳри пешрафту ободии кишвар бо азми қавӣ ва дилгармӣ даст ба ободкориҳо мезананд.
Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус чунин иброз доштанд: “Ҳизби мо табиатан халқӣ ва демократӣ мебошад ва он маҳсули тафаккури эҷодии халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Мо пойбанди ҳеҷ идеологияи бегона набудем ва нестем. Мо худ идеологияи ин ҳизбро ба вуҷуд овардем. Ба хотири мардуми азиятдидаамон ин ҳизбро таъсис додем”.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои мақсадноки роҳбарияти олии кишвар дар тамоми самтҳои фаъолият ҳамеша ҷидду ҷаҳд намуда, ҷиҳати истифода кардани ҳадафҳои дарпешгузошта саъю талош меварзад. Чунончӣ, дар пешбарии номзадҳо ба вакилӣ, ширкат дар фаъолияти Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тавассути намояндагони худ дар доираи меъёрҳои муқарраршудаи Конститутсия ва қонунгузории амалкунанда барои расидан ба ҳадафҳои хеш саъю талош дорад.
Ин ҳизби воқеан мардумӣ зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ эълон дошта, барои рушду пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад.
Маҳз ифодакунандаи манфиатҳои ҳама қишрҳои ҷомеа будани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки дар зарфи 30 соли фаъолият теъдоди аъзои он дар мамлакат аз 600 000 нафар гузашт.
Дар асоси дастури Пешвои миллат аз соли 2018 инҷониб ҲХДТ сарпарасти маънавии Неругоҳи барқи обии “Роғун” мебошад, зеро неругоҳи мазкур натанҳо иншооти дорои аҳаммияти иқтисодӣ, балки ҳамчун ғояи миллӣ баҳри иттиҳоду ҳамбастагӣ ва муттаҳидии миллат аҳаммияти баландро касб кардааст.
Дар рӯзномаҳои ҳизбӣ пайваста зери рубрикаи “ҲХДТ - сарпарасти маънавии НБО-и “Роғун” дар бораи аҳаммияти бунёди ин иншооти бузурги аср, раванди корҳои сохтмонӣ ва ҷалби сайёҳон ба ин мавзеи нурафзову хушманзара матолиби ҷолибу хонданибоб ба табъ мерасанд.
Бо иштироки шоирону нависандагон, олимон, аҳли фарҳанг ва санъаткорон мунтазам барои кормандони НБО-и “Роғун” чорабиниҳои фарҳангиву маҳфилҳои адабӣ баргузор мегарданд. Ин ҳамоишҳо руҳияи бунёдкорони Неругоҳи “Роғун”-ро баланд бардошта, азму ғайрати онҳоро дучанд мегардонад.
Имрӯз пешрафти ягон соҳаро бе иштироки занону духтарон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ҷумла, шумораи бонувон дар сафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ торафт меафзояд. Алҳол қариб 52 дарсади аъзои ҳизбро бонувон ташкил медиҳанд.
Вобаста ба ин, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намудаанд: “Мо имкон фароҳам овардем, ки занони қавииродаву боҷасорати мо ба арсаи васеи сиёсат ва умури давлатӣ роҳ ёбанд ва дар ободиву пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд. Мо ҳамеша ба ин неруи бузург такя мекунем ва дар ҳама ҳолат ба онҳо имконият фароҳам меорем”.
Тибқи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ташкили Фраксия ва гурӯҳи вакилон алҳол дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон се Фраксия ва як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ амал мекунанд, ки калонтарини онҳо Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Аъзои Фраксияи ҲХДТ дар ҷаласаҳои мунтазами саркумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум фаъолона иштирок намуда, дар таҳриру такмили созишномаҳо, қонунҳо, барномаҳо ва ёддоштҳо саҳм мегузоранд. Онҳо, инчунин, ҳамасола зимни вохӯрию мулоқот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ, фаъолон, собиқадорон, бонувон ва ҷавонон дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонӣ, татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии кишвар ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат маълумот ироа менамоянд.
Пешвои миллат ба тарбияи наврасону ҷавонони мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ин бобат чунин баён доштаанд: “Мо бояд наврасону ҷавонони мамлакатро дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир тарбия намоем, ки онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоиста кору пайкори моро идома бахшида тавонанд”.
Моро лозим аст, ки ҳар як дастуру супоришҳои аз ҷониби Роҳбари муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додашударо сарбаландона иҷро намуда, теъдоди ҳамсафонамонро аз ҳисоби мутахассисони бомаърифат ва ҷавонони ватандӯст зиёд намоем.

Музаффарҷон МАҲМУДЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Фраксияи ҲХДТ



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: