Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АҚЛҲО НИЗ ТАНЗИМ МЕХОҲАНД

АҚЛҲО НИЗ ТАНЗИМ МЕХОҲАНД

21-08-2024, 10:04
Хабарро хонданд: 168 нафар
Назарҳо: 0
                 АҚЛҲО НИЗ ТАНЗИМ МЕХОҲАНД
Иҷрои қонун дар сатҳи маҳал


Масъалаҳое, ки ба ҷомеа, некуаҳволии шаҳрвандон, вазъи иҷтимоии онҳо марбут ҳастанд, аз масоили муҳимме маҳсуб меёбанд, ки ҳалли онҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷа аст.
Пӯшида нест, ки ҷомеаи мо аслан суннатист - ин, аз як тараф, дар замони ҷаҳонишавӣ, ки фарҳангҳоро фурӯ мебарад, хуб аст, аз ҷониби дигар, баъзе ҷанбаҳое, аз қабили сарфу харҷи беҳуда, анъанаҳои бегонаи таҳмилшуда низ дар ҷомеаи мо, мутаассифона, вуҷуд доранд, ки ба некуаҳволии мардум таъсири манфӣ доранд.
Барои решакан кардани унсурҳои ба фарҳанги мо бегона, ҳифзи арзишҳои аслии фарҳангӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти мардуми кишвар санаи 8-уми июни соли 2007 Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуда буд.
24-уми майи соли 2007 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли зиёи мамлакат оид ба зарурати хотима бахшидан ба сарфу хароҷоти зиёдатӣ дар баргузории ҷашну маросим таъкид карда буданд.
Қабули қонуни нав, ки самти иҷтимоиву иқтисодии шаҳрвандонро ба танзим медарорад, ба беҳтар шудани вазъи молиявӣ ва ҳалли масоили хонаводагии мардум мусоидат кард, аммо чун бархе урфу одат ва унсурҳои манфӣ дар баргузор намудани ҷашну маросим миёни аҳолӣ муддати зиёд реша давонида буданд, зарурати вориди тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур дар соли 2017 ва қабули Қонун дар таҳрири нав “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз санаи 20-уми июни соли 2024, таҳти №2048 пеш омад, ки тартиби гузаронидани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.
Доир ба амали ҷонуни мазкур дар сатҳи маҳал суҳбате доштем бо меҳмони идораи ҳафтанома, сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав Фарҳод Камолов:
-Фарҳод Сайфиддинович, лутфан, посух медодед, ки риояи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Ҷамоати деҳоти Чуст, ки Шумо фаъолият доред, чӣ гуна ва дар кадом сатҳ ба роҳ монда шудааст?
-Аввалан миннатдории хешро баён мекунам, ки имкони ибрози андешаҳо дар саҳифаҳои нашрияи бонуфузи “Минбари халқ” муяссар гардид. Фикр мекунам, чунин имконият барои бозгӯ ва равшан сохтани вазъи иҷтимоии мардуми маҳал, риояи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар минтақаҳои аз марказ дур мусоидат мекунад, ки ба манфиати кор аст.
Ҷашну маросими миллӣ таърихи тӯлоние доранд, ки ҷузъе аз фарҳанги бостонии мо, бойигарии мардум маҳсуб меёбанд. Аммо, мутаассифона, тӯли замон онҳо бо унсурҳои бегона, сарфу харҷи миёншикан махлут гардиданд, ки ба некуаҳволии мардум зарбаи ҷонкоҳ мезаданд.
Зарурати ислоҳи чунин вазъи манфӣ, пешгирии омилҳое, ки садди зиндагии шоистаи мардум мешаванд, назди давлат ва Ҳукумати кишвар истода буд ва бо пешниҳоду миёнҷигарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон билохира парлумони кишвар соли 2008 қонуни дахлдор қабул кард, ки баъдан ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд ва соли равон Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав қабул гардид.
Зикр бояд кард, ки ин қонун бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими ҷашну маросим ва баҳри беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва вазъи оилавии шаҳрвандон таҳия шудааст.
Дар он моддаҳои нав доир ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот илова карда шуд.
Дар навбати худ, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар моддаҳои алоҳида мушаххас карда шуда, масъалаи ба ҳисоб гирифтани тӯйи арӯсиву домодӣ ва маросими азодорӣ дар асоси муроҷиатҳои электронии шахсони воқеӣ пешбинӣ карда шуд.
Ҳамчунин, моддаҳои ҷонун вобаста ба талаби замон ва меъёрҳои ҳуқуқӣ такмил дода шуданд, ки аз ҳамаи мо тақозо мекунад дар ин самт фаъолиятро боз ҳам густурдатар ба роҳ монем.
Дар Ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав, ки ман ҳамчун сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросим фаъолият дорам, ҷиҳати риоя ва иҷрои тамоми бандҳои қонун корҳои мушаххас ба субут расонида мешаванд.
-Маълум аст, ки барои амалисозии бандҳои қонун масъулин миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшида, ба намояндагони қишри руҳонӣ ва ашхоси бонуфузу калонсол, ки таъсиргузор ба афкори ҷомеаи деҳот ҳастанд, ҳамкории зичро бояд ба роҳ монанд. Қонун дар таҳрири нав тағйироти куллӣ дар баргузории ҷашну маросим рӯйи кор меорад ва дар ин самт “ҷабҳа”-и фаъолият васеъ хоҳад гардид…
-Дуруст қайд кардед, бо қабул шудани ин санади ҳуқуқӣ дар таҳрири нав дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим масъулияти кормандони соҳаро дар маҳалҳо зиёд карда, талаб мекунад, ки дар ин самт фаъолиятро боз ҳам вусъат бахшем.
Дар ҳудуди ҷамоат 19 маҳаллаи аҳолинишин (деҳа), 1 масҷиди ҷомеъ ва 9 масҷиди панҷвақта ҳастанд, ки бо раисони маҳаллаҳо ва имом-хатибони масоҷид пайваста вохӯриҳои судманд ва дар ҳамкорӣ бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ гузаронида мешаванд. Чуноне қайд кардед, афроди номбаршуда таъсиргузор ба афкори ҷомеа ҳастанд ва онҳо низ дар қатори мо дар ин самт бори масъулиятро ба дӯш доранд.
Зикр бояд кард, ки вазифаи муштараки мо на танҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба даст кашидан аз сарфу харҷи беҳуда дар маъракаҳои хонаводагии барои фарҳанги асили миллии мо бегона аст, балки бурдани корҳои тарғиботӣ миёни ҷавонон дар бораи хавфу хатарҳои муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, пешгирии шомилшавии қишри ҷавони ҷомеа ба ҳаракатҳои террористӣ мебошад. Дар ин самт ҳамкорӣ бо ашхоси номбаршуда аз ҷузъи асосии фаъолияти мо маҳсуб меёбад.
-Дар ҳолати вайрон кардани бандҳои қонун ҷарима дар ҳаҷми гуногун ситонида мешавад. Дар Ҷамоати деҳоти Чуст пас аз қабули санади ҳуқуқӣ дар таҳрири нав чанд қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст?
-Дар Ҷамоати деҳоти Чуст дар семоҳаи охир танҳо 1 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ин ҳодиса чораҷӯӣ карда шуд.
Ҳамчунин, дар ин муддат дар маросими арӯсиву домодӣ ва азодорӣ дар ҳудуди ҷамоат 18 чорво забҳ гардидааст.
Бале, дар сурати вайрон кардани бандҳои қонун шаҳрванд уҳдадор аст, ки ба хазинаи давлат ҷарима супорад. Масалан, барои шаҳрвандоне, ки ба корҳои хусусӣ машғуланд, барои бе иҷозатнома доир кардани тӯйҳои арӯсиву домодӣ ё “Мавлудхонӣ” ҷарима ба андозаи 8640, барои хизматчиёни давлатӣ-25200 сомонӣ, вайрон кардани талаботи гузаронидани тӯйҳои арӯсиву домодӣ шаҳрвандон-15840 сомонӣ ва хизматчиёни давлатӣ-39600 сомонӣ, гузаронидани маросими “Ҳоҷиталбон” шаҳрвандон 21600 сомонӣ ва хизматчиёни давлатӣ 67600 сомонӣ ҷаримабандӣ карда мешаванд, ки қонун муқаррар кардааст.
Бояд гуфт, ки низоми ҷаримабандӣ барои риоя ва иҷрои бандҳои қонун ногузир аст, ки дар оянда метавонад барои решакан кардани унсурҳои бегона дар фарҳанги асили миллии мо мусоидат кунад. Чуноне русҳо мегӯянд, “и кнутом, и пряником можно добиться цели” (“бо кулчақанд ва қамчин метавон ба мақсад расид”), дигар чорае нест, чун баъзан вақт корҳои фаҳмондадиҳӣ дар баъзе ҳолат нисбат ба баъзе афрод метавонад он қадар самаранок набошад.
Бубинед, мақсад аз қабули ҷонуни мазкур ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, пешгирӣ аз таассубу хурофот мебошад.
То қабули қонун тартиби гузаронидани ҷашну маросими мардумӣ муайян набуда, онҳо пурдабдабаву серхароҷот гузаронида мешуданд ва на ҳамаи онҳо бо арзишҳои милливу мазҳабии мо мутобиқат доштанд. Зиёда аз ин, гузаронидани ин ҷашну маъракаҳо номутобиқатӣ ба арзишҳои башарӣ, аз қабили худшиносии миллӣ, инсонпарварӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки маҳсули ҷомеаҳои тамаддунпарвар буданд, ба миён оварда буд.
Бенизомӣ ва харҷу исрофи зиёдатӣ дар гузаронидани ҷашну маросим, аз як тараф, вазъи молиявии шаҳрвандонро касод ва ҳолати руҳии онҳоро хароб намуда, аз тарафи дигар, ҳисси нотавониву бадбиниро дар байни мардум вусъат медод.
Барои гузаронидани маъракаҳои хонаводагӣ мардум маблағҳои зиёдро харҷ намуда, худро зери бори гарони қарз мегузоранд, ки ин ҳолат аксаран боиси касодии буҷаи оилавӣ, носозгорӣ ва ҳатто пошхӯрии оилаҳо мегардад.
Такя бар ин, ҷонун бо роҳи ба танзим даровардани баргузории ҷашну маросим ва манъи хароҷоти зиёдатӣ дар баргузории онҳо молу сарвати шаҳрвандон ва қисман ҳаёту саломатии онҳоро ҳимоя мекунад. Инро шаҳрвандони муҳтарами мо бояд дарк кунанд ва хулосаҳои зарурӣ бароранд.
Зарурати инро дарк намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа оид ба танзими расму ойинҳои миллӣ ва анъанаву маросими динӣ 24-уми майи соли 2007 қайд карда буданд: “То расму ойин ва маросими милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳит камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем”.
-Ҳамкории шумо бо дигар мақомоти давлатӣ дар кадом сатҳ ба роҳ монда шудааст ва метавон гуфт, ки дар самти ҳалли мушкилот он қаноатбахш ва самаранок аст?
-Бо қаноатмандӣ зикр бояд кард, ки ҳамкории мо бо тамоми мақомоти давлатии маҳал хуб ба роҳ монда шудааст ва натиҷаҳои дилхоҳ ба бор меорад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сарварии раиси ноҳия Абдуҷодир Вализода пайваста бо мо дар иртиботи зич буда, кумаки худро дареғ намедорад ва дар ҳалли мушкилоти самти фаъолияти мо мададгору ёрирасон аст. Ҳамчунин, мақомоти қудратӣ дар корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ пайваста бо мо дар ҳамкории судманд аст. Шаҳрвандони худогоҳ низ дар самти фаъолият паҳлу ба паҳлуи мо истода, ёрии худро мерасонанд.
Бояд гуфт, ки танҳо бо ҳамдастӣ мо метавонем аз уҳдаи иҷрои вазифаҳое, ки давлату Ҳукумати кишвар бар дӯши мо гузоштаанд, бароем ва дар ин самт ман хушбин ҳастам.
Дар анҷом мехостам гӯям, ки танзим на танҳо тавассути иҷрои тамоми бандҳои санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ аст, балки танзим бояд дар афкори мардум, дар ақлҳо бошад, ки миёни хубу бад фарқ гузошта шавад.
-Ташаккур барои суҳбат.
Мусоҳиб Азамат Дӯстов

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: